ҶАВОНОНИ ПЕШКӮ – СОҲИБИ ҶОМ

Дар Бухоро ба муносибати Соли дастгирии ҷавонон ва мустаҳкамсозии саломатии аҳолӣ таҳти шиори «Варзишро дӯст дор, бо варзиш зӣ!» байни ҷавонони номуташаккили маҳаллаҳо марҳилаи вилоятии мусобиқаҳои минифутбол барои ҷоми «Сардори садорати хидмати бехатарии давлатии вилояти Бухоро» баргузор гардид.

Дар он 13 команда аз шаҳру ноҳияҳои вилоят бо ҳам қувваозмоӣ намуданд. Дар мусобиқаи ҳалкунандаи финалӣ, ки байни ҷавонони маҳаллаҳои «Қарақалпоқ»-и ноҳияи Пешкӯ ва «Некиши»-и ноҳияи Шофиркон дар варзишгоҳи ДДБ ба амал омад, футболбозони пеш-кӯӣ бо ҳисоби 3:2 ғолиб баромада, соҳиби ҷом гардиданд.
Ба ғолибон ҷом, медали тиллоӣ ва тӯҳфаҳоро роҳбарони секторҳои вилоят супориданд.

А. АВЕЗОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: