ҶАВОНОН ҲАМЕША ДАР МАДДИ НАЗАР

Нутқи дар маросими мутантани бахшида ба бисту нӯҳумин солгарди истиқлолияти Ҷумҳурии Ӯзбекистон эроднамудаи Президентро, дар қатори дигар ҳамватанон, мо ҷавонон низ бо камоли майл шунидем.

Нутқи дар маросими мутантани бахшида ба бисту нӯҳумин солгарди истиқлолияти Ҷумҳурии Ӯзбекистон эроднамудаи Президентро, дар қатори дигар ҳамватанон, мо ҷавонон низ бо камоли майл шунидем.
Роҳбари давлатамон вақте дар бораи ислоҳоте, ки чанд соли охир ба таълим гирифтани ҷавонон нигаронида шуда буданд, сухан меронд, таъкид намуд, ки ҳамаи ин қабл аз ҳама аз орзую умед ва боварии насли ҷавоне дарак медиҳад, ки ба оянда бо қадамҳои устувор пеш меравад.
Бояд қайд намуд, ки ташкил дода шудани Парлумони ҷавонон дар назди Сенати Олий Маҷлис далели рӯшани татбиқи ин ислоҳот ва эътибор ба ҷавонон мебошад. Эътироф намудан лозим аст, ки баҳри пурра ба рӯйи об баровардани тавону салиқа, саъйу кӯшиши неку наҷиби ҳар як ҷавон, афзудан ба фаъолияти иҷтимоӣ ва дар ҷамъият ҷойгоҳи сазовори худро пайдо кардани онҳо шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Бояд алоҳида таъкид намуд, ки Парлумони ҷавонон иҷрои вазифаҳоеро, ба мисли ҳифзи манфиатҳои ҷавонон, ба минбари парлумон баровардани мушкилоти онҳо, таъмини иштироки ҷавонон дар қонунгузорӣ, омода кардани аъзои Сенат ва сиёсатмадорони оянда, сафарбар намудани онҳо ба мақсадҳои бузург ва лоиҳаҳои дақиқ дар пеши худ мақсад гузоштааст. Аз байни депутатҳои то 30-солаи Парлумони ҷавонони Шӯрои маҳаллии депутатҳои халқии вилояти Навоӣ интихоби 6 нафар аъзо низ, ки ба ин кори пуршараф ва масъул сазовор дониста шудаанд, ба мо ғайрату шуҷоат мебахшад ва водор месозад, ки сари ҳаллу фасли мушкилоти ҷавонон бештар биандешем.
Моҳи августи соли равон доир ба масъалаҳои муҳими ҳифзи ҳуқуқи ҷавонон дар Самарқанд веб-форум баргузор шуд. Аҳамияти форум дар он аст, ки он ба тақвияти ҳамкории глобалии беҳсозии ҳаёти ҷавонони мамлакату дунё нигаронида шуда буд. Ин аз он далолат медиҳад, ки ҳар як фарзанди Ӯзбекистон садои худ ва тавассути минбарҳои ҷаҳон сухани гуфтанӣ дорад.
Зеро тавре ки Президент таъкид намудааст: «Дар замоне, ки нерӯи бузурги халқамон ҷӯш мезанад, дар Ӯзбекистон ба эҳёи нав — давраи Ренессанси сеюм асос гузошта мешавад». Пас, вазифаи асосии мо ҷавонон иборат аз он аст, ки бояд бо истифода аз ин имконият барои дар сафи кишварҳои рушдёфтаи ҷаҳон ҷойгоҳи худро пайдо кардани Ӯзбекистон саҳм гузорем. Бешубҳа, мо — аъзои Парлумони ҷавонон дар роҳи ҳифзи манфиатҳои ҳамсолони худ бо ғайрати дучанд меҳнат мекунем. Дар роҳи равнақи Ватан, ободиву фаровонии кишвар қадамҳои устувор гузошта, сазовори боварӣ хоҳем шуд.

Беҳзод САВУРОВ,
узви Парлумони ҷавонони назди Сенати Олий Маҷлис. (ӮзА).   

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: