Тӯли чанд соли охир аз ҷониби Президент доир ба куллан такмил додани низоми таълим қарору фармонҳои созанда ба тасвиб расиданд.
Фармону қарорҳо “Дар бораи чорабиниҳо доир ба куллан такмил додани идораи низоми таълими томактабӣ”, аз 30 сентябри соли 2017, “Дар бораи такмил додани тартиби гузарондани озмоишҳои дохилшавии тест ба бакалавриати муассисаҳои таълими олии ҷумҳурӣ”, аз 16 ноябри соли 2016, “Дар бораи чорабиниҳои иловагӣ доир ба баланд бардоштани сифати таълим дар муассисаҳои таълими олӣ ва таъмини иштироки фаъоли онҳо дар ислоҳоти васеъмиқёсе, ки дар мамлакат тадбиқ мешаванд”, аз 5 июни соли 2018, “Дар бораи чорабиниҳои иловагӣ доир ба такмил додани низоми таълими касбӣ”, аз 6 сентябри соли 2019, “Дар бораи тасдиқ намудани консепсияи рушди низоми таълими халқи Ҷумҳурии Ӯзбекистон то соли 2030”, аз 29 апрели соли 2019 ва ғайра ба куллан тағйир ёфтани низоми таълим дар кишварамон хидмат мекунанд.
Суханони роҳбари давлат “Ӯзбекистони Нав аз остонаи мактаб, аз низоми таълиму тарбия шурӯъ мешавад” ба ҳар як омӯзгори мактаби олӣ ва миёна бояд дастурамали муҳим гардад.
– Соли 2004 дар деҳаи Эҷи ноҳияи Нуратои вилояти Навоӣ дар оилаи деҳқони оддӣ дида ба дунё кушодам. Падарам ба боғдорию чорвопарварӣ машғул аст, модарам хонанишин мебошад. Дар мактаби миёнаи рақами 43-юми деҳа аз омӯзгорони ботаҷрибаю фидоии касби худ – Э. Рӯзиев, Н. Солиҳов, Ҳ. Муродов, С. Муродов, Н. Тӯев, Х. Бердиев, Х. Нурназарова ва дигарон таълиму тарбия гирифтам. Маълум аст, ки солҳои охир дар курсҳои тайёрӣ пухта кардани дониши худ барои ҷавонон “урф” шудааст. Деҳаи мо аз маркази шаҳру ноҳия хеле дур. Худи ман имкони ба шаҳр рафта дар курсҳои тайёрӣ хонданро надоштам. Аз ин боис, ҳаракат кардам, ки аз омӯзгори фан дониши пухтаву амиқ гирам. Заҳматҳоям зоеъ нарафтанд, баъди хатми мактаби миёна ҳуҷҷатҳоямро ба гурӯҳи тоҷикии таълими томактабии Донишкадаи омӯзгории назди Донишгоҳи Ӯзбекистон-Финландия супоридам. Бахтам омад кард, дар асоси гранти давлатӣ дохил шудам. Модарам аз ин муваффақияти ман ашки шодӣ рехт, – мегӯяд Лаззат Хидирова. – Аввало ба омӯзгорони азизам, ба роҳбари давлатамон аз номи ҳамсолонам ташаккур мегӯям.
– Оре, Лаззат дуруст мегӯяд. Буданд ҳамсолонамон, ки ба пулу моли волидонашон такя намуда, аз “репетитор” сабақ гирифтанд. Ман ҳам дар оилаи коргари оддӣ ба воя расидам. Барои дар курсҳои тайёрӣ иштирок кардан шароит надоштам. Дониши аз муаллимони ботаҷрибаю сахтгир гирифтаам маро ба номи пуршарафи донишҷӯӣ насиб гардонд. Дар асоси гранти давлатӣ ба гурӯҳи забони тоҷикии Донишгоҳи давлатии Бухоро дохил шудам. Роҳбари давлат қариб дар ҳар як маърӯзаи худ таъкид менамояд, ки занону духтаронро бештар ба таълим, ба корҳои давлатӣ бояд ҷалб намоем. Инчунин, барои таҳсили мо-донишҷӯён як қатор имтиёзҳо фароҳам оварда шудааст. Мо бояд ҷавобан ба ин ғамхориҳо фарзанди муносиби падару модар, Президент ва халқу Ватан бошем,– мегӯяд хатмкардаи мактаби номбурда Париноз Зайнуллоева.
С. БЕКНАЗАРОВА,
хабарнигори
“Овози тоҷик”.