ҶАВОНОНИ МО – НАСЛИ БУНЁДКОРИ ӮЗБЕКИСТОНИ НАВ

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар маросими тантанавӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонон

Писарону духтарони азиз! 
Тамоми насли навраси Ӯзбекистони Навро бо иди фархундаи имрӯза – Рӯзи ҷавонон аз сидқи дил муборакбод менамоям. 
Бо шумо вохӯрдан, бо орзую нақшаҳои наҷибатон шинос шудан, таклифу ташаббусҳои шуморо шунидан барои ман ҳамеша хурсандибахш аст.
Шуҷоату шавқу саъю кӯшиши шуморо дида, ба чашмони оташинбори шумо нигариста, қувваи беинтиҳо мегирам. 
Ман ҳозир бо хонандагони мактабҳои президентӣ ва эҷодӣ, донишҷӯёни донишгоҳи “Ӯзбекистони Нав”, олимони ҷавон ва ҷавонони эҷодкор, барномасозони IT, варзишгарон ва соҳибкорон суҳбат кардам.
Ман мисли тамоми падару модарон, омӯзгорону мураббиён аз нерӯи баланд, ҷаҳонбинии ҷавонони имрӯзаамон, ташаббускорӣ, тафаккури мустақилона, назари онҳо ба оянда, ба нақши худ ва масъулияти онҳо барои тақдири Ватан шодам.
Дӯстони азизам!
Ҳамаи шумо мебинед, ки вазъияти имрӯзаи ҷаҳон чӣ қадар душвор аст. Ҳар рӯз мо бо таҳдиду мушкилоти нав рӯ ба рӯ мешавем. Дар чунин шароит мо муттаҳид шуда, ба ирода ва ҷасорати халқамон такя намуда, саъй менамоем ягона роҳи дурустеро, ки ба манфиатҳои миллии Ӯзбекистон ҷавобгӯ бошад, пайдо кунем.
Бо халқи меҳнатдӯсту олиҳиммат, шумо барин ҷавонписарон ва духтарони соҳибмаълумот ва фаъол мо ҳар гуна душвориро, албатта, паси cap мекунем!
Муҳтарам намояндагони ҷавонон!
Чунон ки маълум аст, мо дар мамлакат низоми тамоман нави кор бо ҷавононро ба вуҷуд овардаем. Дар маҳаллаҳо 9,5 ҳазор нафар пешвоёни ҷавонон ба фаъолият шурӯъ карданд.
То имрӯз барои ҳалли мушкилоти бештар аз 700 ҳазор нафар ҷавонписарону духтарони ба «дафтари ҷавонон» дохилшуда 650 миллиард сӯм ҷудо карда шудааст.
Дастгирии соҳибкорӣ ва шуғли ҷавонон афзалият гардид. Дар ду соли охир барои амалӣ намудани лоиҳаҳои соҳибкории 174 ҳазор нафар ҷавонон 4 триллиону 400 миллиард сӯм қарзи имтиёзнок ҷудо карда шуд.
Имсол ба 560 ҳазор нафар ҳамсолони шумо, ки қарор додаанд бо деҳқонӣ машғул шаванд, 155 ҳазор гектар замин ҷудо карда, зиёда аз 800 ҳазор ҷойи нави кор ташкил карда шуд.
Тартиби баргардонидани маблағи андози иҷтимоӣ ба соҳибкороне, ки ҷавононро ба кор қабул кардаанд, ҷорӣ карда шуд. Аз ин сабукиҳо 7,5 ҳазор корхонае, ки 715 ҳазор нафар писарону духтарон кор мекунанд, истифода бурданд.
Барои баланд бардоштани сифати таълим бисёр корҳо анҷом дода мешаванд. Ҷуғрофияи мактабҳои нави Ӯзбекистони Нав – президентӣ, эҷодӣ ва махсус васеъ мешавад, хонандагони ин мактабҳо дар рафти таълим ба натиҷаҳои баланд ноил мегарданд.
Дар соли таҳсили гузашта ҳамаи 424 хатмкунандаи мактабҳои президентӣ ба муассисаҳои таълими олӣ дохил шуданд. Боиси хушнудист, ки 102 нафар ё 24 фоизи онҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олии бонуфузи хориҷӣ таҳсил мекунанд.
Дар давоми ду соли охир ба воситаи Фонди «Эл-юрт умиди» 400 нафар писарону духтарон ба беҳтарин мактабҳои олии хориҷӣ фиристода шуданд. Ҳамин тариқ, Ламия Худоёрова аз Тошканд ба Донишгоҳи Оксфорд, Расулбек Баҳодиров аз Бухоро ба Донишгоҳи Лондон ва Нилуфархон Рӯзиева аз Самарқанд ба Донишгоҳи Чикаго дохил шуданд. Ва ин гуна мисолҳо дар ҳар минтақа кам нестанд.
Танҳо дар давоми як соли охир ҷавонони боистеъдоди мо дар олимпиадаҳои фаннии байналхалқӣ 255 медал ба даст оварданд.
Илова бар ин, имсол 382 варзишгари Ӯзбекистон дар мусобиқоти бузурги байналмилалӣ 419 ҷоиза ба даст оварданд. Нодирбек Абдусатторов ва Умида Омонова дар риштаи шоҳмоти тез, Зуҳриддин Қодиров қаҳрамони ҷаҳон оид ба шамшербозӣ, футболбозони то 23-солаи мо соҳиби медали нуқраи чемпионати Осиё гардиданд.
Ифтихор дорам, ки дар мамлакати мо чунин ҷавонписарон ва духтарони боистеъдод, мақсаднок ҳастанд ва ба падару модарон, устодону мураббиёни онҳо миннатдории махсус баён мекунам.
Бешубҳа, чунин писарону духтарони халқи мо фонди тиллоии он — бунёдкунандагони Эҳёи Сеюм мебошанд. Ҷавонони фидокор, донишманд, соҳибақл ва ба Ватани худ содиқ – ояндаи Ӯзбекистони нав  бояд барои ҳама намуна гарданд.
Писарону духтарони азиз!
Ман ҳар дафъа ба мулоқот бо шумо тайёрӣ дида, ба худ чунин савол медиҳам: барои боз ҳам пурратар ва баркамол инкишоф ёфтани ҷавонон, ки фардои мо ба онҳо вобаста аст, чӣ гуна шароиту имкониятҳо фароҳам овардан лозим аст?
Имрӯз дар форум ман пешниҳодҳои худро, ки ба дастгирии ҷавонони Ӯзбекистон нигаронда шудааст, баён менамоям.
Пеш аз ҳама имкониятҳои азхуд кардани донишу касбҳои замонавиро васеъ мекунем.
Тавре маълум аст, кор оид ба низоми «дафтари ҷавонон», ки бо мақсади ҳалли мушкилоти шаҳрвандони аз 18 то 30-солаи мо ҷорӣ шудааст, натиҷаҳои мусбат медиҳад. Аммо набояд фаромӯш кард, ки ҷаҳонбинии ҷавонон, шавқу рағбати онҳо ба касбу кори муайян аз синни 14-солагӣ, яъне аз курсии мактаб ташаккул меёбад.
Аз ин рӯ, минбаъд қариб 3 миллион нафар писарону духтарони 14-17-сола метавонанд аз имтиёзу сабукиҳо, ки дар «дафтари ҷавонон» пешбинӣ шудааст,  истифода баранд. Теъдоди ин имтиёзу сабукиҳо аз 11-тои мавҷуда ба 25 адад расонида мешавад. Аз ҷумла, барои азхудкунии касбу кори замонавӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва забонҳои хориҷӣ ба ҳар нафаре, ки ба ин дафтар ворид шудааст, ҳар моҳ ба миқдори 1 миллиону 200 ҳазор сӯм субсид дода мешавад. 
Инчунин, барои машғулияти ин тоифаи ҷавонон дар маҳфилҳо оид ба самтҳои илму варзиш, санъат ва маданият тӯли 6 моҳ 300 ҳазор сӯмӣ пул дода мешавад. Барои хароҷоти иштирок кардан дар олимпиадаҳои маҳаллии ин соҳаҳо 1 миллиону 200 ҳазор сӯм ва дар олимпиадаҳои байналхалқӣ 12 миллион сӯм ҷудо карда мешавад.
Давлат хароҷоти харидани либоси мактабӣ ва асбобу анҷоми хонишро барои фарзандони оилаҳое, ки ба дафтарҳои «оҳанин», «занон» ва «ҷавонон» дохил шудаанд, соле як маротиба ба зимма мегирад.
Боз як навгонии муҳим: ба мақсади дастгирии минбаъдаи ҷавонон, ки ба санъати мусиқӣ шавқу рағбати калон доранд, аз соли таҳсили 2022-2023 сар карда миқдори пули шартномаи донишҷӯёне, ки ба самти «иҷрои мақом», «иҷрои асбобии мақом» ва «санъати бахшигӣ» қабул шудаанд, пурра аз тарафи давлат ҷуброн карда мешавад.   Қабул ба тайёр кардани иҷрокунандагон дар фортепиано 3 баробар зиёд карда, маблағи шартномаи таълим низ пурра пӯшонда мешавад.
Қабул ба техникумҳо соле ду маротиба гузаронда мешавад, шумораи грантҳои давлатӣ ду баробар зиёд мешавад. Инчунин барои таҳсил дар техникумҳо қарзи таълимӣ дода, барои додани қарзҳо ба зиёда аз 80 ҳазор нафар писарону духтарон маблағҳои молиявӣ ҷудо карда мешаванд.
Мувофиқи ҳисобу китоб имрӯз барои тайёр кардани як мутахассиси IT камаш як сол ва то 20 миллион сӯм маблағ сарф мешавад. Дар баробари ин, мутахассиси хуб метавонад дар давоми 2-3 моҳ як барнома офарида, тамоми хароҷотро мепӯшонад.
Ба ҷавононе, ки дар муассисаҳои таълими хусусӣ технологияҳои IT-ро (барномасозӣ, веб-дизайн, аниматсия) омӯхтан мехоҳанд, инчунин то 20 миллион сӯм воми имтиёзноки 4-сола  дода мешавад.  
Вақтҳои охир талабагони мактабҳои ноҳияҳои дурдаст низ дар донистани забонҳои хориҷӣ натиҷаҳои хуб нишон медиҳанд. Мо бояд ин гуна ҷавонписарону духтаронро аз ҳар ҷиҳат рӯҳбаланд кунем.
Ҳамин тариқ, 70 нафар донишҷӯёне, ки дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ натиҷаҳои баланд ба даст овардаанд ва 14 нафар омӯзгорон аз ҳисоби давлат ба Британияи Кабир сафар мекунанд.
Писарону духтарони азиз!
Ҳоло дар асоси низоми нави кор бо ҷавонон, ки дар мамлакати мо ҷорӣ карда шудааст, «баланси ҷавонон» ташаккул ёфт, ки зиёда аз 8 миллион нафар ҷавононро фаро гирифтааст. Мувофиқи он ҳоло дар ҷумҳурӣ 1 миллиону 200 ҳазор нафар писарону духтарони бекор ҳастанд. Аз ин 850 ҳазор нафарашон дар ҷустуҷӯйи кор мебошанд.
Аз ҳама муҳимаш, низоме ба вуҷуд оварда шудааст, ки дар он маълумот дар бораи шавқу рағбат, майли касбӣ, таҳсилот, вазъи иҷтимоӣ ва мушкилоти ҷавонон ҷамъ оварда мешавад.
Имсол ба бозори меҳнат 404 ҳазор нафар ҷавонписарону духтароне, ки муассисаҳои маълумоти миёна, 151 ҳазор нафар муассисаҳои таълими касбӣ-техникиро хатм кардаанд, дохил мешаванд. Бо кор таъмин намудани онҳо вазифаи муҳимтарин мебошад. Аз ҷумла, дар давоми сол аз ҳисоби ҷудо намудани 4 триллион сӯм барои дастгирии барномаҳои рушди соҳибкорӣ 220 ҳазор нафар ҷавонон бо ҷойи кор таъмин хоҳанд шуд. Ба 130 ҳазор нафар ҷавонписарон ва духтарон барои азхуд кардани касбу ҳунари ҳозиразамон ва малакаи пеш бурдани тиҷорат 160 миллиард сӯм субсид ҷудо карда мешавад. Зиёда аз 110 ҳазор нафар ҷавонон ба ҷойҳои холии корхонаҳои давлатӣ ва бахши хусусӣ ба кор ҷойгир карда хоҳанд шуд. Инчунин ба ҷавонон барои татбиқи лоиҳаҳои тиҷорат 250 миллиард сӯм субсид ва ҷубронпулӣ дода хоҳад шуд. 
Дар баробари ин фаъолияти ҷавононро дар соҳаи кишоварзӣ ба таври мунтазам ҳавасманд мегардонем. Ҳамин тариқ, мо дар мисоли кластери токпарварии Олтиариқ дар 70 ноҳияи ҷумҳурӣ кластерҳои кишоварзии ҷавонон ташкил намуда, 400 ҳазор нафар писарону духтаронро бо ҷойи кор таъмин хоҳем кард.
Ҳокимони вилоят, ноҳия ва шаҳрҳо дар мулоқот бо ҷавонон ин нақшаҳоро дар минтақаҳо муфассал баррасӣ намуданд. Акнун ҳар сол дар охири соли хониш барои таъмини шуғли ҷавонон барномаи алоҳида кабул карда мешавад.
Писарону духтарони азиз!
Пурмазмун ташкил кардани вақти холии ҷавонон, албатта, кори осон нест. Дар ин самт дар чаҳорчӯби панҷ иқдом барои ба рӯи об баровардани истеъдод ва маҳорати зиёда аз 6 миллион нафар писарону духтарони маҳаллаҳо, бахусус ҷавонони номуташаккил, олимпиада ташкил карда шудааст. Дар чорабинии имрӯза 345 нафар ғолибони ин олимпиада иштирок доранд.
Акнун, агар пешниҳоди маро дастгирӣ кунед, «Олимпиадаи панҷ ташаббус» соле ду маротиба барпо мегардад.
Масъалаи дигари муҳим: имрӯз ҷавонон асосан аз интернет маълумот мегиранд. Аммо оё дар бахши миллии интернет мундариҷае, ки ҷавононро ҷалб мекунад, дар бораи таърих, фарҳанг ва арзишҳои мо маълумоти ҷолибу муътамад медиҳад, кофӣ аст?
Мутаассифона, мо ба ин савол ҷавоби мусбат дода наметавонем. Ҳамаи шумо, албатта, нағз медонед, ки дар ин самт дар назди мо чӣ гуна вазифаҳои бузург қарор доранд.
Дар мулоқоти имрӯза бо як гурӯҳи ҷавонони ташаббускор таҳти сарварии Меҳриноз Аббосова аз он шод шудам, ки онҳо дар Википедия – маъруфтарин энсиклопедияи электронии ҷаҳон беш аз 10 ҳазор мақоларо ба забони ӯзбекӣ ҷой додаанд.
Аз фурсат истифода бурда, мехостам ба писарону духтарони мақсаднок — ватандӯстони асил миннатдорӣ баён намоям. Лоиҳаҳои умедбахши онҳоро бояд ҳамаҷониба дастгирӣ кунем.
Бар асоси ин таҷриба барномаи рушди контенти миллии ӯзбекӣ дар интернет амалӣ мешавад. Дар баробари ин, бояд ба шиносоии васеъ бо таърихи давлатдории миллии мо бо истифода аз маводи матниву видеоӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир кард.
Мо инчунин оиди дар интернет офаридани пойгоҳи маълумот дар бораи 100 нафар гузаштагони бузург – олимон ва мутафаккирон, оммавӣ гардондани мероси маънавӣ ва эҷодии онҳо  чораҳо меандешем.
То ба 100 ҳазор адад расондани миқдори мақолаҳо бо забони ӯзбекӣ дар Википедия ва ҷойгир намудани маълумот дар бораи Ӯзбекистон инчунин бо забонҳои хориҷӣ, бешубҳа, самараи мусбат хоҳад дод.  Ба ин мақсадҳо 10 миллиард сӯм ҷудо карда мешавад.
Ба ин кор ихтиёриёни фаъоли дорои дониши ҳаматарафаро ҷалб кардан, фаъолияти онҳоро рағбатнок кардан лозим аст.
Ба ин муносибат мехоҳам дар бораи боз як масъалаи муҳим истода гузарам. 
