Ба қарибӣ дар қасри маданияти шаҳри Чирчиқ дар мавзӯи “Механизми замонавии ташкили кори намунавии пешвоёни ҷавонони ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаҳо” семинар баргузор гардид.
Ба он иштирокдорони зиёд ҷалб карда шуда буданд.
Аз ҷумла, дар он ҳокими шаҳри Чирчиқ, раҳбарони секторҳо, омӯзгор-профессорони Донишгоҳи тарбияи ҷисмонӣ ва Донишкадаи омӯзгории Чирчиқ, раисону фаъолон ва пешвоёни ҷавонони назди маҳаллаҳо иштирок намуданд.
Ҳокими шаҳр Даврон Ҳидоятов таъкид намуд, ки дар шаҳри Чирчиқ 44 маҳалла вуҷуд дошта, дар назди ҳар яки он бахши кори пешвоёни ҷавонон амал мекунад. Пешвоён барои ҳал кардани муаммоҳои пешгирии ҷинояткориҳо аз тарафи ҷавонони бекор ва бедор кардани завқи онҳо нисбат ба касбу кори гуногун ва пеш аз ҳама ҷалб кардани онҳо ба соҳибкорӣ масъуланд.
Муовини ректори Донишкадаи омӯзгорӣ Баҳодур Ҳусанов дар корҳои ташкилии аз ҷониби ҳоким пешниҳодшуда масъул будани пешвоёни ҷавононро бори дигар таъкид намуд ва илова кард, ки ба ҳамкории онҳо мудирони 24 кафедраи Донишгоҳи тарбияи ҷисмонӣ ва 35 нафар аз кафедраҳои Донишкадаи омӯзгорӣ вобаста карда шудаанд. Гузашта аз ин, омӯзгорон барои кор бо ҷавонон дар маҳаллаҳо ҷалб карда мешаванд.
Ҳикмат СУЛТОНЗОДА,
вилояти ТОШКАНД.