ҶАВОНОНИ БОСАЛОҲИЯТ ВА БОИҚТИДОР – ТАКЯГОҲИ ДИЁР

30 июн – ба муносибати Рӯзи ҷавонон дар вилояти Тошканд чорабиниҳои гуногуни маънавиву маърифатӣ, мусобиқоти варзишӣ барои ҷавонон рӯйдодҳои хотирнишин гардид.

Ба ин муносибат дар шаҳри Нурафшон аз субҳи содиқ ба масофаи 6 километр 1500 нафар ҷавонон ба пойга пардохтанд. Ин мусобиқа ба маросими ба истифода супурдани бинои «Ёшлар маркази»-и вилоят пайванд гардид.
Қимати умумии лоиҳа 22 миллиард сӯм буда, дар бинои мазкури муҳташам барои дониш андӯхтани ҷавонон, сермазмун гузарондани вақти холӣ тамоми шароит ба вуҷуд оварда шудааст. Дар марказ барои омӯзиши забонҳои англисӣ, куриёӣ, маҳфилҳои компутерӣ, саводи тиҷорат, равоншиносӣ, санъати тасвирӣ ва амалӣ, мусиқа, пазандагӣ, бофандагӣ ва шоҳмот ташкил гардида, онҳо бо ҷиҳозҳои ногузир таъмин карда шудааст.
Дар «Ёшлар маркази» ба ин муносибат чорабинии маънавиву маърифатӣ барпо гардид.
Дар он мушовири Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Хайриддин Султонов, муовини якуми мушовири Президент Қаҳрамон Қуронбоев, муовини мушовири Президент Фарҳод Маҳмудов, раиси Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон Сироҷиддин Саййид, шоиру нависандагон, намояндагони ташкилотҳои давлативу ҷамъиятӣ, ҷавонон иштирок намуданд.
Дар оғози чорабинӣ ба шоира Зулола Шомуродова туҳфаи Президент супурда шуд.
Зулола дар мактаби таълими ҳамагонии 35-уми ноҳияи Зангиатои вилояти Тошканд, дар синфи панҷум таҳсил менамояд. Соли 2017 нахустин китоби ӯ бо номи «Онажонимга совға» аз чоп баромад. Шоира ғолиби марҳилаҳои ноҳиявӣ ва вилоятии «Ситораҳои рангинкамон» мебошад. Ба марҳалаи вилоятии озмун-азназаргузаронии «Китобхони ҷавон» роҳхат гирифтааст.
Зулола ба қарибӣ нахустин китоби шеърӣ ва шеъри нави худро бо номи «Жаннат юртим султони» ба Президент фиристода буд. Пас аз чанде ба Зулола Шомуродова аз роҳбари давлат мактуби ҷавобӣ омад.
Дар ҳамоиш мушовири Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Хайриддин Султонов мактуби мазкурро қироат кард. Дар мактуби Президент ба шоираи ҷавон чунин ҷумлаҳо ҳастанд: 
«Дар қалби кӯчакат мавҷ задани ҳисси садоқату муҳаббати беҳад ба ҳамин диёр ва ватанпарварии ҳақиқиро эҳсос намуда, хеле мамнун гардидам.
Фарзандонамон, ки дар роҳи сазовори боварии Ватан-модар гардидан, барои мардум хизмат намудан ҳамеша омода буданро мақсади олии худ қарор дода, ба воя мерасанд, дар ин роҳ дар ҷустуҷӯи беист, бо таълиму таҳсил, дар ҳар ҷанба ба ҳамсиннони худ намуна мегарданд, мояи ифтихори халқамон мебошанд.
Бахти ҳазорон фарзандони худро, мисли ту, бахти худ мешуморам».
Ин собит менамояд, ки дар мамлакат ҳар як инсон, ҳар як муроҷиат дар мавриди эътибор аст. Мактуби Президент ба духтарак, аъзои оилаи ӯ як олам хурсандӣ бахшид.
Падари Зулола Музаффар Раҳимов бо ҳунармандӣ машғул аст, модараш Лобар Қӯчқорова кадбону.
– Се нафар фарзанд дорам, – мегӯяд модари Зулола Лобар Қӯчқорова. – Вақте ки китоби духтарам Зулоларо ба Президент мефиристодем, мо интизор набудем, ки ба муроҷиати як нафар толибаи мактаби оддӣ аз ҷониби роҳбари давлат чунин эътибор дода мешавад. Мактуби Президенти муҳтарам қалби ҳамаи моро хеле шод намуда, сарамон ба осмон расид. Ин барои оилаамон мактуби аз ҳама боқадр хоҳад гардид. Мактуб ва туҳфаҳои роҳбари давлат, дигар бачаҳоро низ дар оянда барои аз таҳти дил таълим гирифтан рӯҳбаланд месозад.
Таъкид гардид, ки ҷавонон ба сифати бунёдкорони ояндаи мамлакат, барои дониши амиқ гирифтан, аз ҳар ҷиҳат чун насли солим ба воя расидани онҳо шароити муносиб фароҳам овардан яке аз самтҳои устувори сиёсати давлат ба шумор меравад. Дар ин бобат дар доираи панҷ ташаббусе, ки аз ҷониби Президент пешбарӣ гаштааст, корҳои бунёдкоронаи бузурге, ки дар деҳот ба амал меоянд, барои ташкил намудани фароғати муфиди ҷавонон, ба вуҷуд овардани шароити ногузир барои мутолиа, шуғли мунтазам бо варзиш заминаи мусоид ба вуҷуд оварда шудааст.
Дар доираи чорабинии тантанавӣ иҷрокунандаи вазифаи ҳокими вилояти Тошканд Рустам Холматов бо ҷавонон мулоқот намуд. Муроҷиат ва пешниҳодоти онҳоро шунид. Мулоқоти «Ҳоким ва ҷавонон» ба маросими тақдими мукофоти давлатии «Мард ӯғлон» пайванд гардид. Рустам Холматов ба ду нафар ҷавони вилоят, ки ба мукофоти «Мард ӯғлон» сазовор шудаанд – донишҷӯи соли панҷуми Донишкадаи тиббиёти педиатрияи Тошканд Беҳзодбек Болтаев, донишҷӯи соли чоруми Донишгоҳи давлатии тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Ӯзбекистон Шаҳбоз Холмурзоев мукофоти мазкурро супурд.
Ба муносибати Рӯзи ҷавонон дар тамоми ноҳия ва шаҳрҳои вилоят чорабиниҳои гуногуни маънавиву маърифатӣ ва мусобиқоти варзишӣ баргузор гардиданд.

А. ХУДОЙҚУЛОВ,
хабарнигори ӮзА. 

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: