ҶАҲИШИ НИҲОЯТ КАЛОНИ ДЕМОКРАТИЯИ ӮЗБЕКИСТОН

Чунин ном дорад мақолае, ки дар рӯзномаи «Daily Pakistan»-и Покистон чоп шудааст.

Муаллифи мавод сиёсатшиноси бонуфузи Покистон, журналист Ирфон Шаҳзод, ки дар интихоботи парлумонӣ ба сифати нозири байналхалқӣ дар 17 қитъаи интихоботии шаҳрҳои Фарғона, Марғелон ва Қӯқанд иштирок кардааст, ба ҳисоб меравад.
Вай шавқу рағбати калони интихобкунандагонро ба воқеаи муҳими сиёсӣ дар Ӯзбекистон, дар сатҳи баланд ташкил карда шудани интихобот ва саводнокии сиёсии ҷомеаи Ӯзбекистон муфассал кушода медиҳад.
Аз ҷумла, муаллиф дилпурии интихобкунандагонро аз он ки онҳо ба воситаи иштирокашон дар интихобот ба рушди демократии мамлакат ҳиссаи худро ҳамроҳ менамоянд, қайд мекунад. Вай инчунин, чораҳои махсуси барои одамони имконияти ҷисмониашон маҳдуд андешидашударо мусбат арзёбӣ менамояд: «Намояндагони қитъаҳои интихоботӣ ба хонаҳои онҳое, ки  барои овоздиҳӣ баромада наметавонанд, рафтанд».
И. Шаҳзод талаботи қонунгузориро оиди аз ҷониби ҳизб ба депутатӣ дар интихоботи парлумонӣ пешбарӣ гардидани номзадҳои занонро, ки дар натиҷаи он миқдори умумии занон дар байни номзадҳо ба депутатӣ беш аз 40 фоизро ташкил дод, алоҳида таъкид менамояд.
Коршиноси покистонӣ натиҷаи интихоботро як ба як шумурда, фикру ақидаи нозирони байналхалқиро қайд менамояд, ки мувофиқи он Ҳизби либераливу демократии Ӯзбекистон дар парлумон ҷойи зиёдтаринро ба даст овард, ки ифодаи равшани боварии халқи Ӯзбекистон ба сиёсати Президент Шавкат Мирзиёев мебошад, ки ташаббус ва саъю кӯшиши вай мамлакатро ба роҳи пешрафти муназзами иқтисодӣ ва сиёсӣ баровард. Инак, ин як навъи изҳори боварӣ ба роҳбари давлат мебошад.
И. Шаҳзод боварӣ дорад, ки интихоботи дар Ӯзбекистон баргузоргардида на танҳо дар роҳи демократикунонии ҷумҳурӣ қадами калон мебошад, балки метавонад барои мамлакатҳои минтақа ва берун аз ҳудуди он ба сифати модели нав хидмат кунад.
Дар хотимаи мақола муаллиф аз он изҳори боварӣ менамояд, ки «Ӯзбекистон бо давлатҳои минтақа, инчунин Осиёи Ҷанубӣ ва Ғарбӣ тадриҷан наздик шуданро идома медиҳад».

АА «Дунё»
ФРАНКФУРТИ НАЗДИ 
МАЙН

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: