ПАРИЖ, 31 июл. (АА «Дунё»). Намояндагони ҷавонони ӯзбекистонӣ дар олимпиадаи 51-уми байналхалқӣ оид ба кимиё ICHO-2019, ки дар Париж баргузор гардид, иштирок карданд, хабар медиҳад мухбири АА «Дунё».
Олимпиадаи мазкур таҳти сарпарастии Вазорати таълими олӣ, инноватсия ва тадқиқотҳо, инчунин Вазорати таълими халқ ва ҷавонони Фаронса гузаронда мешавад. Он дар байни химикҳои ҷавони тамоми ҷаҳон яке аз мусобиқаҳои бонуфуз ба ҳисоб меравад. Ин дафъа дар он беш аз 300 талабагони 80 мамлакат иштирок карданд.
Ҳамаи чор нафар намояндаи Ӯзбекистон дар олимпиада иштирок карда, соҳиби ду медали нуқра ва ду биринҷӣ гардиданд. Аз ҷумла, талабагони литсейи академии Донишкадаи тиббии педиатрии Тошканд Ислом Каримов ва Моҳира Болтабаева медали нуқраро ба даст оварданд, медали биринҷӣ бошад, ба Улуғбек Бойирбеков ва Диёр Хаитов аз литсейи академии Донишгоҳи аграрии Тошканд насиб гардид.
Қайд кардан ҷоиз аст, ки талабаҳои литсейи академии Донишкадаи тиббии педиатрии Тошканд аз соли 2008 дар чунин олимпиадаҳои бонуфуз оид ба кимиё, мисли ChemiCO, Олимпиадаи байналхалқии Менделеев иштирок мекунанд ва беш аз 50 медалҳои тиллоӣ, нуқрагӣ ва биринҷиро ба даст овардаанд.