ҶАВОНОНИ СОҲИБИСТЕЪДОД ТАҚДИР ГАРДИДАНД

Ба мақсади рағбатноксозии ҷавонони соҳибистеъдод, ба соҳаҳои илму фан васеъ ҷалб намудани онҳо, шароити мусоид фароҳам овардан барои ҷавононе, ки корҳои илмиву тадқиқотӣ мебаранд, 30 августи соли 2019 Қарори Президент «Дар бораи чорабиниҳои такмил додани самти ҷалб кардани ҷавонон ба соҳаи илму фан ва дастгирӣ намудани ташаббусҳои онҳо» эълон гардида буд.

Мувофиқи қарори мазкур озмуни беҳтарин матолиби «Ҷавонони боистеъдоди Ӯзбекистони нав» эълон шуда буд. 
Ғолибони озмун муайян карда шуданд.
Дар он намояндагони муассисаҳои таълими олии кишвар, Саридораи рушди фаъолияти инноватсионӣ ва илмиву тадқиқотӣ ҳамчунин вазорату ташкилотҳои дахлдор ширкат варзиданд.
Ба ғолибон аз рӯйи самтҳои гуногун диплом, туҳфа ва мукофотпулӣ ба миқдори 3 миллион сӯм  муқаррар гаштааст.
Чунин чорабиниҳое, ки барои дастгирии ҷавонони маърифатноку соҳибистеъдод пешбинӣ шудаанд, барои ояндаи дурахшони онҳо ва рушду равнақи кишварамон таҳкурсии мустаҳкам хоҳанд гузошт.

Н. НОДИРОВА,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».  

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: