ҶАВОНОНИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ ДАР САМАРҚАНД ҶАМЪ ОМАДАНД

Дар шаҳри Самарқанд Форуми дӯстӣ ва ҳамсоягии мустаҳками ҷавонони Осиёи Марказӣ кори худро оғоз кард.

Форум аз тарафи консорсиум таҳти роҳбарии Фонди ба номи Конрад Аденауэр якҷоя бо се шарики миллӣ – Ҷунбиши умумимиллии «Юксалиш»-и Ӯзбекистон, Ҳаракати экологии «BIOM»-и Қирғизистон ва Ташкилоти ҷамъиятии «Гендер ва тараққиёт»-и Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи «Муколамаи бисёрҷонибаи транссарҳадӣ барои таҳаммулпазирӣ ва сулҳ дар Осиёи Марказӣ» ташкил гардид.
Беш аз сад нафар ҷавонон аз давлатҳои Осиё ва намояндагони ташкилотҳои ҷамоатӣ иштирокдорони тадбир ҳастанд.
– Мулоқот ва ҳамкории бисёрҷонибаи фаромарзӣ дар байни Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон, бо мақсади пешбурди таҳаммулпазирӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ, пешгирии тундгароӣ, баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ, инчунин ба таҳкими неруи ҷомеаи шаҳрвандии минтақаҳои наздисарҳадии се мамлакат равона гардидааст, – гуфт раиси «Юксалиш» Б. Бекмуродов. – Баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ, бахусус ҷавонон, дар бораи аҳамияти ҳамдигарфаҳмӣ бо мақсади пешгирӣ намудани рафтори номатлуб, радикализм, дастгирии шаклҳои гуногуни муколамаи байнисарҳадӣ ва байнисоҳавӣ дар минтақаҳои назди caрҳaдии Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон низ аз мақсадҳои асосии лоиҳа ба ҳисоб меравад. 

Ф. ЮЛДОШЕВ.
САМАРҚАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: