Таҷриба нишон медиҳад, ки ҳар чизи фоиданок зарар ҳам доштааст.
Таҷриба нишон медиҳад, ки ҳар чизи фоиданок зарар ҳам доштааст. Мисол, дар рӯ ба рӯйи телевизор бисёр нишастан ва аз чароғи барқӣ зиёд баҳра бурдан чашмро хира месозад. Вале кас ба воситаи телевизор аз хабарҳои навтарини ҷаҳон огоҳ мегардад, аз консерт ё филми хубе баҳра мебардорад, дар зери нури чароғи барқӣ бисёр корҳо ба субут мерасанд: шоире шеър менависад, нависандае ба ҳикояаш нуқта мегузорад, аз китоби хубе ғизои маънавӣ мегирад.
Доруҳои кимёвӣ зарарноканд, вале онҳо дарахтони мевадор ва полизҳоро аз ҳашароти зараррасон ҳимоя мекунанд. Як вақтҳо дар рӯзномаҳо оиди зарари доруҳои кимёвие, ки чанд даҳсола пеш ба мақсади хушконидани барги пахта ва рӯёндани ҳосили баланд пошида мешуданд, дар матбуот бисёр навиштанд. Аммо он доруҳо ҳашаротеро, ки ба хоҷагии қишлоқ зарари калон мерасонанд, нест мекарданд. Ҳоло дар бораи зарари компутер, телефони мобилӣ ва дигар воситаҳои электронӣ ба чашм ва мағзи сари одам, хусусан, ба хурдсолону наврасон бисёр менависанд. Мутахассисони соҳа ин гуфтаҳоро тасдиқ мекунанд. Вале, агар аз компутер ва торнамоҳои интернет бо меъёр истифода бурда шавад, фоидааш кам нест.
Солҳои ҳафтодуми асри гузашта, ки ба солҳои ҷавонии мо рост меояд, воситаҳои электронӣ он қадар ривоҷ наёфта буд. Бисёртар аз телевизор, радио ва рӯзномаву китобҳо истифода мебурдем. Қувваи барқ ба деҳаҳои дурдаст гоҳ мерафту гоҳ не. Шабҳо дар партави чароғи керосинӣ дарс тайёр мекардем, китоб мехондем, дӯхту дӯз мекардем. Аммо аз дарди чашму сар наменолидем. Ҳоло аксарияти ҷавонон дар чашм айнак доранд. Ба фикрам, ин аз меъёр зиёд истифода бурдани воситаҳои электронӣ мебошад. Телефонҳои мобилӣ ҳоло ба воситаи ахбор ва мулоқот табдил ёфтаанд, ба воситаи онҳо аз масофаҳои дур истода кореро анҷом медиҳанд, ё кормандро ба кор даъват мекунанд...
– Мо, агар хоҳем, ба воситаи интернет бо ҷаҳон пайваст мешавем. Торнамоҳои он пур аз китобҳои электронианд. Бояд наврасону ҷавонон ба китобҳои электронии адибони бузурги ҷаҳон ҷалб карда шаванд. Асарҳои адибони классик ва муосирро низ аз интернет пайдо кардан мумкин аст. Ҳатто духтарони ҷавон ба воситаи шабакаҳои интернет усули пухтупази хӯроку хуришҳои гуногун ва дӯхтудӯзро ҳам метавонанд ёд гиранд. Ногуфта намонад, давраи карантин нишон дод, ки омӯзгорон ва хонандагон ба таълими фосилавӣ эҳтиёҷ доранд, – мегӯяд омӯзгори тоифаи олии мактаби таълими ҳамагонии рақами 14-уми ноҳияи Фориши вилояти Ҷиззах Қандиёр Саидов. – Таассуф, ки на ҳамаи хонандагони мактабҳои деҳот тавассути компутер имкони бо интернет пайваст шуданро доранд. Гоҳо мо мебинем, ки роҳбари давлатамон бо роҳбарони вилоятҳо мулоқоти судманди масофавӣ барпо менамоянд. Ин аз имкониятҳои васеи воситаҳои электронӣ дарак медиҳад. Роҳбари давлат соли ҷориро Соли рушди илму маърифат ва иқтисодиёти рақамӣ номгузорӣ карданд. Давр тақозо дорад, ки ҷавонон бояд таҷрибаи корбарӣ бо воситаҳои электрониро дошта бошанд. Онҳо ба мақсади бой кардани дунёи маънавиашон бояд бошуурона ба шабакаҳои интернет даромада тавонанд.
Дуруст мегӯяд муаллим. Ҷавонони мо бояд ҳамқадами замон бошанд, дар истифода аз воситаҳои электронӣ зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд.
С. БЕКНАЗАРОВА,
хабарнигори «Овози тоҷик».