ҶАВОНОНИ ӮЗБЕКИСТОН: АРЗИШҲОИ ҲАЁТӢ, АХЛОҚ ВА МАҚСАДҲОИ ИҶТИМОӢ

Маркази омӯзиши афкори умум «Ижтимоий фикр» доир ба мавзӯи мазкур бо фаро гирифтани тамоми вилоятҳои мамлакатамон, Ҷумҳурии Қароқалпоқистон ва шаҳри Тошканд пурсиши навбатии иҷтимоӣ гузаронд.

Мавзӯи тадқиқотӣ ба иҷрои фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев «Дар бораи чораҳо оид ба баланд бардоштани самарабахшии сиёсати давлатии ҷавонон ва дастгирии фаъолияти Иттифоқи ҷавонони Ӯзбекистон» аз 5 июли соли 2017 ва «Дар бораи Стратегияи амалиёт доир ба рушди минбаъдаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон» аз 7 феврали соли 2017 бахшида шуд. 
Натиҷаҳои тадқиқот нишон медиҳанд, ки дар низоми арзишҳои ҳаётии ҷавонони ӯзбекистонӣ хоҳиши пайваста зиёд гардондани дараҷаи саводнокӣ баланд мегардад. Инро ҳар дуввумин писар ва духтари соҳиби маълумоти олӣ, миёна ва миёнаи махсус, донишҷӯёни мактабҳои олӣ зикр намуданд. Чунин санадҳо аз самарабахшии сиёсати ҷавонони мамлакат, инчунин муҳим будани фароҳам овардани низоми ҷавобгӯи тағйиротҳои сохтории бозори меҳнат, баланд бардоштани сифати ба касб равона намудан байни ҷавонон, таъмин кардани шароит барои шуғл, мувофиқи мақсад бо кор таъмин кардани онҳо далолат медиҳанд. 
Пурсиш нишон дод, ки арзиши иҷтимоии маълумоти олӣ дар ҷавонони мамлакат мунтазам меафзояд. Агар дар солҳои 2010 ва 2011 танҳо сеяки ҷавонон хоҳиши маълумоти олӣ гирифтан дошта бошанд, дар соли 2016 ин нишондиҳанда – 56,8 фоиз, дар соли 2017-ум – аллакай 62,7, дар соли 2018-ум бошад – 65,6 фоиз афзуд.
Ҷавонон таълим ва педагогика, тиҷорат, хидматрасонӣ ва истеҳсолот, тиббиётро ба сифати соҳаҳои писандидатарин барои соҳиби маълумоти олӣ шудан эътироф намуданд. 
Бо назардошти натиҷаҳои пурсиш таъмин кардани шароит барои маълумоти хушсифат ба даст овардани ҷавонон, аз ҷумла аз ҳисоби зиёд кардани барномаҳои грантӣ барои таълими олӣ мувофиқи таҷрибаи байналхалқӣ, коркарди барномаҳои таълимӣ бо вобастагии онҳо ба рушди истеҳсолот, ҷорӣ кардани услубҳои инноватсионӣ ба ҷараёни таълим дар асоси андозаҳои байналхалқӣ ҷанбаҳои муҳимтарин мегарданд.
Ҷавонон муҳим будани аҳамияти чорабиниҳоро оид ба беҳтар гардондани омӯзиши забонҳои хориҷӣ таъкид менамоянд. Ин вазифаи куллан баланд бардоштани сифати таълими умумии миёна, минбаъд амиқ гардондани омӯзиши забонҳои хориҷиро пеш мегузорад.
Пурсиш нишон дод, ки ҷавонони ӯзбекистонӣ чун пештара кӯшиш мекунанд дар зинаи мансаб баланд гарданд. Инак, 53,6 фоизи пурсидашудагон ба ин аз ҳисоби баланд бардоштани малакаи касбии худ муваффақ гардиданро зикр намуданд. Беш аз ними пурсидашудагон кӯшиш мекунанд донишашонро бино бар ихтисосашон мунтазам нав кунанд, 83,8 фоизи ҷавонони маълумоти олидор ихтисосашонро пайваста баланд мебардоранд. Бо ин аз ҷониби ҷавонон дараҷаи баланди арзёбӣ ба имкониятҳои шахсӣ оид ба баланд бардоштани малака нигоҳ дошта мешавад – 62,3 фоизи иштирокдорони пурсиш аз ҷумлаи онҳо мебошанд.
Бино бар натиҷаҳои пурсиш иштироки ҷавонон дар соҳаи соҳибкории хусусӣ ниҳоят паст мебошад, тақрибан даҳ қисми пурсидашудагон ба суоли дахлдор мусбат ҷавоб доданд. Барои 55,2 фоизи пурсидашудагон соҳибкории хусусӣ, 18,1 фоизи респондентҳо бо тиҷорати оилавӣ шуғл варзидан намуди асосӣ ба ҳисоб рафта, 12,4 фоиз дар корхонаҳои хурд кор мекунанд. Чун пештара савдо соҳаи бештар паҳншудаи шуғли соҳибкорони ҷавон боқӣ мемонад – дар ин соҳа 42,9 фоизи пурсидашудагон меҳнат мекунанд, 35,7 фоиз бо хидматрасонии маишӣ, 12,4 фоиз истеҳсоли молҳои хурокворӣ ва азнавкоркарди маҳсулоти кишоварзӣ шуғл меварзанд. 
Тадқиқот имконияти зоҳир намудани афзоиши муназзами худшиносии ҷавонони мамлакатро фароҳам овард. Ин дар васеъ гардондани ҷаҳонбинии ҷавонон, дар онҳо ташаккул додани ҳисси ватанпарварӣ, ифтихор барои Ватани худ ва садоқат ба он инъикос меёбанд. Аксарияти ҷавонони Ӯзбекистон худро ватанпарварони мамлакати худ меҳисобанд.  Ватанпарварӣ бино бар ақидаи намояндагони авлоди ҷавон дар «садоқат ва муҳаббат ба Ватан», «мубориза барои ояндаи бузурги мамлакати худ», «донистан ва эҳтиром намудани таърих, маданият ва анъанаҳои миллии халқи худ» зоҳир мегардад.
Стратегияи ҳаракат оид ба рушди минбаъдаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон бино бар баланд бардоштани фаъолнокии ҷавонон дар ҷараёни ислоҳот, ки ба бунёди давлати демократӣ ва рушди ҷамъияти шаҳрвандӣ нигаронда шудааст, як қатор вазифаҳои навро муайян намуд. Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи чораҳо оид ба баланд бардоштани самарабахшии сиёсати давлатии ҷавонон ва дастгирии фаъолияти Иттифоқи ҷавонони Ӯзбекистон» ба ҳаллу фасли онҳо нигаронда шудааст, ки дар он «баланд бардоштани фаъолнокии ҷавонон дар ислоҳот бино бар бунёди давлати демократӣ ва рушди ҷамъияти шаҳрвандӣ, васеъ гардондани сафҳои ҷавонони ташаббускор, боғайрат, соҳиби маърифати баланд, тафаккури мустақил, мавқеи қатъии ҳаётӣ, ҷаҳонбинии васеъ ва дониши амиқ, ки қодир аст тамоми қувва, дониш ва иқтидорашро баҳри манфиати халқ сафарбар намуда, барои ояндаи мамлакат масъулиятро ба зиммаи худ гирад» яке аз самтҳои устувори фаъолияти Иттифоқи ҷавонон муайян шудааст.
Пурсиш нишон дод, ки дар баланд бардоштани самарабахшии сиёсати давлатии ҷавонон аз ҷониби онҳо дарк намудани вазифаҳои асосии худ аҳамияти муҳим дорад. Мониторинги минбаъдаи мушкилоти ҷавонон дар асоси тадқиқотҳои маҷмӯӣ ва мақсадноки иҷтимоӣ ва пурсишҳои афкори умум ногузир аст. 
Умуман натиҷаҳои тадқиқот некбинии баланди иҷтимоии авлоди ҷавони ӯзбекистонӣ ва ҳисси ҳамтақдирии  фаъоли онҳоро ба ислоҳот, ки сарвари давлат дар доираи Стратегияи ҳаракат оид ба рушди минбаъдаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон амалӣ менамояд, боварии авлоди ҷавонро ба ояндаи худӣ ва ояндаи мамлакатамон нишон дод. 

Бино бар маводи Маркази омӯзиши афкори умум «Ижтимоий фикр» мухбири ӮзА 
О. ХАРЧЕНКО тайёр кард.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: