ҶАВОНОН ВА ИСТЕҲСОЛОТ

Дар вилояти Фарғона беш аз 4 миллион аҳолӣ умр ба сар мебарад.

Дар вилояти Фарғона беш аз 4 миллион аҳолӣ умр ба сар мебарад. Назар ба як қатор вилоятҳои ҷумҳурӣ каммасоҳат ва сераҳолӣ аст. Дар қаламраве, ки аҳолӣ зич аст, мушкилот зиёдтар. Маълум, ки вақтҳои охир паҳншавии коронавирус то андозае «хавфи иқтисоди»-ро тавлид сохт. Яке аз омилҳои асосии раҳоӣ  аз ин хавф – тараққӣ додани истеҳсолот дар ҳама соҳаҳост. Ин ҷост, ки роҳбари давлат аснои боздид аз Фарғона дар моҳи феврали соли равон ин тавр таъкид намуд: «Ба мо лозим аст, ки нуқтаҳои рушди навро созмон диҳем ва барои ин аз кулли имкониятҳо истифода барем».
Вақтҳои охир бобати нақши маҳаллаҳо дар тараққиёти иҷтимоию иқтисодӣ бисёр ҳарф мезананд, ки ин бесабаб нест. Ҳамаи мо дар маҳалла ҳаёт ба сар мебарем, ҷавонон ва бонувоне, ки ба ғамхорӣ ниёз доранд, ҳамчунин. Яке аз вазифаҳои муҳимтарин – ҷалб намудани онҳо ба соҳибкорӣ. Маҳз маҳалла қодир аст бо ташаббуснокӣ касб ва соҳибкориро ёд диҳад. Ин аст дар ҷумҳурӣ гурӯҳи махсуси корӣ бо маҳаллаҳо кор мебарад, аз ҷониби он низоми вертикалии кор дар қисмати маҳаллаҳо таҳия гардидааст. Барои шурӯъ ба соҳибкорӣ маблағ зарур. Бонкҳои тиҷоратӣ вазифадор карда шудаанд дар масъалаи кредит ва мушкилоти молиявӣ таклифоти фаъолони маҳаллаҳоро дастгирӣ намоянд. Мутахассисони малаканок, ки дар бонкҳо фаъолият доранд, акнун таҳти ҳамкорӣ бо фаъолони маҳаллаҳо аҳолиро ба соҳибкорӣ ҷалб менамоянд. Аз ҷумла, ба 1041 маҳаллаи воқеъ дар вилояти Фарғона мутахассисони варзидаи бонкҳо вобаста карда шудаанд.
Дар вилоят саноати кимё, бофандагӣ, чарму пойафзор, сохтмон, электротехника ва ғайра торафт ривоҷ ёфта, дар солҳои 2021-2022 амалӣ гардонидани 949 лоиҳа ба нақша даромадааст, ки 17 триллион сӯм арзиш дорад. Таъсис ёфтани «дафтари лоиҳавӣ» оиди коркарди лоиҳаҳои нави сармоявӣ дар ин самт падидаи хубест.
Захираҳои майдони кишт низ – маҳдуд. Аз ин рӯ лозим аст дашт, чарогоҳу адирҳо азхуд карда шаванд. Ин низ маблағ талаб менамояд. Барои кушодани заминҳои нав ҷамъ 350 миллиард сӯм маблағ ҷудо карда шудааст.
Чун дар дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ дар вилояти Фарғона низ қисми муайяни аҳолиро ҷавонони то 30-сола ташкил менамоянд. Бинобар пандемия ва қатъ ёфтани муҳоҷират ба Русия ва дигар давлатҳо бекорҳо афзуданд. Вазъ водор месозад ба масъалаи офаридани ҷойҳои нави кор эътибор дучанд гардид.
Дар соли равон ба шуғл фаро гирифтани 8 ҳазор ҷавонони бекор, омӯзондани онҳо ба касб ва соҳибкорӣ ба нақша дароварда шудааст. Минтақаҳои саноат ва тиҷорати ҷавонон дар 19 ноҳия ва шаҳрҳои вилоят ташкил ва дар доираи лоиҳаи «Ҷавонон: 1+1» бо онҳо корҳои муташаккилона пеш бурда мешаванд.
То вақтҳои наздик хонаҳои бисёрқабата дар вилоят асосан 4-5 ошёна буданд. Дар маркази маъмурии вилоят иншооти 9-ошёна башумор буд. Ҳоло дар ин ҷо манзилҳои 16-ошёна барпо мегарданд. Дар минтақае, ки аҳолӣ нисбатан зич ҷойгир аст, инро шароит низ тақозо менамояд. Мисолан, як бинои 16-ошёнае, ки 160 оиларо ба манзил таъмин сохтанаш мумкин, ҳамагӣ 11 сотих заминро фаро мегираду халос.
Дар давоми солҳои 2017-2021 дар вилоят 45 бинои бисёрошёнаи зист қомат афрохт, 2011 хонадон ба хонаҳои замонавӣ кӯч бастанд, вале ниёзмандон ба хонаву ҷой ҳанӯз хеле зиёд.
Нафақат дар маркази ноҳия ва шаҳрҳои ҳудуд, балки дар ноҳияҳои дурдасти вилоят низ барои таъмини аҳолӣ бо хонаву ҷой чорабиниҳо андешида ва манзилҳои бисёрошёна бунёд меёбанд. Аз ҷумла, дар ноҳияи камзамини Сӯх низ сохтмони манзилҳои бисёрқабата дар авҷ. Сохтмон масъалаи таъмин бо шуғлро низ то дараҷае ҳал мекунад. Асосан ҷавонон фаро гирифта шудаанд ба корҳои бунёдгарона. Навкорон дар ҷараёни фаъолият технологияи сохтмонро меомӯзанд, таҷриба пайдо менамоянд.
Баъди маркази маъмурии вилоят дувумин шаҳри калон дар ҳудуд Қӯқанд аст, ки торафт ободу зебо мешавад. Моҳи ноябри соли 2020 ба ин ҷо намояндагии яке аз ширкатҳои бонуфузи Куриёи Ҷанубӣ ташриф овард. Бозори дохилии хонаву ҷойро амиқ омӯхт. Қарордод бобати аз ҷониби ин ширкат барпо карда шудани «City»-и нав дар Қӯқанд ба имзо расид. «Q`oqon-city» 34 гектар майдонро фаро гирифтааст. Умед аст бо бунёди шаҳрак Қӯқанди бостон шукӯҳ ва шаҳомати тозаи замонавӣ касб менамояд.
Маълум, ки бо мақсади боз ҳам ривоҷ додани иҷтимоиёту иқтисодиёт, ҷалб кардани сармояи дохилию хориҷӣ, ҷорӣ сохтани технологияи истиқболнок ва таҷрибаҳои идоракунӣ дар як қатор ҳудудҳо минтақаҳои озоди иқтисодӣ ташкил гардидаанд, ки яке аз онҳо дар Қӯқанд воқест.
МОИ-Қӯқанд 709 гектар майдонро фаро гирифта, якчанд лоиҳаи истиқболнок дар доираи фаъолияти он ба амал бароварда мешаванд. Иқтидори истеҳсолии 6 корхонаи кимё ва нафт, 14 сохтмон, 4 коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва озуқаворӣ, 12 саноати сабук, 7 пойафзори чармӣ, 3 электрониктикӣ, 4 дорусозӣ ва ҳоказо дар ин ҷо намоён мегардад. Дар маҷмӯъ ба шуғл фаро гирифта шудани 6 ҳазор нафар коргарон ба нақша дароварда шудааст.
Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Шаффоф метан саноати» ба истеҳсоли баллонҳои метании фишурдашуда махсусонида шуда бошад, ҶММ «Адмирал-групп» маҳсулоти хушсифати орд мебарорад, ба орд низ, ки ин ҷо истеҳсол мегардад, талабот калон.
Қӯқанд аз қадим шаҳри ҳунармандон мебошад. Кафш ва маҳсиҳое, ки ин ҷо омода шудаанд, ҳанӯз дар асрҳои миёна харидоргир буданд. Имрӯзҳо ҶММ «Камтар бегойим» пойафзорҳои хушсифат ва бабардошти замонавӣ истеҳсол менамояд. Ҷамъиятҳои истеҳсолие, ки зикр шуданд, аз корхонаҳои пешбари МОИ-и Қӯқанд ҳисоб меёбанд.
Дар МОИ ба масъалаи тарбияи кадрҳои ҷавон, такмил додани маҳорати касбии онҳо аҳамияти алоҳида дода мешавад. Дар мактабҳои касбию ҳунарӣ таҳти шиори «Аз таълим – ба истеҳсолот» чорабиниҳо рӯи кор омада, ҳунарҷӯён таҳти амалиёт ва таҷрибаомӯзӣ дар корхонаҳои истеҳсолӣ донишҳои андӯхтаашонро дар амал татбиқ менамоянд. Чунончи, ҳунарҷӯёни мактаби касбии рақами дувуми ноҳияи Учкӯпрук ба МОИ-Қӯқанд сафарбар ва дар корхонаҳои замонавӣ бо дастгоҳҳои асрӣ чӣ тавр муносибат карданро омӯхтанд. Бачаи дирӯзаи деҳотӣ имрӯз қодир аст технологияи мураккаби замонавиро таҳти назорати устодон идора намояд. Ба зудӣ вай ба фаъолияти мустақилона шурӯъ хоҳад намуд. Ин низ муҳим, ки ҷавонони таҷрибаомӯз бо маоши хуб таъмин мегарданд, онҳое, ки боварии устодонро сафед карданд, рағбатонида мешаванд. Баробари татбиқи амалии худ ёфтани лоиҳаи «Ҷавонон: 1+1» шиори «Ба 1 соҳибкор – 1 ҷавон» амал менамояд. Умуман, дар вилояти Фарғона масъалаи ба касб ҷалбнамоии хатмкардаҳои синфҳои IX мавриди эътибор буда, алҳол 9 ҳазор нафар наврасон дар мактабҳои касбию ҳунарӣ асрори 37 касб ва ҳунарро меомӯзанд. Дар 14 корхонаи истеҳсолӣ амалиёт мегузаронанд. Мактаби касбӣ-ҳунарии рақами 1-уми ноҳияи Данғара ба корхонаи кабелҳои барқӣ воқеъ дар деҳаи Вомиш вобаста гардонда шудааст. Ҳунарҷӯён саъй доранд дар ташкил намудани минтақаҳои хурди иқтисодӣ, ки дар онҳо мутаҳаррики асосӣ ҳамсолонашон мебошанд, ҳисса гузоранд. Барқарории анъанаи мактаби «устод-шогирд» меваи худро мебахшад. Бо ҳаракати шогирдони мактабҳои касбу ҳунар саноат ба деҳот ворид ва тараққиёт васеътар доман паҳн мекунад.

М. ШОДИЕВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: