ҶАВОҲИРОТИ НАЗМИ ФОРСӢ-ТОҶИКӢ ДАР ТАРҶУМА БА ӮЗБЕКӢ

Халқҳои тоҷик ва ӯзбек аз қадим дар муҳити ёриву бародарӣ паҳлӯ ба паҳлӯ кору зиндагӣ карда ва тавре ба назар мерасад, боғи адабиёташон дар як чаман сабз ва аз як сарчашма об хӯрдааст.

Ҳарчанд он ду халқ забони якдигарро хуб мефаҳманд, аз форсӣ ба туркӣ ва аз туркӣ ба форсӣ баргардониши намунаҳои бадеӣ дар ҷараёни адабӣ ба анъанаи нек табдил ёфта.
Хусусан, тарҷумаи адабӣ аз форсӣ (тоҷикӣ) ба туркӣ (ӯзбекӣ) тӯли асрҳои зиёд аҳамияти алоҳида касб намуд, ки ин бесабаб набуд. Давлатӣ будан ва эътибору нуфузи баланд доштани забони форсӣ-тоҷикӣ илқо мекард намояндагони халқҳои дигар, минҷумла, туркзабонҳо бо ин забон эҷод кунанд. Баъдтар аз осори форсӣ-тоҷикии Форобӣ, Паҳлавон Маҳмуд, Лутфӣ, Фонӣ, Бобур, Байрамхон барин суханварони варзида ба туркӣ-ӯзбекӣ, ки забони модарии эшон аст, намунаҳо тарҷума карда шуданд. Асарҳои дар шакл ва навъ гуногуни классикони  адабиёти форсӣ-тоҷикӣ бошад, ба таври фаровон ба туркӣ-ӯзбекӣ баргардонда мешуданд. Дар ин кор, хусусан, Муҳаммадризо Огаҳӣ, Муниси Хоразмӣ, Муҳаммад Ёқуб Чингий, Азфарӣ, Бокӣ, Мирӣ барин соҳибони қалам, ки маҳорати хуби тарҷумонӣ низ доштанд, намуна гардиданд. Тарҷума аз тоҷикӣ ба ӯзбекӣ дар адабиёти давраи нав аз ҷониби Муинзода, Фитрат, Муҳаммадҷон Васфӣ, Ҷонибек Қувноқ, Ҷамол Камол, Эргаш Очилов ва дигарон равнақи тоза ёфт. Анъанаи мазкурро имрӯзҳо шоир ва мутарҷими хушсалиқа Олимҷон Бӯриев бо ҳавсалаи том идома мебахшад.
Ба наздикӣ нашриёти «Ӯзбекистон» аз силсилаи «Дурдонаҳои адабиёти ҷаҳон» «Назм-ул-ҷавоҳири Эрону Тӯрон» ном китоби тарҷумаҳои ӯро ба табъ расонд. 
Дар он беҳтарин намунаҳои эҷодии шоирони порсигӯ, ки тӯли бештар аз даҳ аср дар Эрону Тӯрон зиндагию эҷод кардаанд, дар тарҷума ба ӯзбекӣ ҷой гирифтаанд. Беҳтарин ғазалиёти форсии шоирони зуллисонайни туркизабон низ ба ӯзбекӣ баргардонда шудаанд.
Ба китоб академик, Арбоби шоистаи фанни Ӯзбекистон (шодравон) Азиз Қайюмов сарсухан навиштааст. Аз устод Рӯдакӣ сар карда, то Ниҳонӣ (Ҳамза) намунаҳои назмии наздик 90 нафар ба ӯзбекӣ тарҷума ва дар бораи ҳар яки онҳо маълумоти мухтасар дода шудааст.  Ашъори Айнӣ, Мирзо Турсунзода ва Мӯъмин Қаноат низ дар тарҷума ба ӯзбекӣ шевою зебо садо медиҳанд.
Қобили таваҷҷӯҳ он ки ҳар як намуна бо вазни ҳиҷо не, бо арӯз тарҷума карда шудааст. Яке аз шоҳасарҳои адабиёти ҷаҳонӣ «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ чанде пеш аз ҷониби  як гурӯҳ мутарҷимон бо ҳиҷо ба ӯзбекӣ гардонида ва рӯи чоп дида буд. Олимҷон Бӯриев бошад, порчаҳои ҷудогона аз «Шоҳнома»-ро бо вазн ва оҳанге, ки дар асл садо медиҳад, тарҷума ва тавассути «Назм-ул-ҷавоҳири Эрону Тӯрон» ба китобхонон тақдим доштааст.

Ш. МАҲМУДҶОНОВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: