ҶАВОНОНИ ҶИЗЗАХ ФАЪОЛАНД

Назар ба маълумотҳо алҳол дар вилояти Ҷиззах шумораи ҷавонони аз 14 то 30-сола 810 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Бо мақсади ошноӣ пайдо кардан бо рафти иҷрои панҷ ташаббуси сарвари давлат мо ба шӯрои вилоятии Иттифоқи ҷавонони Ӯзбекистон сар халондем.
– Шӯрои вилоятии Иттифоқи ҷавонони Ӯзбекистон бо ҳамкории якчанд муассиса маҷмӯи чораҳоро тарҳрезӣ карда буд. Ҳамаи ин тадбирҳо бевосита барои амалӣ гардондани ташаббусҳои Президент равона карда шудаанд, – гуфт зимни суҳбат котиби матбуоти шӯрои номбурда Элдор Наврӯзов. – Дар ҷашни рӯзи байналхалқии Нав-рӯз «Марафони ҷавонон» баргузор гардид. Ба ин марафон зиёда аз 300 нафар ҷавонон ҷалб гардиданд. Ба ғайр аз ин, таҳти шиори «Сардорҳо панҷ ташаббусро дастгирӣ мекунанд» иқ-доми тарғиботӣ доир гардид. Дар баргузории ин тадбир ташкилоти бачаҳо «Камалак» низ саҳм дошт.
Дар рафти аксия викторинаи саволу ҷавоб шуда гузашт. Хонандагоне, ки ба саволҳои «Китобхонаи сайёри камалак» ҷавоб ёфтанд, бо яктоӣ китоб сарфароз гардонда шуданд.
– Зимни маънидод намудани панҷ ташаббуси Президент ба ҷавонон сардорҳои ноҳия, шаҳр ва мактабҳо кӯмак расонданд, – мегӯяд раиси ташкилоти бачаҳои вилоят «Камалак» Шоҳида Даманова. – Иштироки фаъоли сардорҳо ва ба ҳар як саволи хонандагон ҷавоби саҳеҳи онҳо дар кишвари мо ба ҷараёни ислоҳот бетараф набудани насли наврасро нишон медиҳад.
Дар шаҳрчаи Хонбандии ноҳияи Фориш «Китобхонаи ҷавонон» ташкил ёфтааст. Ин маскан дорои қариб панҷ ҳазор адабиёти бадеӣ мебошад. Дар назди китобхонаи ҷавонон Маркази ҷавонон фаъолият мекунад. Дар ин марказ ҷавонони маскуни шаҳрча нозукиҳои касбу ҳунарро меомӯзанд. Шумораи онҳо қариб сесад нафар аст. Маҳфилҳо бепул буда, шароити касбомӯзии созгор фароҳам оварда шудааст.
Азбаски бе тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ҳаёти худро тасаввур карда наметавонем, бинобар ин, зуд-зуд мусобиқаҳои варзишӣ ташкил карда мешаванд. Тарбияи  ҷисмонӣ ва варзиш дар обутоби ҷисмонии ҷавонон нақши муҳим дорад. Ба ин хотир, миёни ҷавонон як силсила мусобиқаҳои варзишӣ ташкил гардид. Ин мусобиқаҳо дар рӯҳияи баланд гузаштанд. Чунончи, дар ноҳияи Бахмал аз рӯйи ҳафт намуди варзиш мусобиқаи вилоятӣ ва марафони давидан доир гардид. Футбол, гандбол, навъҳои гӯштӣ, таэквандо ва дигари варзиш ҷо доштанд.
Озмуни корҳои эҷодии «Ман чаро дӯст дорам Ӯзбекистонро» ҳам барои сайқал додани донишу маҳорати ҷавонони боистеъдод равона карда шуда буд. Эҷоди шеър, иншо, тасвири расмҳо аз озмуни эҷодӣ ҷой гирифтанд ва барои ба рӯйи об баромадани истеъдодҳо хидмат карданд.
– Баргузор намудани «Шеърхонӣ» ва озмуни «Китобхони ҷавон» дар ноҳияи Зафаробод дар дили ҷавонон ҳисси донишандӯзиву китобдӯстиро бедор хоҳад кард, – барафзуд котиби матбуоти шӯрои вилоятии Иттифоқи ҷавонони Ӯзбекистон Элдор Наврӯзов. – Зеро китоб барои ғанӣ гардондани дунёи маънавии мо нақши назаррас мебозад. Дар ин тадбирҳо 400 нафар ҷавонон иштирок доштанд. Иштирокчиёни фаъол аз ҷониби ҳокимияти ноҳия бо туҳфаҳои гаронбаҳо сарфароз гардонда шуданд.
Моҳи апрели соли ҷорӣ баргузор гардидани сайри ҷавонон бо номи «Оянда дар дасти ҷавонони маънавияташон воло!» ба иди ҳақиқӣ табдил ёфт. Баромади театри лӯхтак, намоиши драмаи «Меҳрубонам ку-ҷоӣ?» аз ҷониби театр-студияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Ҷиззах дар асоси ҳикояи «Меҳмони шаб»-и Нормурод Норқобилов аз дили тамошобинон ҷой гирифт. Дар доираи сайри ҷавонон мусобиқаҳои варзишӣ шуда гузаштанд. Аз субҳи бармаҳал дар «Шаҳрчаи ҷавонон» панҷсад нафар ҷавонон бо машқҳои пагоҳирӯзӣ шуғл варзиданд.
Бо мақсади риояи ташаббуси панҷум ҷавонон соҳибкориро ба роҳ монда, бонувон ва ҳамсолони худро ба шуғли доимӣ банд мекунанд. Дар ин кор нақши муассисаҳои молиявӣ назаррас аст.
– То ин давр дар миқёси вилоят барои амалӣ гардондани панҷ ташаббуси муҳим мувофиқи Барномаи давлатии «Ёшлар – келажагимиз» лоиҳаҳои зиёд татбиқ гардиданд, – гуфт зимни суҳбат масъули бахши соҳибкории ҷавонон, рушд додани сайёҳии шӯрои вилоятии Иттифоқи ҷавонони Ӯзбекистон Фаррух Султонов. – Ин теъдод лоиҳа ба 60-то расид. Лоиҳаҳо бештар дар ҷодаи варзиш, технологияҳои ахбор ва компутер, таъсис додани дуконҳои китоб, сехҳои дӯзандагӣ ба назар мерасанд. Агар фикрамонро бо мисолҳо тақвият бахшиданӣ бошем, сокини ноҳияи Арнасой Умедҷон Холдоров бар ивази 25 миллион сӯм воми бонки тиҷоратӣ «Олами китобҳо»-ро таъсис дод. Музаффар Ҳасанов аз ноҳияи Бахмал солуни зебоӣ кушод. Сокини ноҳияи Ғаллаарал Севара Раҳмонова «Клиникаи хусусӣ» ифтитоҳ намуд. Барои ин 426 миллион сӯм воми имтиёзнок гирифт. Дар ноҳияи Ғаллаарал соҳибкори ҷавон Ҷаҳонгир Муҳиддинов «Хидматҳои компутерӣ»-ро ба роҳ мондааст. Бо ин мақсад 70 миллион сӯм воми имтиёзнок гирифт.
Ба ғайр аз ин, аз ноҳияи Зомин Нилуфар Аҳмедова бар ивази 130 миллион сӯм «Нуқтаи хидматрасонӣ ба автомобил» таъсис додааст. Озодхон Саидов бо дусад миллион сӯм дар ноҳияи Пахтакор фитнес-клуб ташкил намудааст. Сардор Абдураимов дар ноҳияи Ғаллаарал паиҳам инкишоф додани сайёҳиро пиёда кардан мехоҳад. Ин лоиҳа  900 миллион сӯм қимат дорад. Соҷида Ғуломова аз ноҳияи Янгиобод паррандапарварӣ, Муҳайё Иляшева аз ноҳияи Шароф Рашидов чорводориро ба роҳ монданд.

Анорбой НАЗАРОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

Вилояти ҶИЗЗАХ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: