ҶАВОНОНИ ҶИЗЗАХӢ – СОҲИБИ ГРАН-ПРИ

Дар Ҷиззах марҳилаи ниҳоии озмун-азназаргузаронии мақомсароён бахшида ба 95-умин солгарди Ҳунарманди мардумии ҷумҳурӣ Орифхон Ҳотамов баргузор шуд.

Баргузор намудани озмун-азназаргузарониро дар шаҳри Ҷиззах ҳанӯз соли 2021 Президент Шавкат Мирзиёев ҳангоми вохӯриҳои пешазинтихоботӣ пешниҳод карда буд. То ба ин марҳила расидан 360 нафар сарояндагон қувваозмоӣ карда, танҳо аз 30 нафар бештарашон ба ин муваффақ гардиданд.  
Зимни озмуни мақомсароён, ки бо ибтикори Вазорати фарҳанг, Маркази мақоми миллӣ, ҳамдастии ҳокимияти вилоят баргузор гардид, устодони ҳунар дар факултаи санъатшиносии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Ҷиззах  бо донишҷӯён ва навозандагону сарояндагони дастаи намунавии мақоми вилоят вохӯрда, оиди нозукиҳои ҳунари мақомсароӣ  ҳарф заданд, маслиҳатҳои муфид доданд.
Артистони халқии ҷумҳурӣ Матлуба Додобоева, Бекназар Дӯстмуродов аз шебу фарози роҳи ҳунар гап заданд.
Роҳбари Маркази мақоми миллии ӯзбек Соҳибҷон Бегматов гуфт, ки Орифхон Ҳотамов фазилати аҷиб дошт, ҳамеша аз сурудаҳои устодон мехонд. Аз Ҳоҷӣ Абдулазиз Абдурасулов, Маъруфхоҷа Баҳодуров, Ҷӯрахон Султонов барин устодон ҳамеша меомӯхт.
Натиҷаи ниҳоии озмуни мақомсароён собит намуд, ки аз ҷавонони ҷиззахӣ Қутлуғ Ҳайдаров ва Достон Тоҳиров ғолиби озмун ва соҳиби Гран-при гардиданд. Намояндаи шаҳри Тошканд Қувонч Дӯстмуродов ба ҷои аввал мушарраф гардид. Ба онҳо дипломи махсус ва туҳфаҳои хотиравии Вазорати фарҳанг ва ҳокимияти вилоят тантанавор супурда шуд.

Анорбой НАЗАРОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

Вилояти ҶИЗЗАХ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: