ҶАВОНОНЕ, КИ ТАЪЛИМОТИ ИМОМ БУХОРИРО ОМӮХТААНД, БА РОҲИ БАД НАМЕРАВАНД

Яке аз ҳамзамонони Имом Бухорӣ Яҳё ибни Ҷаъфар мегӯяд: «Агар қудрат медоштам, умри Муҳаммад ибни Исмоили Бухориро зиёда мекардам.

Яке аз ҳамзамонони Имом Бухорӣ Яҳё ибни Ҷаъфар мегӯяд: «Агар қудрат медоштам, умри Муҳаммад ибни Исмоили Бухориро зиёда мекардам. Зеро фавти ман марги як нафар аст, фавти Муҳаммад ибни Исмоил бошад, даргузашти илм маҳсуб мегардад». Мӯсо ибни Ҳорун Ҳаммол бошад, гуфтааст: «Фикр мекунам, агар кулли аҳли ислом хоҳанд, ки боз як шахси ҳаммонанди Муҳаммад ибни Исмоилро офаранд, аз ӯҳдаи ин кор баромада наметавонанд».
Воқеан, ниёи мо Имом Бухорӣ раҳматуллоҳи алайҳ  аз ҷониби олами ислом ҳамчун «Амиралмӯъминин фил ҳадис» – «дар илми ҳадис амири мӯъминон», «Шайхул ислом», «устоди мусалмонон» шинохта шудааст. Ҳамаи ин беҳуда нест. Агар гӯем, ки барои ба ин поя расидани ниёи мо тақвои ин зоти шариф, парҳезкорӣ ва амонатгузорӣ барин фазилатҳояш, саҳми бузургу беқиёсаш ба илми ҳадис сабаб шудаанд, муболиға намешавад.
Аллоҳи таъоло дар каломи худ чунин марҳамат кардааст:
«Оллоҳ аз шумо ононеро, ки имон овардаанд ва илм ато кардаанд, ба мартабаи бузург мебардорад» (Сураи Муҷодала, ояти 11).
Аллоҳи таъоло дар ин дунё номи Имом Бухориро, ки пешоҳанги замони худ дар илм, зуҳд ва тақво будааст, мукаррам кардааст. Ҳадисҳое, ки Имом Бухорӣ ҷамъ овардааст, ба инсон хислатҳои интихоби роҳи дуруст, ба ҷо овардани эҳтироми падару модар, ҳалолкорӣ, кушодадилӣ, накӯкорӣ ва ба фармудаҳои Худованд итоаткориро талқин мекунанд.
Бо назардошти ҳамаи ин ва ташаббуси Сарвари давлатамон барои дар кишвари мо омӯхтани мероси илмии Имом Бухорӣ корҳои зиёде амалӣ мешаванд. Аз ҷумла, Мактаби илми ҳадис, Маркази байналхалқии илмиву тадқиқотии Имом Бухорӣ ва дар Ӯзбекистон Маркази тамаддуни ислом бунёд гардиданд. Инак, аз як ҷониб бо назардошти хидматҳои Имом Бухорӣ маҷмӯаи ёдгории махсус, аз ҷониби дувум барои зоирон маскане, ки дорои тамоми шароитҳо мебошанд, бунёд карда мешаванд.
Президенти кишвар ҳангоми ташрифаш ба вилояти Самарқанд аз Маҷмӯаи ёдгории Имом Бухорӣ боздид кард. Роҳбари давлат бо лоиҳаи наве, ки сазовори саҳми беқиёси ниёи бузурги мо ва шуҳрати ба худ хосу арзандаи ӯст, шинос гардид. Фикру ақидаи пирон, уламо, депутатҳои ноҳия ва шаҳр, намояндагони ҷамъиятеро, ки дар чорабинӣ ҳузур доштанд, шунид ва оғоз ёфтани сохтмони маҷмӯаи навро эълон кард.
Дар маҷмӯаи нави ёдгорӣ барои зоирони миллӣ ва хориҷие, ки сафашон торафт меафзояд, тамоми шароитҳо фароҳам оварда мешаванд. Танҳо саҳни дохилии масҷиде, ки ба таркиби маҷмӯа дохил мешавад, беш аз ду ҳазор метри мукааб мебошад. Дар масҷид ва саҳнаҳои атрофи он дар як вақт чандин ҳазор мусулмонон метавонанд намоз гузоранд. Шароити зиёрати қабри Ҳазрат Имом Бухорӣ низ беҳтар мегардад.
Ҳамчун нишони эҳтироми халқи мо ва ҷомеаи ҷаҳон бо изни Оллоҳ ва хоҳишу иродаи халқамон ба хотираи ин инсони бузург оғоз ёфтани сохтмони маҷмӯа дар рӯзҳои моҳи мубораки Рамазон ба мо умед мебахшад, ки ин корҳои некро Офаридгор дастгирӣ мекунад.
Дар оғози чорабинӣ Шавкат Мирзиёев мӯъмину мусулмонон, кулли мардуми Ӯзбекистонро бо моҳи шарифи Рамазон муборакбод карда, изҳор дошт: «Моҳи рамазон айёми муқаддасест, ки ниятҳои нек иҷобат мешаванд. Дар ин моҳ ибтидо гирифтани сохтмони ин маҷмӯа умедворем, ки кори хайр мешавад, бахосият мегардад ва ба қалбҳоямон таскин мебахшад. Мақсад аз амалҳое, ки дар ин соҳа ба ҷо меоварем, ифодаи эҳтироми мо нисбат ба ниёгони алломаамон мебошад. Барои мо сазовори гузаштагони худ будан вазифаи хеле бузург аст», – гуфт Президент.
Зикр гардид, ки соли 2020-ум бинобар пандемия зарур омад амалҳои диниро дар моҳи Рамазон дар хонаҳои худ иҷро кунем. Имсол бошад, масҷидҳоямон бозанд, мӯъмину мусалмонҳо бо қатъиян риоя кардан ба қоидаҳои карантин ибодатҳои худро адо менамоянд.
«Чаҳор соли ҷустуҷӯ, навсозӣ ва имтиҳонҳоро паси сар кардем, соҳиби таҷрибаи бузург шудем. Корҳои мо, ки барои ба ҳаёти худ розӣ кардани халқамон нигаронида шудаанд, минбаъд низ идома меёбанд. Ғояҳои олиҷаноби моҳи Рамазон, амалҳои муқаддаси он ҳам барои ба амал татбиқ гардидани ин мақсадҳои неки мо заминаи мустаҳкам мегарданд», – гуфт Сарвари давлат.
Бо мақсади ба роҳ мондан ва мустаҳкам кардани ҳамкориҳои диниву маърифатии байни давлатҳои Осиёи Марказӣ – Ӯзбекистон, Тоҷикистон, ҳамчунин Афғонистон 15 марти соли 2021-ум дар шаҳри Самарқанд дар мавзӯи ҷиҳатҳои ба худ хоси мероси Имом Бухорӣ конфронси байналхалқӣ баргузор шуда буд.
Вазири иршод, ҳаҷ ва вақфи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Қосим Ҳалимӣ, ки дар ин анҷумани байналхалқӣ ба сухан баромад, зикр кард: «Ӯзбекистон кишварест, ки ҳар як мусалмони сайёра ба зиёрати ин диёри муборак саъй мекунад. Мо мақбараи Имом Бухории раҳматуллоҳи алайҳро зиёрат кардем. Моро корҳои азими ободонӣ, ки дар ин ҷойи муқаддас амалӣ мешаванд ва ба беш аз пеш обод кардани  он нигаронида шудаанд, бағоят хушнуд сохтанд. Ҳамаи ин корҳои нек барои амалӣ гардидани орзуву умедҳои ҷаноби Президент Шавкат Мирзиёев, ки баҳри беш аз пеш обод кардани кишвар, фаровон сохтани ҳаёти халқ, тарбия намудани авлоди дорои дониш ва салоҳияти баланд, ватанпарвар, садоқатманди қадриятҳои миллӣ нигаронида шудаанд, хидмат мекунанд. Ӯзбекистон боз ба маркази илму фан табдил меёбад».
Шавкат Мирзиёев корҳоеро, ки дар маҷмӯа амалӣ мешаванд, аз назар гузаронид. Дар ин ҷо масҷиди калон, чаҳор минораи мутаносиб, айвонҳои баланд, хиёбонҳо барпо мешаванд. Барои ба зоирони бешумор фароҳам овардани имкониятҳои замонавӣ 7 меҳмонхона, 3 адад қароргоҳи автомобилҳо ва истгоҳи автобусҳо, фурӯшгоҳи бузург, бозор бунёд меёбанд. Ҳамчунин пешбинӣ шудааст, ки ошхонаҳо, растаҳои ашёи ҳунармандӣ, ҳаммом, таҳоратхона, кушишхона сохта шаванд.

Зайниддин ЭШОНҚУЛОВ,
саримом-хатиби вилояти Самарқанд.
ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: