Дар мамлакатамон шаъну шуҳрати омӯзгорон дубора барқарор мегардад.
Баъзе омӯзгорон ба шароити ногувор ё камии маош ин касбу кори бошарафро тарк карданд. Аммо ҳоло вазъият куллан дигар шудааст.
Аз осори ниёкон маълум мешавад, ки дар ҳамаи давру замон шахси ба кори таълиму тарбия машғулро ҳамеша эҳтиром мекарданд ва барояш арҷ мегузоштанд. Дар ҷумҳурӣ бо ташаббуси Президент барои боло бурдани мақоми омӯзгор саъю кӯшиши зиёд ба харҷ дода мешавад ва ин боиси хурсандиву сарфарозиҳост. Ҳоло маоши омӯзгорону мураббиён беш аз пеш зиёд шуда, нисбати касбу кори худ онҳо дилгармии бештар пайдо мекунанд.
Ин ҷо мехоҳам як нуктаро тарҷеҳ диҳам. Сол аз сол теъдоди ҷавононе, ки дар ноҳияи Сӯх маҳз касби омӯзгориро интихоб кардаанд, рӯ ба афзоиш овардааст ва ин бесабаб нест. Даҳҳо нафар баъди хатми мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ва коллеҷу литсейҳо ба муассисаҳои таҳсилоти олии омӯзгорӣ дохил мешаванд. Аз ҷумла, як қисми донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Фарғонаро маҳз ҷавонони сӯхӣ ташкил мекунад.
Ҳамсуҳбати ман Ситора Назариён аст, ки мактаби таҳсилоти ҳамагонии рақами 13-уми ноҳияи Сӯхро бо медали тилло хатм кардааст.
– Вақте дар толори Кохи фарҳанг шаҳодатномаи сурхро ба даст гирифтам ва медали тиллоро овехтанд, тамоми вуҷудамро фахр фаро гирифт. Хеле хурсанд шудам, ки ба чунин дастоварди аввалин ноил шудам. Минбаъд низ барои фатҳи қуллаҳои баланди донишу маърифат талош хоҳам кард ва ба дастовардҳои бештар ноил хоҳам шуд. Хушбахтона, соли равон низ аз тарафи Президент ва ҳукумат барои ҷавонони ноҳия 500 квота ҷудо карда шуд ва яке аз ин квотаро ман ба даст овардам. Ҳоло донишҷӯям ва гӯш ба ҳарфи устодонам медиҳам, – изҳор медорад ҳамсуҳбатам.
– Дар дил орзуи омӯзгор шуданро мепарваридам. Мехоҳам ба насли наврас аз забон ва адабиёти тоҷик сабақ диҳам ва дар тарғиби забону маърифати ниёгонамон саҳми хешро гузорам. Одамушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ беҳуда нафармудааст:
Ҳеч ганҷе нест аз фарҳанг беҳ,
То тавонӣ рӯй бар ин ганҷ неҳ!
Аз хурдӣ ба китоб ва шеъру ирфон ҳаваси беандоза дорам. Ғазалҳои зиёд ва порча аз достонҳои адибони тоҷикро аз ёд кардаам ва ба ин васила хазинаи луғавиамро ғанӣ гардондаам.
Ба гуфтаи ӯ дар дарсу машғулиятҳои амалӣ устодонаш борҳо такрор мекарданд, ки агар соҳибмаърифат шудан хоҳад, бояд бештар осори адибони мумтозу муосирро омӯзад. Дар акси ҳол омӯзгори хуб нахоҳад шуд.
– Огоҳ низ ҳастам, ки ашъори шоирони классики форсу тоҷикро олимони мамолики гуногун бодиққат меомӯзанд ва ба он пайравӣ мекунанд. Мегуфтанд, ки Ҳёте барин олим ва адиби маъруфи немис аз ғазалҳои Ҳофизи лисонулғайб илҳом гирифтааст. Падарам шифокор аст ва дар барқарор намудани саломатии мардум заҳмат мекашад. Модарам кадбону мебошад. Аввал мехостам шифокор шавам, вале зимни таҳсил фикрам тағйир ёфт ва дар оянда ба шогирдони мактаб аз забону адабиёт дарс хоҳам дод ва аз зиндагиву фаъолияти нобиғаҳои он ба шогирдон нақл хоҳад кард, – қайд намуд Ситораи Назариён.
Ногуфта намонад, ки бобоҳои падариву модариаш аз аҳли зиёанд ва чунин муҳит барои соҳиби шаҳодатномаи аълову медали тилло гаштанаш таъсири мусбат гузоштааст. Ситора мегӯяд, ки ҳамеша назди бобову падар эҳсоси масъулият мекунад ва талош хоҳад кард, ки аъло хонаду пайрави касбу кори онҳо шавад.
Хушбахтона, чунин ҷавондухтарон байни мо хеле зиёданд, ки аз шароити созгор бо масъулияти том истифода мекунанд. Ситораи Назариён яке аз ҳамин ҷавондухтарони хушбахти мамлакати соҳибистиқлол мебошад.
Фархундаи РАВШАНЗОД,
донишҷӯйи соли аввали гурӯҳи тоҷикии
Донишгоҳи
давлатии Фарғона.