Дар маркази деҳаи Варзик биноҳои баландошёна сершуморанд.
Дар онҳо идораю муассисаҳои давлатӣ, маркази таълим, шохобчаҳои савдою хидматрасонии маишӣ, ошхона, корхонаҳои хусусии гуногунсоҳа, дар поёнтар аз маркази деҳа, дар каноре осиёбу фурӯшгоҳи еми омехта ҷойгиранд. Дар ҳамаи ин коргоҳҳо ҷавонон меҳнат мекунанд. Аз ҷумла, дар ошхонаи Ҷӯраевҳо як роҳбару коргузор, ду ошпаз, як кабобпаз ва зани зарфшӯй дар хидмати мизоҷонанд.
Ҳар шахс соҳиби касб ё ҳунар шуданаш шарт аст. Ин ҷараён ба даври мактабхонӣ вобаста аст. Бобурбек Ҳакимов дар таълимгоҳ ба ин одату анъана пеш омада буд. Вай дар маърифатгоҳи рақами 13-уми деҳаи Варзик, ки падараш Салимҷон Аминов омӯзгори тарбияи ҷисмонӣ буд, таҳсил мегирифт. Ӯ падарашро, ки ба наврасон бо чобукӣ машқу бозиҳои ҷисмониро меомӯхт, мушоҳида мекард. Ҳаваси ин касб дар дилаш беш аз пеш ошён мегузошт.
Баъди хатми мактаб Бобурбек ба бахши тарбияи ҷисмонии Донишгоҳи давлатии Фарғона ҳуҷҷат супурд, аммо бахташ омад накард.
Ба деҳа баргашт. Лозим омад, ки то соли оянда ба хондан тайёрӣ бинад.
Бобурбек дар овони мактабхонӣ вақти холиашро дар устохонаи Тоҳирҷон Фахриддинов бо ҳунаромӯзӣ гузаронд. Устоду шогирд аз тахтаю тирак сар карда, то дару тиреза 10 хел ашёи чӯбинро сохта, ба эҳтиёҷи мардум пешниҳод менамуданд. Ҳамин тариқ, Бобурбек ҳам ҳунар омӯхт ва ҳам барои дохил шудан ба мактаби олӣ тайёрӣ дид.
Дертар устоди дуредгар Фахриддинов бо боварии том устохонаро пурра ба шогирди соҳибҳунараш супурда, худаш ба ҷойи дигар ба кор рафт. Устохона дар бинои иҷоравии идораи маҳаллаи Қалъаи Поён қарор дошт. Барои пурра кардани ҷиҳози кор Бобурбек аз «Микрокредитбанк»-и шаҳри Чуст ба муҳлати якуним сол қарзи кӯтоҳмуддат ба миқдори 20 миллион сӯм гирифт.
Аз аввал ба сифату зебоии ашё эътибор ҷиддӣ буд, то ҳозир чунин аст. Барои ҳамин эҳтиёҷмандон маснуоти устохонаро бо майлу хоҳиш қабул мекунанд.
– Аз пайи ҳунармандӣ кам нашудам, – гуфт Бобурбек, – бо меҳнат кардану ҳам тайёрӣ дидан ба факултаи молия ва ҳисоби Донишкадаи молияи Тошканд ғоибона, дар асоси шартнома дохил шудам.
– Орзуи ту муаллими тарбияи ҷисмонӣ шудан буд-ку? – пурсидем аз ӯ.
– Ман худро барои санҷидан ба он донишкада рафтам, ки дохил шуда метавонам ё не? Хайрият, қабул карданд.
Санҷарбек Қурбонбеков дӯсту ҳамсабақи Бобурбек Ҳакимов мебошад. Онҳо дар як синф хонданд, ба воя расиданд. Санҷарбек низ монанди рафиқаш Бобурбек ҳавасманди варзишу талошҳои он буд, барои соҳиби касби дӯстдоштааш шудан ба факултаи тарбияи ҷисмонии Донишгоҳи давлатии Намангон рафт, вале донишу малакааш кифоят накард.
Бобурбек дӯсти наздикаш Санҷарбекро ба кор даъват намуд. Ду сол аст, ки Санҷарбек ҳамкору ҳаммақсади рафиқаш аст.
– Ман ҳам нияти дар факултаи таълими ибтидоии ҳарбии Донишгоҳи давлатии Фарғона таҳсил гирифтан дорам. Таҳсилу фаъолияти меҳнатиро давом доданиам, – гуфт ҳангоми суҳбат Санҷарбек.
Коргоҳи чӯбкории Бобурбек се сол боз дар ҷараёни кор аст.
– Бо дархости замон, – нақл мекунад соҳибкор, – эҳтиёҷ ба масолеҳи чӯбини бинокорӣ кам шуд. Барои ҳамин бо фармоишҳо дару тирезаҳои сифатдор сохта, ҳам девори истиқоматгоҳҳои халқро рӯйкаш карда истодаем. Ин маводи алюминиро бо мошини худамон аз шаҳри Чуст меоварем. Асбобҳои зарурӣ ҳозир кунем, «АКФА»-и пластикиро ҳам ба кор мебарем. Фармоишҳо барои хариди маснуотамон дар деҳаи Варзик ва берун аз он ҳам ҳастанд. Аз шаҳри Намангон низ талабгорон бисёранд. Минбаъд коргоҳро алоҳидаву васеъ карда, усули зарури чӯбкориро фарохтар ба роҳ мемонем. Анъанаи устоду шогирдиро давом дода, то 50 нафар ҷавононро ба кор ҷалб мекунем.
Ш. МИРЗОЕВ,
вилояти НАМАНГОН.