Дар байни шумо нафароне кам нестанд, ки бо ватандӯстӣ ва беҳтарин фазилатҳои инсонии худ барои бисёриҳо намунаи ибратанд.
Имрӯз ҳаракати ихтиёриёни ҷавон дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа васеъ паҳн мегардад. Ҳоло кори онҳоро Агентии оид ба ҷавонон ҳамоҳанг менамояд. Дар асоси ташаббуси ҷавонон ҳар сол Барномаи ҳаракат таҳия гардида, фаъолияти ихтиёриён дастгирӣ карда мешавад.
Ба тарбияи ҷавонон эътибор дода, мо бояд маданияти китобхонии онҳоро баланд бардорем. Ба ин мақсад пешвоёни ҷавонон дар маҳаллаҳо дар қисмати ҳар як кӯча озмунҳои дӯстдорони китоб, бозиҳои зеҳнии «Заковат» ва викторинаҳо ташкил мекунанд. Чунин озмунҳо бояд ҳар ҳафта дар маҳаллаҳо, ҳар моҳ дар ноҳияҳо ва ҳар семоҳа дар сатҳи вилоят гузаронда шаванд. Ҳамин тариқ, онҳо қариб 2 миллион нафар писарону духтаронро фаро мегиранд.
Дар баробари ин ҳокимони вилоятҳо, ноҳияҳо ва шаҳрҳо ба ҳар як китобхонаи мактаб камаш як ҳазор адабиёти бадеии нав расонда медиҳанд.
Ҳамаи мо хуб медонем, ки варзиш дар тарбияи ҷисмонӣ ва маънавии ҷавонон нақши бағоят бузург дорад.
Чанде пеш дар минтақаи фароғатии кӯли Тӯдакӯл марҳилаи ниҳоии мусобиқаи шоҳмот баргузор гардид, ки дар мусобиқаи интихобӣ зиёда аз 327 ҳазор нафар намояндагони ҷавонон иштирок карданд. Соли оянда дар ин ҷо мактаби байналхалқии шоҳмотро, ки ба андозаҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ аст, сохта ба истифода медиҳем. Гроссмейстерҳои машҳури ҷаҳонро даъват мекунем то ба бачаҳо шоҳмотбозиро омӯзонанд. Масъулият барои сари вақт сохта ба истифода додани ин мактаб ба зиммаи роҳбари комбинати маъдани кӯҳии Навоӣ, сенатор Қувондиқ Санақулов гузошта шудааст.
Дар маҳаллаҳои ҷумҳурӣ мусобиқаҳо бинобар волейбол бо иштироки 631 ҳазор писарону духтарон, инчунин оид ба футбол ва мини-футбол – бо иштироки 671 ҳазор наврасон дар сатҳи баланд гузаронда шуданд. Ин мусобиқаҳо шавқу ҳаваси баланди ҷавононро ба варзиш нишон доданд.
Мо дар хусуси оммавӣ гардондани варзиш дар кишвар, ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш васеъ ҷалб намудани ҷавонон бисёр ҳарф задаем, чӣ қадар корҳоро ба анҷом расондаем. Аммо саволе ба миён меояд: оё мо ба натиҷаҳои чашмдошт ноил шуда истодаем, дар ин бобат ба кадом камбудиҳо роҳ дода мешаванд?
Ба фикрам вақти он расидааст, ки ин масъаларо аз нуқтаи назари танқидӣ дида баромада, чораҳои зарурӣ андешем.
Аз соли равон сар карда 36 федератсияи спортӣ, 274 мактаби варзишӣ якҷоя бо маҳаллаҳо, мактабҳои миёна, коллеҷҳо ва техникумҳо, ки дар ноҳияҳои онҳо воқеъ гардидаанд, кор пеш мебаранд. Дар ҳар як кӯча, ҳар як маҳалла, мактаб, коллеҷ ва техникум командаҳо оид ба футбол, баскетбол, волейбол, тенниси рӯйимизӣ, велосипедронӣ, давидан, шоҳмот, шашка ва дигар намудҳои варзиш ташкил карда мешаванд. Минбаъд ҳамаи мусобиқаҳои варзишӣ бинобар силсилаи «Маҳалла – ноҳия – вилоят – ҷумҳурӣ» гузаронда мешаванд. Албатта чунин кор аз пешвоёни ҷавонони маҳаллаҳо масъулият ва ташаббускорӣ талаб мекунад.
Барои он ки ислоҳоти мо як ҷузъи ҷудонашавандаи ҳаёти насли наврас гардад, бояд ба пешвоёни ҷавонон имкону салоҳияти бештар додан лозим аст. Ба фикрам, шумо ин пешниҳодро дастгирӣ мекунед.
Минбаъд ҳар сол барои 500 нафар фаъолтарин пешвоёни ҷавононе, ки ба шуъбаҳои ғоибонаи мактабҳои олӣ қабул шудаанд, пули шартномаи таълим аз ҷониби Агентии кор бо ҷавонон пардохта мешавад. Инчунин захираи кадрҳои ҷавони роҳбарикунанда ташаккул дода мешавад, ки 30 фоизи онҳоро роҳбарони ҷавони маҳаллаҳо ташкил медиҳанд.
Ман дар симои онҳо ҳокимону вазирони оянда, роҳбарони бонку ширкатҳои бузург, ташкилотҳои давлатию ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсиро мебинам.
Дӯстони азиз!
Мо ба марҳилаи нави ислоҳот таҳти шиори «Мақсади асосии мо – таъмини устуворӣ дар ҷамъият ва рушди пайвастаи кишвар» ворид мешавем.
Дар Стратегияи рушди Ӯзбекистони Нав кор бо ҷавонон, ҳифзи манфиатҳои қонунии онҳо ва дастгирии ҳамаҷонибаро ба сифати маҳакҳои асосии ислоҳот муайян намудем.
Дар ин рӯзҳо бинобар такмил додани Конститутсия бо баровардан ба муҳокимаи умумихалқӣ ислоҳоти муҳими сиёсӣ ба амал бароварда мешавад. Хурсандиовар аст, ки беш аз 70 фоизи таклифу ташаббусҳоеро, ки доир ба ин масъала расидаанд, маҳз ҷавонон ба миён гузоштаанд.
Албатта, Конститутсияи навшуда Конститутсияи шумост.
Дар Конститутсияи навшуда ба ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии ҷавонон низ аҳамияти аввалиндараҷа дода мешавад.
Ба ин муносибат мехостам ба шумо, ба тамоми насли ҷавони мамлакат муроҷиат намоям.
Ҳеч гоҳ фаромӯш накунед, ки шумо бунёдкори Ӯзбекистони Нав ва Эҳёи Сеюм ҳастед.
Мо минбаъд низ тамоми қувваю имкониятҳоро сафарбар мекунем, ки орзую умеди шумо баҳри ба чунин шараф сазовор шудан ва дар ҳаёт пайдо кардани мавқеи худ ҷомаи амал пӯшад.
Бори дигар мехоҳам шуморо бовар кунонам, ки: ҳамчун Президент омодаам тамоми шароитро фароҳам орам, то шумо истеъдоду қобилият, орзуву умедҳоятонро амалӣ гардонед.
Воқеан, чуноне ки шоири барҷаста Ғафур Ғулом гуфтааст, халқи мо, Ватани мо омодааст, ки дар расидан ба ҳадафҳои олӣ, мақсадҳои наҷибатон такягоҳи шумо гарданд.
Дар ин лаҳзаҳои ҳаяҷонбахш ман ҳамаи шуморо даъват менамоям:
беист хонед, ҳамеша дар ҷустуҷӯ бошед, донишу касбҳои замонавиро азхуд намоед!
Боварӣ дорам, ки ҷавонони тамоми минтақаҳои кишвар – аз Қароқалпоқистон то Андиҷон, аз Сурхондарё то Тошканд муттаҳид шуда, якҷоя барои Ӯзбекистони Нав заминаи мустаҳкам фароҳам меоранд.
Шумо, албатта, ба ин қодиред!
Ман ба шумо бовар дорам ва бо шумо фахр мекунам, фарзандони азизи ман!
Бори дигар ҳамаи шуморо табрик гуфта, бароятон саломатии бардавом, нерӯ ва муваффақиятҳои калон орзумандам.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: