ҶАВОНОН ВА ИНТИХОБОТ

Имрӯзҳо дар мамлакатамон ба интихоботи депутатҳо ба Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис, шӯроҳои депутатҳои халқии вилоятӣ, ноҳиявӣ ва шаҳрӣ муташаккилона омодагӣ дида мешавад.

Оре, интихоботи соли ҷорӣ дар кишварамон таҳти шиори «Ӯзбекистони нав. Интихоботи нав» гузаронида мешавад. 
Дар вилояти Намангон барои интихобкунандагонро бо навгониҳои интихоботи навбатӣ шинос намудан ҷамъомадҳо, семинар-тренингҳо баргузор мегардад. Ҳоло зиёда аз 50 фоизи интихобкунандагонро ҷавонон ташкил менамоянд. Барои ҳамин ҳам онҳоро бо қонунҳои интихобот шинос намудан вазифаи муҳим ба шумор меравад.
Дар «Маркази ҷавонон»-и шаҳри Намангон форуми «Интихобот – 2019» баргузор гардид. Дар форум ҷавононе, ки дар корхона ва муассисаҳои вилоят меҳнат мекунанд, иштирок намуданд.
– Дар интихоботи соли ҷорӣ 70 ҳазор нафар ҷавонони вилоятамон бори аввал иштирок менамоянд. Бо онҳо бештар корҳои тарғиботиро оиди интихобот ба роҳ мемонем. Дар ҳар як ноҳияи вилоятамон гурӯҳҳои 10 нафарии фаъолон ташкил гардида, онҳо дар тарғиби интихобот фаъолият мебаранд. Мо кӯшиш менамоем ҷавонони вилоят номзадҳоро ҳамаҷониба санҷида, муносибашонро ҳамчун депутат интихоб намоянд, – гуфт раиси Шӯрои вилоятии Иттифоқи ҷавонон Абдулазиз Мӯъминов.
Чунин чорабиниҳо оиди интихобот дар се таълимгоҳи вилоят низ баргузор гардид.

А. МУРОДОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик» дар вилояти Намангон.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: