«ҶАВОНОНИ ӮЗБЕКИСТОНИ НАВ, МУТТАҲИД ШАВЕМ!»

Дар ноҳияи Пастдарғами вилояти Самарқанд таҳти шиори «Ҷавонони Ӯзбекистони Нав, муттаҳид шавем!» фестивали ҷавонон баргузор гардид.

Фестивал бо марафони пиёдагардии «Барои тарзи ҳаёти солим – 5000 қадам!» оғоз ёфта, дар идома намояндагони ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамоатӣ, фаъолони маҳаллаҳо, пиру ҷавон дар майдони «Ӯзбекистони Нав», воқеъ дар шаҳраки Ҷумъаи ноҳия машқҳои тарбияи баданро иҷро намуданд.
Сипас, иштирокдорон аз намоишгоҳи маҳсулоти ҳунармандӣ, кашидадӯзӣ, аслиҳаҳои низомӣ ва таҷҳизоти варзишӣ дидан карданд. Ҷавонони ноҳия силоҳҳои ҳарбиро бо шавқ тамошо карда, дар бораи онҳо аз мутахассисон маълумот гирифтанд.
Инчунин, дар доираи фестивал озмуни китобхонӣ, миёни хонандагони мактабҳо бозии интеллектуалии «Заковат», мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ, бозиҳои миллӣ, ҳунарӣ, мусиқӣ ва рақс доир гардид. Роҳбарони секторҳои ноҳия дар тадбиру мусобиқаҳо иштирок карда, бо ҷавонон сӯҳбат оростанд.
– 5 соли гузашта дар кишварамон беш аз 20 қонун, фармон ва қарори вобаста ба ҷавонон қабул шуд, ки онҳо исботи эътимоди ҳукумат ба ҷавонон – ба оянда ва такягоҳи бовариноки Ватан мебошад, – гуфт сарвари садорати вилоятии Агентии кор бо ҷавонон Ҳусан Тӯхтаев. – Таъмини ҳуқуқ ва манфиати қонунии ҷавонон, амалӣ кардани орзуву мақсад ва нишон додани қобилияту салоҳияти онҳо аз самтҳои муҳиму устувори сиёсати давлати мо ба шумор меравад. Баргузории чунин фестивал барои муттаҳид кардани ҷавонони боистеъдоди кишварамон хизмат мекунад.
Дар фестивал оҳангҳо дар иҷрои оркестри ҳарбӣ низ садо дод. Дар майдони калони маркази ноҳия натанҳо ҷавонон, балки пирони барнодилро низ дидан мумкин буд. Онҳо бо рақсҳои шавқангези худ ба хурсандии ҷавонон ҳамроҳ гардиданд.
Дар анҷом дар майдони «Ӯзбекистони Нав»-и ноҳия барномаи консертӣ доир гардид. 
– Ин фестивал барои ҷавонони умедбахши ноҳия аст, – гуфт ҳокими вилоят Э. Турдимов. – Дар Пастдарғам варзишгарон, чемпионҳо ва ғолибони мусобиқаҳои гуногун бисёранд. Фикр мекунам, ки ин дастовардҳо идома хоҳанд ёфт.
Дар фестивал аз шаҳру ноҳияҳои дигари вилоят низ ҷавонон иштирок карданд.
***
Дар доираи моҳонаи ҷавонон дар Боғи истироҳатии шаҳраки Челаки ноҳияи Пайариқ низ чунин фестивал баргузор шуд. Дар доираи он тадбиру вохӯриҳо, мусобиқаҳои варзишӣ, намоиши маҳсулоти ҳунармандӣ доир гардид.
– Ҷавонон дар ҳар давру замон қувваи пешбаранда, нерӯи фаъолу боғайрати ҷомеа буда, ояндаи давлат ба онҳо вобаста мебошад, – гуфт сокини ноҳия Рашид Қаршиев. – Зеро ҷавонон соҳиби ояндаи мамлакат ва такягоҳи боэътимоди давлати соҳибистиқлол мебошанд. 
Дар солҳои истиқлолият дастовардҳои ҷавонон хеле зиёд гардида, аз ҷониби давлату ҳукумат қадрдонии шоиста шудаанд. Барои баланд бардоштани маърифати ҷавонон, ҷалби онҳо ба илмомӯзӣ, дастгирии ҷавонони соҳибистеъдод ва барои мустаҳкамсозии меҳри ватанпарастии онҳо барномаҳои мақсаднок таҳия ва амалӣ мегарданд. Фестивали ҷавонон низ аз чунин тадбирҳои муҳим ба шумор меравад.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори
 «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: