ҶАВОНОНИ ВАРЗИШГАРИ БОШУҶОАТУ ВАТАНПАРВАР – САРВАТИ БУЗУРГ ВА «ФОНДИ ТИЛЛОӢ»-И МИЛЛАТ

Нутқи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар вохӯрӣ бо вакилони ҳайати варзиши Ӯзбекистон, ки дар Бозиҳои олимпии XXXII тобистона дар Токио иштирок намудаанд

Нутқи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар вохӯрӣ бо вакилони ҳайати варзиши Ӯзбекистон, ки дар Бозиҳои олимпии XXXII тобистона дар Токио иштирок намудаанд
Ассалому алейкум, дӯстони азиз!
Иштирокдорони азизи Олимпиада, ғолибон ва ҷоизадорон!
Падару модарони муҳтарам, устодон ва мураббиён!
Пеш аз ҳама, шумо, азизон ва дар тимсоли шумо тамоми халқамонро бо ғалабаи бузурги таърихӣ, ки ҷамоаи мунтахаби миллии Ӯзбекистон дар Бозиҳои олимпӣ ба даст овард, аз таҳти дил самимона муборакбод менамоям.
Табиист, ки ҳар кадоми  мо ҳар як баромади вакилони Ӯзбекистонро дар бонуфузтарин мусобиқоти ҷаҳон аз тариқи «оинаи ҷаҳон» бо таваҷҷӯҳи зиёд ва ҳаяҷон мушоҳида намудем.
Дар навбати худ варзишгарони марду ҷасурамон низ ба ин эътимод сазовор гардида, ба халқамон ғалабаҳои дурахшонро тақдим намуданд. Бидуни шубҳа ин ба ҷашни сисолагии истиқлолияти Ватанамон ҳадяи муносиб гардид.
Дар Олимпиада варзишгаронамон ба шоҳсуфаҳои баланд баромада, се медали тиллоӣ ва ду медали биринҷиро ба даст дароварданд.
Ба ҳамаамон маълум аст, ки дар Бозиҳои байналхалқии олимпӣ беҳтарин ва маъруфтарин устодони варзиши ҷаҳон иштирок менамоянд.
Тавре ки Алишер Навоии бузург фармудааст, чун шер ба зидди шер бояд размид.
Шумо бо варзишгарони машҳури ҷаҳон мардонавор талош намуда, ҳам худи онҳо ва ҳам натиҷаҳои нишондодаашонро пас гузоштед, 3 рекорди олимпиро нав кардед ва дар варзиши ҷаҳон низ саҳифаи дурахшон кушодед.
Ҷамоаи мамлакатамон дар байни варзишгарони беҳтарини аз беш аз 200 давлати ҷаҳон омада, дар ҳисоби ҷамоавӣ ҷойи сиву дуюм, дар байни мамлакатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҷойи дуюм ва дар Осиёи Марказӣ ҷойи якумро ишғол намуд. Ин, барҳақ дар таърихи варзиши Ӯзбекистон натиҷаи бузург аст.
Ба шарафи фарзандони музаффарамон суруди миллӣ танинандоз гардида, парчами Ватанамон афрошта шуд, ки он лаҳзаҳо қалбҳои ҳамаи мо аз ғурур лабрез гардид.
Дар маросими тантанавии кунунӣ фарзандони қаҳрамонамон – ғолибони Олимпиадаи Токио иштирок доранд, дар бораи онҳо ҳар чи қадар боифтихор ҳарф занем, меарзад.
Ба ҷамоаамон аввалин медали тиллоиро варзишгари 19-солаи мо, устоди таэквондо Улуғбек Рашидов тақдим намуд ва ҳоло ҳам ба падари ӯ Исматулло Рашидов ва ҳам ба модараш Оксана Даниленко, ки дар ин нишаст ҳузур доранд, аз номи мардуми диёрамон ташаккур изҳор менамоем.
Улуғбек дар таърихи Ӯзбекистон ҷавонтарин варзишгарест, ки медали тиллоиро ба даст овардааст.
Вазнбардори бомаҳоратамон Акбар Ҷӯраев ба ҳисоби умумӣ 430 килограмм вазнро бардошта, рекорди олимпиро нав намуд ва медали дуюми тиллоиро ба даст оварда, ҳамаамонро зиёда хурсанд кард.
Ба модари Акбарҷон хоҳарамон Ҳафизахон Норматова барои тарбия кардани чунин мард ва паҳлавон самимона ташаккур мегӯем.
Баҳодур Ҷалолови мағлубнопазирро, ки дар диёри Алпомиш – Сурхон ба дунё омадааст, ҳамаамон хуб медонем. Ин паҳлавонро, ки исмаш  ба ҷисмаш муносиб аст ва модари меҳрубони у Сабоҳат Ҷалоловаро ҳамаамон самимона шодбош мегӯем.
Ман бо онҳо пештар ҳам вохӯрда, самимона суҳбат карда будам ва он суҳбатро ҳамеша бо таассуроти нек ёд мекунам.
Муштзани боистеъдоди мо дар вақти сипаришуда беист машқу тамрин карда, ба ҷавонон намуна шуд. Баҳодур ба ваъдае, ки ба модари азизаш, ба халқамон дода буд, вафо карда, ба Ватанамон сеюмин медали тиллоиро туҳфа намуд. Ба ин тариқ шуҳрати мактаби бокси Ӯзбекистонро ба зинаи беш аз пеш баланд бардошт.
Намояндаи тавонои мактаби дзюдои миллӣ Давлат Бобонов ва паҳлавони бомаҳорати гӯштини озод Бекзод Абдураҳмоновро, ки дар талошҳои ҷиддӣ соҳиби медали биринҷӣ гардиданд, табрику муборакбод мекунем.
Имрӯз дар байни мо модару падари Давлатҷон акаи Ҳусниддин ва апаи Нурияхон, падари Бекзодҷон Муҳаммадҷон Абдураҳмонов ва модараш Муҳаббатхон иштирок доранд.
Барои чунин  ҷавонмардони баҳодурро тарбия карда ба воя расонданашон ба падару модар ва устодони онҳо аз таҳти дил ташаккур изҳор менамоем.
Насле, ки дар шарёнаш нерӯву қудрати гузаштагони бузургамон чун Ҷалолиддини Мангубердӣ, Амир Темур, Паҳлавон Маҳмуд, Заҳириддин Бобур ҷӯш мезанад, авлоде, ки ба онҳо аз ҳар ҷониб муносиб аст, ба чунин корҳои бузург қодир буда метавонад.
Ҳоло тамоми Ӯзбекистон чун шумо ҷавонмардони баҳодурашро таҳният мекунад, шуморо аҳли ҷаҳон эътироф менамояд.
Ман мудом аз такрор кардани як фикр хаста намешавам. Мо бояд бо меҳнати ҳалол, ақлу заковат, қатъият ва иродаи худ аҳли дунёро қоил кунем, ба он муваффақ гардем, ки моро эътироф кунанд. Шубҳае нест, ки дастовардҳои бемисли варзишгарони мо, ки Ӯзбекистони навро бо ғалабаҳои нав ба тамоми дунё муаррифӣ мекунанд, дар ана ҳамин роҳ боз як қадами муҳим мегардад.
Агар гӯям, ки чунин ҷавонони бошуҷоату ватанпарвар сарвати бузургтарин, «фонди тиллоӣ»-и миллатамон мебошанд, фикр мекунам, ақидаи тамоми халқамонро ифода менамоям.
Ҳамватанони азиз!
Бешубҳа ҳамаамон хуб медонем, ки Бозиҳои имсолаи олимпӣ дар вазъияти бағоят душвор ва мураккаб гузаштанд. Пандемияе, ки дар миқёси ҷаҳон идома дорад, пеш аз ҳама барои варзишгарон мушкилоти ғайричашмдошти ҷисмонӣ ва рӯҳиро фароҳам овард.
Олимпиадаи индафъаина майдони ҳақиқии санҷиши мардонагиву матонат, талошҳои ҳалолу ҷиддӣ гардид. Бо назардошти шароити мавҷуда бисёр мусобиқаҳо бидуни иштироки мухлисон гузаштанд. Ин ҳолат дар таърихи Олимпиада ҳодисаест, ки бори аввал рух медиҳад.
Дар чунин вазъияти бағоят душвор варзишгарони Ӯзбекистон танҳо барои ғалаба саъю ҳаракат карда, намунаи ҳақиқии шуҷоат ва ҷасоратро намоиш доданд, ки ҳамаамон шоҳиди он гардидем.
Фарзандони мо меҳру муҳаббат ва эътимоди халқи азиз, дастгирии миллионҳо мухлисонро ҳар дақиқа аз таҳти дил эҳсос карданд ва ин эҳсос ба онҳо нерӯву ғайрати беҳудуд бахшид.
Аз фурсат истифода бурда аз номи худ ва аз номи халқамон ба тамоми аъзои дастаи яккачини олимпии Ӯзбекистон, ки дар мусобиқаҳои Токио шарафи Ватанамонро ба тарзи муносиб ҳифз намуда, ба ҳамаамон лаҳзаҳои ҳаяҷонбахш ва фаромӯшнопазир тақдим карданд, аз таҳти дил миннатдорӣ баён мекунам.
Бешубҳа, ба натиҷаҳои муваффақгардида тайёрии ҳамаҷонибаи пешакӣ ба Бозиҳои олимпӣ, барои ин аз ҷониби давлатамон фароҳам оварда шудани шароитҳои зарурӣ аҳамияти муҳим касб намуд. Ба туфайли чунин эътибор намояндагони Ӯзбекистон бинобар 17 навъи варзиш, 71 роҳхати Олимпиадаро ба даст оварданд, ки дар таърихи варзиши миллии мо нишондиҳандаи баландтарин мебошад.
Боз як ҷиҳати муҳим – корҳои бузурги мо, ки ба мақсади дар байни занон инкишоф додани варзиш амалӣ мешаванд, натиҷаҳои мусбат медиҳанд. Инро соҳиби роҳхати Олимпиадаи Токио гардидани 28 нафар духтарон – варзишгарони мо тасдиқ менамояд. Бояд таъкид кард, ки ин натиҷа дар таърихи Ӯзбекистони соҳибистиқлол дастоварди рекордӣ мебошад.
Духтарони муштзани мо бори аввал 3 роҳхати Олимпиадаро ба даст оварданд. Дар натиҷаи ин миқдори роҳхатҳо бинобар бокс 11 ададро ташкил дод. Дар Бозиҳои олимпиадаи кунунӣ фақат се давлат бо ин миқдор бонувони муштзан иштирок карданд, агар инро ба инобат бигирем, ин дастовард низ, бешубҳа, сазовори эътибори махсус мебошад.
Чунин мисолҳоро метавон идома дод. Ҳамаи ин нишондиҳандаҳо аз он далолат медиҳанд, ки дар Ӯзбекистон ҳаракати олимпӣ торафт инкишоф меёбад, ба зинаҳои нав, дараҷаҳои баландтар бардошта мешавад.
Вобаста ба ин дар пояи қарори Девони Вазирон  ба роҳ мондани намоишгоҳҳо дар мактабҳо ва муассисаҳои таълими олӣ, маҳаллаҳое, ки ғолибони Олимпиадаи Токио ва варзишгарони ҷоизадор таълим гирифтаву ба воя расидаанд, фаъолияти ибратбахши онҳоро тарғибу ташвиқ намудан мувофиқи мақсад мебошад.
Дӯстони азиз!
Аз имконияти имрӯза истифода бурда, мехоҳам дар бораи Оксана Чусовитина, ки солҳои зиёд бо гимнастикаи варзишӣ машғул шуда, дар миқёси ҷаҳон соҳиби обрӯ гаридааст, бо эҳтироми амиқ сухан гӯям.
Ҳамаамон хуб медонем, ки ин варзишгари машҳур бори аввал соли 1992 дар Бозиҳои олимпиадаи Барселона ширкат ҷуста буд. Баъд аз ин вай боз дар ҳашт Бозиҳои олимпиада иштирок кард. Ин воқеан ҳодисаи нодири варзиши ҷаҳон аст, ки ба китоби рекордҳои Гиннес дохил карда шудааст.
Иштироки навбатии Оксана Александровна дар Олимпиадаи Токио ба сифати воқеаи муҳим эътироф гардид. Ҷомеаи ҷаҳон ба матонат ва садоқати Оксана ба кору шуғлаш бо варзиш тан дода, баромадҳои ӯро бо ҳайрат ва ҳаяҷони зиёд тамошо кард.
Воқеан, барои тамоми ҳаёти худро ба варзиш бахшидан, дар чунин мусобиқаҳои бузург ғалаба ба даст овардан саъю кӯшиши хастанопазирона, иродаи мустаҳкам ва фидокорӣ лозим аст.
Мо бо чунин варзишгарони афсонавии худ барҳақ ифтихор мекунем. Ҷасорат ва иродаи ба ғалаба доштаи ӯ барои варзишгарони ҷавон ба сифати мактаби ба  худ хоси дастовардҳои азим хидмат мекунад.
Оксана Чусовитина барои хидматҳои бузургаш дар роҳи инкишоф додани варзиши миллӣ бо унвони ифтихории «Устоди шоистаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон» тақдир гардид.
Бовар дорам, ки бинобар фаъолияти бомуваффақияти мураббигиаш Оксана Чусовитина дар тарбия кардани чемпионҳои нави гимнастикаи  варзишӣ саҳми муносиб мегузорад.
Ба ин муносибат ба зиммаи Девони Вазирон вазифаи ташкил намудани мактабҳои маҳорати варзишии Оксана Чусовитина ва Баҳодур Ҷалолов, ҳамчунин фароҳам овардани тамоми шароитҳои зарурӣ барои  фаъолияти онҳо гузошта мешавад.
Оксана Александровнаи гиромӣ, ба Шумо барои муҳаббат ва садоқататон ба Ватан, фидокориатон дар варзиш, ирода ва матонати бешикастатон бори дигар миннатдории азим изҳор менамоям.
Дӯстони муҳтарам!
Бояд қайд кард, ки Олимпиадаи мазкур барои мо як қатор номҳои варзишгарони соҳибистеъдод, қаҳрамонони нави Ӯзбекистони навро кашф намуд. Аз ҷумла, варзишгари 18-солаи мо, духтари сазовори халқи қароқалпоқ Зайнаб Дайибекова дар таърихи Ӯзбекистон аввалин иштирокдори мусобиқаҳо оид ба шамшербозӣ гардид. Аз ҳама муҳимаш он аст, ки ӯ дар давраи дуюми талошҳо бар варзишгари соҳибтаҷрибаи чинӣ, ки дар рейтинги ҷаҳонӣ мавқеи 3-юм дошта, дар финали Бозиҳои осиёӣ иштирок кардааст, пирӯз гардид.
Бовар дорам, ки Зайнаб дар Бозиҳои минбаъдаи олимпӣ беш аз пеш фаъолона иштирок мекунад ва ҳатман барои Ӯзбекистон медали тиллоиро ба даст меоварад.
Кумушхон Фаайзуллоеваи нуздаҳсола иштирокдори ҷавонтарини мусобиқаҳо оид ба вазнбардорӣ дар байни духтарони вазнашон то 76 килограмм эътироф шуд. Бояд гуфт, ки дар ҷаҳон кам варзишгарон ба шарафи дар чунин синну сол иштирок кардан дар Бозиҳои олимпӣ муваффақ мешаванд.
Бешубҳа, ҳамаи ин натиҷаи бевоситаи эътибор ва ғамхории бузург нисбат ба тарбияи насли наврас, рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар кишвари мо ба шумор меравад.
Дӯстони азиз, тавре ки мебинед, варзишгардухтарони Ӯзбекистон ҷасурона ба арсаи байналхалқӣ ворид мешаванд. Ҳамаи мо аз ин барҳақ ифтихор мекунем.
Ҳамзамон мехоҳам ба ҷавононамон бигӯям, ки: агар шумо боз бештар саъю кӯшиш накунед, зуд аст, ки духтарон аз шумо бигузаранд.
Дар мамлакати мо баробари муассисаҳои замонавии таълим мактабҳо ва маҷмӯаҳои нави варзишӣ, майдонҳо ва ҳавзҳо сохта мешаванд, ки дар қалби кӯдакон муҳаббат ба варзишро бедор мекунанд. Корҳои васеъмиқёси мо бинобар сазоворона рағбатноксозии меҳнати душвори устодону мураббиён, ки дар соҳа машғул мебошанд, ба онҳо расондани кӯмакҳои моддиву маънавӣ натиҷаҳои мусбат медиҳанд.
Муътақидам, ки натиҷаҳои Олимпиадаи мазкур барои рушди тамоми навъҳои варзиш дар кишвари мо такони пурқувват мебахшад.
Аз ҳама муҳимаш ин гуна ғалабаҳо ҷавононро  ба бештар ғайрат кардану дар тамоми соҳаҳо, аз ҷумла, дар варзиш барои ба даст овардани комёбӣ саъй намудан, мунтазам ба равандҳои тарзи солими ҳаёт эътибор додан руҳбаланд месозанд.
Иштирок дар Бозиҳои олимпӣ – воқеаи бузургтарини варзишии ҷаҳон шараф ва масъулияти бузург мебошад. Бешубҳа, ҳамаи мо хуб дарк менамоем, ки барои ин бояд бисёр душворӣ ва имтиҳонҳои мураккаб паси сар карда шаванд.
Мехоҳам ба он варзишгаронамон, ки ин дафъа комёб нашуданд, муроҷиат намоям: рӯҳафтода нашавед, дар навбати оянда, албатта, ба комёбӣ муваффақ хоҳед шуд. Барои мо муҳим аст, ки онҳо низ дар талошҳо ҷасорату шуҷоат, дар мусобиқаҳои бузург тамоми имконияту нирӯи худро намоиш диҳанд. Бинобар ҳамин мо ба онҳо низ баробари ғолибон самимона ташаккур мегӯем.
Мо қарор додем, ки ғолибон ва ҷоизадорони Олимпиада, устодони онҳо ва тамоми иштирокдоронро ба тарзи сазовор тақдир намоем. Тавре ки маълум аст, дар Ӯзбекистон ба соҳибони медали тиллоии олимпӣ дар ҳаҷми 200 ҳазор доллари ИМА, ба барандагони медали биринҷӣ ба миқдори 50 ҳазор доллар мукофот дода мешавад.
Мехоҳам хидмати мураббиёни фидокорро, ки шабу рӯз дар паҳлуи варзишгарон буданд, то онҳоро ба мусобиқаҳои тезутунд тайёр намоянд, махсус таъкид кунам. Мо номҳои мураббиёни соҳибтаҷриба, аз ҷумла Тӯлқин Қиличев, Павел Хан, Фарҳод Мирзаҷонов, Нуралӣ Қобулов, Музаффар Абдураҳмоновро, ки дар тайёр кардани ғолибон ва ҷоизадоронамон фидокории ҳақиқӣ зоҳир намуданд, бо эҳтироми бузург ба забон меоварем.
Мо қарор додем, ки мураббиёни чемпионҳои олипиаро дар ҳаҷми 40 ҳазор долларӣ, мураббиёни барандагони медалҳои биринҷии Олимпиадаро ба миқдори 20 ҳазор доллари ИМА қадр намоем.
Агар ба инобат бигирем, ки ҳар як варзишгари дар Бозиҳои олимпӣ иштирок карда, роҳи бисёрсолаву душворро паси сар менамояд, метавон боэътимод гуфт, ки имрӯз баробари ғолибон аъзои боқимондаи дастаи олимпии мо низ арзандаи мукофотанд. Ба ин муносибат мо қарор додем, ки ба ҳар кадом варзишгар дар ҳаҷми 5 ҳазор доллари ИМА мукофоти пулӣ дода шавад.
Ҳамватанони азиз!
Бозиҳои олимпӣ дар Токио ба мо қаҳрамонони навро кашф кард. Метавон муътақид шуд, ки дастоварди варзишии онҳо барои иштироки беш аз пеш бомуваффақият дар Бозиҳои ояндаи олимпӣ асоси мустаҳкам мегардад.
Вобаста ба ин бояд эътироф кард, ки дар Бозиҳои олимпӣ дар навъҳои даставии варзиш мо ба натиҷаҳои назаррас ноил нагардидем. Ин бояд роҳбарони масъулро ҷиддан ба ташвиш оварад. Андеша дар бораи  он ки мо минбаъд низ чун дар Бозиҳои пешинаи олимпӣ аз ҳисоби варзишгарони танҳо ба муваффақият соҳиб мегардем, хатои азим аст. Ин муносибати қатъиян нодуруст мебошад.
Мо хуб дарк менамоем, Бозиҳои олимпӣ, ки соли 2024-ум дар Париж баргузор мешаванд, барои намоиш додани имконияти бузурги кишвари мо дар варзиш аҳамияти хеле муҳим дорад. Ҳамаи мо бояд инро амиқ дарк намоем ва мувофиқи низоми дақиқе, ки ҳамаҷониба андешида шудааст, амал кунем.
Мақсади асосии мо бояд бинобар навъҳои ҷамоавии варзиш, аз ҷумла футбол, баскетбол, гандбол, хоккейи рӯйи алаф, регби, волейбол ҳам ба даст овардани роҳхатҳо ба Олимпиадаи минбаъда гардад.
Вобаста ба ин бояд ба масъалаи зерин эътибори махсус дода шавад.
Якум, мо бояд иштироки ҳайати варзишии кишварамонро дар Олимпиадаи Токио ҳамаҷониба таҳлил карда, хато ва камбудиҳоро сарҳисоб кунем. 
Барои ин оид ба менеҷменти варзиш бо ҷалб намудани яке аз ширкатҳои пешрафтаи байналмилалӣ, дар мамлакат ҳар як звенои низоми идоракунии ин соҳаро аз аудит гузарондан ба мақсад мувофиқ мебошад.
То охири соли равон муовини Сарвазир А. Абдуҳакимов дар якҷоягӣ бо Кумитаи миллии олимпӣ ва Кумитаи паралимпии миллӣ то охири соли ҷорӣ дар асоси натиҷаҳои аудит бинобар боз ҳам такмил додани низоми идоракунии тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ва федератсияҳои варзишӣ таклифҳо таҳия карда, тақдим намояд.
Мо бояд имрӯз омодагии ҳамаҷонибаро ба Бозиҳои дарпешистодаи олимпӣ оғоз кунем. Агар мо ҳадафи возеҳ гузошта, аз таҳти дил ҳаракат кунем, ҳатман ба натиҷаҳо ноил хоҳем шуд. Масалан, мо тамоми имкониятро дорем, ки ба олимипиадаи навбатии тобистонаи Париж зиёда аз 100 иҷозатнома ба даст орем ва аз рӯи медалҳо аз сафи 15 мамлакати пешсаф ҷой гирем.
Ҳамзамон, рушди намудҳои варзиши дахлдор дар тамоми шаҳр ва ноҳияҳо, андешидани чораҳои фароҳам овардани шароити зарурӣ ба варзишҳои мувофиқ талаби имрӯз аст. Вақте ки сухан дар ин бора меравад, омодагиро ба Бозиҳои олимпӣ дар ҳар минтақа таҳия кардан ва ба низом даровардан лозим аст. 
Бигзор Сарвазир А.Орипов сабабҳои дастовардҳо ва камбудиҳоро дар ин самт таҳлил карда, лоиҳаи қарорро оид ба омодагӣ ба Олимпиадаи Париж пешниҳод кунад. 
Дуюм, мо бояд сифати таълими варзиширо баланд бардорем, системаи интихоби варзишгарони болаёқат, умедбахш ва ташаккул додани захираҳои онҳоро ба куллӣ такмил диҳем.
Ҳамзамон, ҷорӣ намудани барнома ва усулҳои муосири омӯзиш, таъсиси шӯъбаҳои паралимпӣ дар муассисаҳои таълимии варзишӣ ва ҷудо кардани квотаҳои иловагии 10% метавонад натиҷаи хуб диҳад. 
Тартиби пардохти пулро аз ҷониби волидон барои тарбияи варзишгарон бекор кардан лозим аст. Инчунин бояд низоми қабули хатмкунандагонро ба муассисаҳои таҳсилоти олии самти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар асоси грантҳои давлатӣ бевосита ба зинаи дуюм бе имтиҳон ҷорӣ намоем. 
Ба коллеҷҳои захираҳои олимпӣ ҷалб кардани мутахассисони баландихтисоси дорои натиҷаҳои баланд, таҷрибаи ғанӣ ва махсусан аз рӯи намудҳои ҷамоавии варзиш аҳамияти муҳим дорад.
Дар баробари ин, бояд гуфт, ки таҷрибаи бо харҷи зиёд овардани варзишгарон аз хориҷ (легионерҳо) чандон асоснок нест. Вақти он расидааст, ки аз чунин таҷриба даст кашида, ба тарбияи варзишгарони маҳаллии худ таваҷҷӯҳ кунем. Бояд легионерҳои хориҷиро не, балки мутахассисони варзида инчунин методикаи тайёркунии варзишгаронро овард.
Муовини Сарвазир А. Абдуҳакимов, вазири таълими олӣ ва миёнаи махсус А. Тошқулов якҷоя бо Кумитаи миллии олимпӣ дар муддати ду моҳ оид ба боз ҳам баланд бардоштани сифати таълим дар самти варзиш, инчунин, аз мамлакатҳои мутараққӣ овардани мураббиён ва мутахассисони соҳибмалака, методикаҳои замонавӣ таклиф тақдим намояд.
Сеюм, мо бояд ба ташаккули квотаҳо барои қабули донишҷӯён ба коллеҷҳои мавҷудаи захираҳои олимпии кишвар бо назардошти хусусиятҳои намуди варзиш диққат диҳем.
Масалан, ҳарчанд дастаи волейбол аз 10 нафар иборат бошад ҳам, ба коллеҷҳо ҳамагӣ 3-5 нафар донишҷӯ қабул карда мешаванд. Ин ҳолат дар ҳама намудҳои варзишҳои даставӣ мушоҳида мешавад. Табиист, ки дар чунин вазъият рушди ин соҳаҳо ғайриимкон аст. 
Инчунин ҳамагӣ 4 нафар муайян шудани квотаи қабул ба коллеҷҳои оид ба варзиши боксро, ки дар мамлакатамон ба дараҷаи баланд ривоҷ ёфтааст, қаноатбахш гуфтан мумкин нест. Ҳол он ки дар ҷаҳон мусобиқаҳо аз рӯи ин намуди варзиш дар 13 вазн баргузор мешаванд.
Бо як сухан ифода намоем, квотаҳои қабулро дар коллеҷҳои захираҳои олимпӣ комилан аз нав дида баромада, онҳоро дар асоси низоми нав муқаррар кардан лозим аст. Шубҳае нест, ки махсусгардонии чунин муассисаҳои таълимӣ ба намудҳои хуб рушдёфтаи варзиш дар минтақаҳо натиҷаи мусбат хоҳад дод. Масалан, дар Сурхондарё ва Қашқадарё – оид ба намудҳои варзиши якҳарба, вилоятҳои водии Фарғона – бозиҳои варзиши ҷамоавӣ ва бокс, Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, вилоятҳои Хоразм ва Тошканд атлетикаи вазнин, шамшербозӣ таълимдиҳӣ ба роҳ монда шавад, ба мақсад мувофиқ хоҳад буд.
А. Абдуҳакимов якҷоя бо Кумитаи миллии олимпӣ ва федератсияҳои варзиш дар давоми як моҳ лоиҳаи қарорро дар бораи азнавташкилдиҳии фаъолияти коллеҷҳои захираҳои олимпӣ ва такмили системаи таълими варзиш пешниҳод намояд. Дар қарор ба зиммаи Кумитаи миллии олимпӣ вазифаҳо ба мисли аз наздик ҳамкорӣ кардан бо ин коллеҷҳо, дарёфти истеъдодҳои ҷавон дар маҳалҳо ва дастгирӣ кардани онҳо, ҷиддӣ машғул шудан бо корҳои селексия бояд гузошта шаванд.
Чорум, имрӯз дар кишвар 329 мактаби варзишӣ фаъолият нишон медиҳад. Дар онҳо зиёда аз 328 ҳазор ҷавонон таҳти роҳбарии зиёда аз 13 ҳазор мураббӣ бо беш  аз 30 намуди варзиш мунтазам машғул мешаванд.
Аммо на ҳамаи ин мактабҳо самаранок фаъолият нишон медиҳанд. Аз аксарияти мактабҳои варзишӣ набаромадани ягон чемпион далели фикрамон аст. Ҳол он ки дар коллеҷҳои захираҳои олимпӣ 7000 нафар таълим мегирад. Барои таҳсили онҳо аз буҷет чӣ қадар маблағ ҷудо карда мешавад. Аммо аз байни онҳо иштирокдори Олимпиада шудани ҳамагӣ 70 нафар —  албатта қаноатбахш нест.  
Аз ин рӯ, аз соли 2021 бояд ба ҳар як мактаби спорт низоми додани  фармоиши давлатӣ ҷорӣ карда шавад. Дар баробари ин, мактабҳои варзишӣ ба тарбияи варзишгарони дорои рутбаҳо ва унвонҳои мисли «номзад ба устоди варзиш», «устоди варзиш», «устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ» таваҷҷӯҳи махсус зоҳир карда мешавад. Тавассути ин низом рейтинги мактабҳои варзишӣ пеш бурда мешавад ва ба фаъолияти онҳо дар ин замина баҳо дода мешавад. 
А. Абдуҳакимов дар давоми як моҳ лоиҳаи қарорро дар бораи ҷорӣ намудани низоми фармоиши давлатӣ дар мактабҳои варзишӣ таҳия намояд.  
Панҷум, сатҳи баргузории чемпионат бино ба навъҳои варзиш поин фуромадааст. Аламовараш ин аст, ки дар ин соҳа ҳолатҳои коррупсионӣ ба назар мерасанд.
Мисолан, одат шудааст, ки тоифаи муайяни варзишгарон аз зинаи ҳудудии мусобиқаҳои варзишӣ нагузашта, ба зинаи ҷумҳуриявӣ роҳхат мегиранд. Ин аст, ки дар чемпионатҳо варзишгарони муқтадир каманд, гуфтан метавон, ки рақобат нест. Барилова, бино ба бозиҳои навъи ҷамоавии варзиш аз ҷамоаҳои ҳудудӣ кам иштирок мекунанд. Федератсияҳо бошанд чемпионатҳоро ҳамагӣ бо иштироки 4-5 ҷамоа, ба номаш мегузаронанд. Ба тариқи мисол метавон гуфт, ки дар соли 2021 дар чемпионатҳои Ӯзбекистон бино ба баскетбол ва хатти об чор ҷамоа иштирок кардааст.
Барои бомуваффақият ба амал татбиқ намудани вазифаҳои самти варзиш тақозо карда мешавад, ки дар соҳа қабл аз ҳама бояд идораи давлатиро такмил диҳем.
Сарвазир А. Арипов дар тӯли як моҳ бино ба таҷдиди назар кардани сохтори Вазорати сайёҳӣ ва варзиш, ҳамчунин, такмил додани мусобиқаҳои варзиши ҷамоавӣ лоиҳаи қарори дахлдорро ворид созад. 
Шашум, дар беҳсозии ҳолати ҷисмонӣ, тиббӣ, ҳамчунин, таъминоти фармакологии варзишгарони захираи олимпӣ қаробатҷӯйии илмӣ, бакоргирии таҷрибаи пешқадам, истифодаи табобати халқӣ муҳим мебошад.
Бояд рӯйхати ғизоҳои маҳаллӣ ва коркарди ратсионҳои ғизохӯрии оптималиеро, ки ба барқарорсозии рӯҳию ҷисмонии варзишгарон кӯмак, ба саломатӣ ва қобилияти ҷисмонии онҳо таъсири мусбат мерасонанд, ба амалиёт ҷорӣ кард.
Эътибори алоҳида додан ба омодагирии рӯҳии варзишгарони ҷамоаҳои мунтахаби олимпӣ басе муҳим аст. Зеро омодагирии рӯҳии варзишгар, боварии ӯ ба худаш ҳар қадар пурзӯр бошад, натиҷа низ ба он андоза хоҳад шуд. Ба ин мақсад бояд дар Маркази илмию амалии тибби варзишии ҷумҳуриявӣ шуъбаи психология ва диетологияи варзишро ташкил дод.
Кумитаи миллии олимпӣ якҷо бо вазири тандурустӣ А. Ҳоҷибоев ва вазири молия Т. Ишметов дар тӯли як моҳ барномаи алоҳидаи бо таҷҳизот ва асбобу ускунаҳои тиббии замонавӣ ҷиҳозонидани Маркази илмию амалии тибби варзишии ҷумҳуриявии назди Кумитаро кор карда баромада, ба Девони Вазирон пешниҳод намоянд.
Ҳафтум, бояд сохтори замонавии рағбатноксозии ғолибон ва ҷоизадорони бозиҳои Олимпиадаи тобистонаю зимистона, ҳамчунин, Бозиҳои паралимпӣ, мусобиқаҳои байналхалқии бонуфуз ва тренерон ҷорӣ карда шавад.
Ба ин мақсад рағбатноксозии ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналхалқии байни наврасону ҷавонон, ҳамчунин, мураббиёнеро, ки онҳоро ба ин мусобиқаҳо тайёр кардаанд,тавсеа мебахшем. Дар ин маврид ба ҷоизадори медали тилло ба миқдори 3 ҳазор доллар, ба тренераш — 2 ҳазор доллар, соҳиби медали нуқра — 2 ҳазор доллар, ба тренераш — 1 ҳазор доллар, барои медали биринҷӣ — 1 ҳазор доллар, ба тренераш — 500 доллар мукофоти пулӣ дода мешавад.
Ба ҷуз ин, устодони ғолибони чемпионатҳои байналхалқии бонуфуз бо унвонҳои фахрии «Ӯзбекистон республикасида хизмат кӯрсатган ёшлар мураббийси» ва «Ӯзбекистон республикасида хизмат кӯрсатган спорт устози» сарфароз гардонда мешаванд.
А. Абдуҳакимов. Т. Ишметов якҷо бо Кумитаи олимпӣ ва Кумитаи миллии паралимпия дар тӯли се моҳ  бино ба куллан аз нав дида баромадани сохтори маблағгузории варзиш, такмил додани он тибқи талаботи замон таклифоти худро пешниҳод намоянд. Дар ин маврид ба шаффофияти ин ҷараён, ҳамчунин, натиҷабахшии маблағи масрафгардида, рағбатноксозии моддии аввалин тренерҳое, ки варзишгарони муқтадирро омода кардаанд, эътибори алоҳида дода шавад.
Ҳаштум, бояд муайян намудани варзишгарони ҷавони боиқтидор дар ҳудудҳо, саракунӣ ва интихоб (селексия), ҳамчунин, кори ташкили чемпионатҳои Ӯзбекистон пурра рақамӣ кунонида шавад. Ин дар навбати худ барои ташкили ҷалби одилонаи варзишгарон ба ҷамоаҳои мунтахаб, бино ба анвои варзиши олимпӣ, хидмати хоҳад кард.
Ҷонишини сарвазир А. Абдуҳакимов, вазири рушди технология ва коммуникатсияҳои ахбор Ш. Содиқов то охири  сол аз ҳисоби маблағҳои бунёди рушди технологияҳои ахбору коммуникатсия платформаи варзиши захираҳои олимпиро ба кор андозанд.
Дӯстони азиз!
Мо бино ба шароити мусоид фароҳам овардан барои омодакунии захираҳои олимпӣ ва паралимпӣ ва беҳсозии инфрасохтори варзиш то соли 2024 барномаи давлатиро ба амал татбиқ месозем. Қариб 50 фоизи таҷҳизоти куҳнашудаи муассисаҳои варзишӣ нав карда мешаванд.
Ба ҷуз ин, мо бояд ба Бозиҳои олимпӣ ва мусобиқаҳои калони байналхалқии варзишӣ муттасил омодагӣ гирем. Дар айни ҳол  барои дар сатҳи баланд ташкил кардани бозиҳои Осиё, ки бояд байни ҷавонон соли 2025 дар Тошканд баргузор шавад, корҳои барпо намудани «Шаҳраки Олимпия ва Паралимпия» босуръат идома дорад. Дар ҳудуди шаҳраки мазкур барои федератсияҳое мисли бокс, гӯштин, варзиши об низ марказҳои омодагирӣ ташкил дода мешаванд.
Боварӣ дорам, иншооти дорои шароити мусоид ва технологияҳои замонавӣ ба маҷмӯъи бузурге табдил хоҳад ёфт, ки қиёфаи Ӯзбекистони навро дар бахши варзиш таҷассум менамояд.
Солҳои охир дар мамлакатамон бобати  шароити мусоид фароҳам овардан барои бо варзиш машғул шудани шахсони имконияти ҷисмониашон маҳдуд, таъмини иштироки онҳо дар мусобиқаҳои байналхалқӣ ва дастгирии давлат сохтори нав ҷорӣ карда шуд.
Мо минбаъд варзиши олимпӣ ва паралимпиро чун низоми яклухт мепазирем, барои онҳо шароиту имконият ва низоми рағбатноксозиро ба вуҷуд меоварем.
Хабар доред, 24 август дар Токио Бозиҳои паралимпии тобистона оғоз меёбад. Боварӣ дорем, ки намояндагони мо дар ин мусобиқаи бонуфуз низ ширкат ҷуста, шаъну шарафи Ватанамонро сазовор ҳимоя мекунанд.
Дар маросими мутантани имрӯза як гурӯҳ варзишгарони паралимпия низ иштирок менамоянд. Аз фурсат истифода бурда, дар мусобиқаҳои оянда ба ҳамаи онҳо омад ва пирӯзӣ мехоҳем.
Муҳтарам, фидоиёни варзиш!
Ҳамаи шумо шоҳидед, ки имрӯз дар дунё таъсири пандемия дар ҳамаи соҳаҳо эҳсос карда мешавад. Хусусан, вазъияти мураккаб дар бахши ташкили мусобиқаҳои варзишӣ ба ҳолати рӯҳии варзишгарон низ таъсир мегузорад. Биноан, мо бояд аз имкониятҳои мавҷуда пурсамар истифода бурда, ба ҳама гуна озмоишҳо омадгириро суст нагардонем. 
Боварӣ дорам, ки шумо бо ин муваффақиятҳо қонеъ нагардида, анъанаи шарафноки моро дар варзиш идома медиҳед то ки байрақи Ӯзбекистони нав дар бонуфузтарин мусобиқоти байналхалқӣ ҳамеша баланд бардошта шавад.
Тавре ки ба шумо маълум аст, бинобар Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ғолибон ва ҷоизадорони Олимпиадаи Токио ва мураббиёни онҳо бо унвонҳои фахрӣ, орден ва медалҳои мамлакат сарфароз гардонда шуданд.
Варзишгарон, мураббиён ва устодони муҳтарам!
Мукофотҳои олии давлатӣ, ки ҳоло супурда шуданд, ин баҳои муносиби халқ ва Ватан ба меҳнат, истеъдод ва маҳорати шумо мебошад. Боварӣ дорам, ки чунин эътибор ва шараф ба шумо нирӯ ва қувваи нав мебахшад ва ба ғалабаҳои ҳарчи дурахшон илҳом мебахшад.
Барои ҳамаи шумо дар ин роҳи шарафнок тансиҳатӣ, бахт ва тавфиқ мехоҳам.
Аз фурсат истифода намуда, аз таҳти дил шуморо бо фарорасии ҷашни бароямон аз ҳама бузург, аз ҳама азиз – 30-солагии истиқлолияти Ватан табрик менамоям.
Барои эътиборатон ташаккур!

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: