«Вохӯрии роҳбар ва ҷавонон»-и навбатӣ дар ноҳияи Каттақӯрғон бо иштироки сарвари Садорати вилоятии Хидмати амнияти давлатӣ А. Аҳмадов баргузор шуд.
Дар вохӯрӣ, ки роҳбарони секторҳо ва масъулони ташкилотҳои мутасаддӣ иштирок карданд, муроҷиати беш аз 100 нафар ҷавононро шуниданд.
Дар оғоз ҷавонон барои огоҳ будан аз хатарҳои гуногуни иҷтимоӣ, ҳаракатҳои террористӣ ва экстремистӣ, ки дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон рӯй медиҳанд, даъват гардиданд.
— Соли 2022 фаъолияти гурӯҳи ҷиноӣ, ки қасди анҷом додани амали террористиро дар шаҳри Тошканд доштанд, пешгирӣ карданд, — гуфт роҳбари ХАД-и вилоят А. Аҳмадов. — Бино ба маълумотҳо дар байни онҳо донишҷӯён низ будаанд. Аз вазъи кунунии кишварҳои ҷаҳон хулоса бароварда, бояд аз имкониятҳое, ки барои таълим гирифтан, бо варзиш шуғл варзидан, забон, технологияҳои иттилоотӣ ва касбу ҳунар омӯхтани ҷавонони мо фароҳам гардидаанд, босамар истифода барем.
Дар рафти вохӯрӣ ҷавонон асосан аз рӯйи масъалаҳои оғози фаъолияти соҳибкорӣ, ҷудо кардани замин, кредити имтиёзнок, ривоҷдиҳии соҳаи технологияи ахбор, ташкили майдончаҳои варзишӣ, кушодани маркази таълимӣ ва ғайра муроҷиат карданд.
Дар рафти вохӯрӣ роҷеъ ба хато ва камбудиҳое, ки дар самти кор бо шаҳрвандони бекор, дар рӯйхати мигратсия ва пробатсия қарордошта, ҷавонони тарбияашон вазнин мушоҳида мешаванд, ҳарф зада, аз рӯйи ҳалли саривақтии муаммоҳо ба масъулон супориш дода шуд.
Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори «Овози тоҷик»
дар вилояти Самарқанд