ҶАВОНЗАНИ ФАРҲАНГСОЛОР

Толори барҳавои факултети филологияи Донишгоҳи давлатии Фарғона намои идона касб карда буд.

Аъзои Комиссияи олии аттестатсионӣ иборат аз 18 нафар докторҳои илм ҳамон рӯз ду маърӯзаи даъвогарони унвонҳои илмии номзад ва доктори илмҳои филологиро дида мебаромаданд. Маълум шуд, ки то омадани банда як нафар рисолаи номзадиашро ҳимоя кардааст ва акнун навбати дувумӣ расидааст, ки ҳоло ба минбар хоҳад баромад. 
Устоди гурӯҳи тоҷикии факултети филология Фарҳод Исомиддинов, ки дар паҳлӯям  менишаст, оҳиста гӯшрас намуд, ки як ҷавонзани тоҷики риштонӣ рисолаи докториашро ҳимоя мекунад. Вай афзуд, ки довталаби доктори илм духтари устоди донишгоҳашон – Мухторҷон Зокиров аст. Дарвоқеъ, М.Зокировро ба ҳайси устодони беҳтарини донишгоҳ хеле хуб мешиносам. Вай даҳсолаҳо ба ин сӯ дар донишгоҳи мазкур ба шогирдон аз забони ноби форсӣ сабақ медиҳад. 
Хушҳол шудам, ки бо баҳонаи дидору мулоқот бо устодону донишҷӯёни гурӯҳи тоҷикии факултети филология бевосита дар ҷараёни ҳимояи рисолаи Соҳиба Зокирова ширкат мекунам. Вақте ки ҷавонзани хушлибосе ба минбар баромад, аввал коғазҳои худро ҷамъугир карда, барои баёни фикр омодагӣ гирифт. Ин дам толорро хомӯшии том ҳукмфармо гашт. Ҳама гӯшу ҳуш ба сӯи ӯ дӯхтанд ва ғайримунтазир, ин хомӯшӣ то анҷоми маърӯза идома намуд. 
– Мо баромади пурмуҳтавои даъвогари унвони илмии доктори улуми филология Соҳиба Зокироваро бо иштиёқ шунидем. Акнун аз шумо, аъзои Комиссияи олии аттестатсионӣ хоҳиш мекунам, ки бо навбат фикру назари худро дар робита ба банду басти рисолаи илмӣ ва ҷиҳатҳои мусбату манфии он баён кунед – гуфт раиси он доктори илмҳои филология, профессор Шарифа Искандарова.
 Бори аввал шоҳиди воқеаи дилпазир шудам. Ҳамаи баромадкунандагон дар бораи Соҳиба Зокирова суханҳои хуб мегуфтанд ва ба мазмуну мундариҷаи рисолаи ӯ баҳои баланд медоданд. Гуфта шуд, ки даъвогари унвони илмии доктори илмҳои филология муддати дароз заҳмат кашид ва ҳоло аз натиҷаи пурсамари он ҳамаи аъзои КОА ва устодони дигари донишгоҳ, ки он ҷо ҳузур доштанд, хеле хуб огоҳ гардиданд. 
– Ман ифтихор мекунам, ки роҳбари илмии Соҳиба Зокирова барин ҷавонзани оқилаву доно, покизакору меҳнатқаринро бар дӯш дорам. Вай барои ҳимояи рисолаи номзадии худ ҳамин гуна эҳсоси масъулият карда буд ва сарбаландона ба ҳимояи он рисола муяссар гардид. Ҳарфҳои маро ин ҷо ҳамтоёнам ҳатман тасдиқ хоҳанд кард, ки Соҳиба Зокирова салоҳият ва донишу тавони забту фатҳи қуллаҳои аз ин ҳам баланди илмиро дорад. Итминон дорам, ки аъзои Комиссияи олии аттестатсионӣ натиҷаи меҳнати пурмаҳсули ӯро қадршиносӣ хоҳанд кард, – гуфт доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳаммад Ҳакимов.
Баъд раиси КОА Шарифа Искандарова эълон кард, ки аз роҳи овоздиҳии кушод Соҳиба Мухторалиевна Зокирова унвони баланди илмии доктори илмҳои филологияро ба даст овард. Аҳли толор бо кафкӯбиҳо ин навиди хушояндро истиқбол гирифт. Дар пайи он ҳамкорону шогирдони зиёд ба вай гулдастаҳои тару тоза тақдим намуданд. Баъд вай бори дигар ба минбар баромад.
– Ҳанӯз зимни таҳсил дар мактаб аввал мехостам, ки мисли Энахон Боботошева омӯзгори синфҳои ибтидоӣ шавам, вале дар синфҳои болоӣ ба дарсу машғулиятҳои забон ва адабиёт меҳрам афзуд. Аз устодони зиёдам ба амиқтар омӯхтани ин фанҳо машғул шудам. Дар олимпиадаҳо ширкат намудаву ғолиб гардидам. Баъди хатми мактаб бе ҳеч дудилагӣ ҳуҷҷатҳоямро ба факултети филологияи  Донишгоҳи давлатии Фарғона супурдам ва аз имтиҳонҳои дохилшавӣ бо сарбаландӣ гузаштам, – ба ёд овард Соҳиба Зокирова. 
– Соли 2018 дар мавзӯи «Нақши парадигмаи илмии забоншиносии муқоисавӣ дар омӯзиши забонҳо» рисолаи номзадиро дифоъ кардам ва соҳиби дараҷаи илмии доктори фалсафа шудам. Таҳти роҳбарии доктори илмҳои филология, профессор Муҳаммад Ҳакимов таҳқиқоти илмиамро доир ба мавзӯи «Ҳодисаи конгруентӣ дар забонҳои системаҳои гуногун» идома додам, ба анҷом расонидам, – мегӯяд Соҳиба Зокирова.
– Коре, ки шумо анҷом додед, барои донишҷӯён ягон манфиат меоварад?
– Бе чуну чаро! Ҳамаи талошҳоям маҳз ба ҳамин равона шудааст, ки дар ояндаи наздик барои онҳо, хосатан донишҷӯёни магистратура китобҳои дарсӣ,  дастурҳои таълимӣ ва монография таълифу интишор намоем. Зеро дар замони ҳозира эҳтиёҷ ба чунин мавод хеле зиёд эҳсос мегардад ва дар ин замина ҳамтоёни дигарам низ бо корҳои илмии худ саҳми худро хоҳанд гузошт.
– Оё шуғли доимӣ ва пажуҳишҳои илмӣ барои занҳо ягон мушкил эҷод наменамояд?
– Ҳар як кор мушкилоти худро дорад, аммо шояд ин ҷиҳат барои занҳо, ки ғайр аз кору фаъолият, инчунин бори зиндагӣ, пухтани хӯрок, шустани либос, тарбияи фарзандон ва амсоли онро низ бар дӯш доранд, каме вазнинӣ кунад. Аммо агар пайвандон, шавҳар дар ин сангар ба шумо ҳамдастиву кумак кунанд, бори сангин аз дӯши шумо меафтад ва мушкилиҳо ба канор мераванд. Инро ман дар ҳаёти шахсиам эҳсос намудаам ва  бо муоидати онҳо кори илмиву таҳқиқотамро нисбатан ба осонӣ саранҷом бахшидаам. 
– Соли 2023 Соли эътибор ба инсон ва сифати таълим эълон шуд. Назари шумо?
–  Зимни Муроҷиат ба Олий Маҷлис ва мардуми Ӯзбекистон Президент чунин гуфт: “Баланд бардоштани сифати таълим ягона роҳи дурусти рушди Ӯзбекистони Нав аст!” Ин ҳарфҳои ӯ барои ҳар як корманди соҳаи таълим дастури кор бояд қарор гирад. Ба сифати омӯзгор гуфтаниам, ки баланд бардоштани сифати таълим ба кадрҳои малаканок ва боистеъдод низ сахт вобаста аст. Барои ҳамин мо дар тайёр кардани кадрҳои соҳаи таълиму тарбия бояд таҷдиди назар намоем ва масъулияти бештар эҳсос кунем. Фикр мекунам, ки барои татбиқи он дар донишгоҳи мо ҳамаи шароит ва имконият мавҷуд аст.
– Оё дар байни ҷавондухтарони ин донишгоҳ  пайравонатон ҳастанд, ки аз машаққатҳо ҳаргиз намеҳаросанд ва барои расидан ба ҳадафҳои худ устуворона талош меварзанд?
– Президент хосатан барои занону духтарон имкониятҳои беҳтару бештарро фароҳам меоваранд, ки аз ин мо басо сарфарозу хурсандем. Аммо магар вақти он нарасидааст, ки занону духтарон ҳарчи бештар  аз чунин имконияту шароитҳо истифода кунанд ва дар ҷомеа  мавқеъи худро мустаҳкам намоянд? Хушбахтона, дар ин росто пешравиҳо зиёданд ва дар донишгоҳи мо сафи духтароне сол аз сол меафзояд, ки мехоҳанд соҳибилму соҳибмаърифат шаванд. Дар айни ҳол чанд нафар духтарон аз ноҳияи Сӯх дар магистратура бо баҳои аъло мехонанд. Он рӯз дур нест, ки дар Донишгоҳи давлатии Фарғона сафи мо маҳз аз ҳисоби чунин духтарони соҳибмаърифату пуртакопӯ зиёд хоҳад шуд. Баъди ҳимояи рисолаҳои номзадиву докторӣ онҳо дар кишвар ва берун аз он низ обрӯву эътибор пайдо хоҳанд кард.

Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори 
“Овози тоҷик”.

Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: