ҶАҲОН МУҲИМ БУДАНИ ҲАМОИШИ САМАРҚАНДИИ СҲШ ВА ТАШАББУСҲОЕРО, КИ ПРЕЗИДЕНТИ ӮЗБЕКИСТОН ПЕШ ГУЗОШТААСТ, ТОРАФТ БЕШТАР ДАРК МЕНАМОЯД

Ҳамоиши СҲШ дар Самарқанд ва мулоқотҳои дуҷонибаи дар доираи он баргузоргардида дар маркази таваҷҷуҳи ҷомеаи байналмилалии таҳлилӣ қарор дорад.

Узви Кумитаи оид ба корҳои хориҷӣ ва ҳайати равобит бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистони Парлумони Аврупо Террӣ МАРИАНӢ:
– Мехостам ташкилкунандагон ва иштирокчиёни ҷамъомади 22-юми Шӯрои сарони  давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхайро барои ташкили ин чорабинии муҳим дар вазъияти муташанниҷи байналмилалӣ табрику таҳният мегӯям.
Муносибати бисёрҷониба масъалаи муҳими таҳавуллоти ҷаҳони бисёрқутбии мост. Он метавонад танҳо ба туфайли иродаи озоди халқҳои бузург кор кунад, то ки танзими байналмилалии масъалаҳоро дар асоси адолат ва дониши ҳамдигар таъмин намояд. Зеро, тамоми ҷаҳон муҳим будани ташаббусҳои ба ин монандро, ки онҳоро Президент Шавкат Мирзиёев «Рӯҳи Самарқанд» меномад, дарк менамояд. 
Муовини директори Маркази тадқиқоти Русия дар Донишгоҳи халқии Чин, профессор Ван СИЯНҶУ:
– Ба назари ман сафари давлатии Раиси ҶМЧ Си Сзинпин ба Ӯзбекистон пурсамар буд. 
Ин асосан дар се ҷиҳат инъикос меёбад:
Якум, Ӯзбекистон роҳбари Чинро аз маросими истиқбол дар аэропорти Самарқанд сар карда, бо суруду рақсҳо, то супурдани мукофоти олии давлатӣ – ордени «Олий даражали дӯстлик» ба Раиси ҶМЧ Си Сзинпин самимона ва дӯстона истиқбол намуд, ки ин пурра ҳисси дӯстии халқи Ӯзбекистонро ба Чин инъикос намуд, ҳамдигарфаҳмӣ ва дӯстии байни ду халқро мустаҳкам кард. 
Дуюм, ин сафари ниҳоят амалиест, ки ба рушди минбаъдаи муносибатҳои байни Чин ва Ӯзбекистон мусоидат мекунад. Аз музокироти байни Раис Си Сзинпин ва Президент Шавкат Мирзиёев сар карда ва бо имзои як қатор ҳуҷҷатҳо дар бораи ҳамкорӣ байни ду ҷониб анҷом дода, дар рушди муносибатҳои Ӯзбекистону Чин як қатор лоиҳаҳои нав пайдо шуд.
Сеюм, ташриф  инчунин сарварии қавии Президент Шавкат Мирзиёевро инъикос намуд. Суханронии Президенти Ӯзбекистон ҳангоми мулоқот бо Си Сзинпин ва дар рафти ҳамоиши давлатҳои аъзои СҲШ ба тамоми ҷаҳон тавоноии барҷастаи ӯро намоиш дод. Ӯ натанҳо дар рушди муносибатҳои Чину Ӯзбекистон, балки дар муваффақияти ин нишасти СҲШ саҳми бузург гузошт. 
Боварӣ ҳосил кардан мумкин аст, ки таҳти роҳбарии Президент Шавкат Мирзиёев Ӯзбекистон дар оянда дар соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ба пешравиҳои бештар ноил гардида, дар ҳамгироии минтақаи Осиёи Марказӣ, дар рушди СҲШ ва дар корҳои байналмилалӣ нақши бештар хоҳад дошт. 
Асосгузори Донишкадаи Осиёи Марказӣ ва Қафқоз, профессор Фредерик Старр:
– Барои самаранок истифода бурдан аз имкониятҳои худ Ӯзбекистон дар солҳои охир ба муносибатҳо бо давлатҳои ҳамсоя таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Кишвар давраи мураккаби муносибатҳои минтақавиро аз сар гузаронд. Дар давраи президентии Шавкат Мирзиёев дарҳои кишвар васеъ кушода шуд ва Ӯзбекистон бо ҷаҳони  беруна робитаҳои васеъ ва наздик барқарор кард, ки то ҳол дида нашуда буд. Ин як қисми хеле муҳими сиёсати Ӯзбекистон дар мавриди кушодани имкониятҳои нав аст ва он хеле самаранок мебошад.   
Бо табрикоти самимӣ ба Президент ва халқи Ӯзбекистон қадамҳои навро интизорам, ки ба таъсиси сохторҳои нави муассир дар минтақа ҷиҳати таъмин ва рушди ҳамкориҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ нигаронда шудаанд.  
Роҳбари Маркази омӯзиши Авруосиё, сарвари Асотсиатсияи рушди муносибатҳои байни Испания ва Ӯзбекистон Фернандо МОРАГОН:
– Ин ҳам дар минтақа ва ҳам дар ҷаҳон рӯй-доди таърихӣ мебошад. Дараҷаи аҳамияти сиёсии ҳамоиши Самарқанд, бешубҳа, аз он вобаста аст, ки ин рӯйдоди ҷа-ҳонӣ дар шароити душвори рӯ ба афзоиш ёф-тани зиддиятҳои геосиёсӣ дар ҷаҳон сурат мегирад. 
Дар нишасти сарони СҲШ, ки дар Самарқанд баргузор шуд, беш аз 40 ҳуҷҷат, аз ҷумла санадҳои молики хусусияти консептуалӣ ва стратегӣ ба имзо расид, ки дар таърихи созмон бесобиқа аст ва имрӯз аҳамият дорад. 
Мехостам консепсияҳои ҳамкории кишварҳои узви СҲШ-ро оид ба рушди робитаҳои мутақобила ва офаридани долонҳои самараноки нақлиётӣ, дар соҳаи кишоварзӣ, ҳамкорӣ дар соҳаи истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, ҳавасмандгардонии ҳамкориҳои саноатӣ, рушди саводнокии рақамӣ, инчунин нақшаи чорабиниҳои амалиёти якҷоя оид ба рушди савдои дохилиминтақавӣ қайд намоям.
Ташаббуси Ӯзбекистон дар мавриди даъвати теъдоди зиёди давлатҳо, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ба ҳайси меҳмон ва нозир азми роҳбарияти кишварро барои ташкил кардани платформаи муассир барои муколамаи бисёрҷониба бо мақсади рафъи бӯҳрони афзояндаи эътимод, баргардондани муносибатҳои байналмилалӣ ба самти инкишофи конструктивӣ ба манфиати амнияти умумӣ, субот ва тараққиёти устувор нишон медиҳад. 
Доктори илмҳои сиёсӣ, коршиноси эронӣ оид ба кишварҳои Ховари Миёна ва Қафқоз Ҳусейн Воҳид КИЁ:
– Ҳамоиши СҲШ дар Самарқандро метавон яке аз муҳимтарин рӯйдодҳои солҳои охир дар заминаи ҳамгироии минтақавӣ ва ҷаҳонӣ арзёбӣ кард. 
Эҳёи «рӯҳи шарқӣ» ин да-фъа аз Самарқанди афсонавӣ ва ҷовидона дар саросари ҷаҳон паҳн мешавад. 
Иштироки сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхайро, ки ба он Президенти Ӯзбекистон роҳбарӣ мекунад, метавон нуқтаи гардиш дар рушди таърихии ин созмон арзёбӣ кард, ки аз нақши тағйирнопазири он дар таъмини сулҳу субот ва амнияти минтақавӣ ва ҷаҳонӣ шаҳодат медиҳад. Дар оянда бошад, ин созмон нақши муҳими худро дар таъмини рушди устувори кишварҳои ширкаткунанда тасдиқ мекунад. 
Ин созмон тавонист дар муддати кӯтоҳ худро ҳамчун сохтори бонуфуз дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ кунад, ки бо миқёс ва таркиби худ фарқ мекунад. Ҳамчунин, аксари кишварҳои узви ин созмон, ки суботи сиёсӣ ва идоравӣ доранд, тавонистанд дар байни худ ба эътимоди мутақобила сазовор шаванд, ки ин бояд яке аз хусусиятҳои хоси СҲШ арзёбӣ шавад. 
Нишасти Самарқандро метавон нуқтаи гардиш дар равобити Ӯзбекистон ва Эрон арзёбӣ кард.
Бо итминон метавон гуфт, ки сафари Президенти Эрон Иброҳим Раисӣ ба Самарқанд ва музокироти ӯ бо Президент Шавкат Мирзиёев дар таҳкими минбаъдаи равобити ду кишвар гардиш ба вуҷуд овард. 
Имзои 18 ҳуҷҷати ҳамкориҳои дуҷониба дар ин сафар нишонаи ҳақиқӣ ва решаҳои амиқи равобити ду кишварро нишон медиҳад. Энергетика, транзити мол, сайёҳӣ ва рушди ҳамкории илмию техникӣ, тандурустӣ ва кишоварзӣ ба самтҳои хубу ояндадори ҳамкориҳо табдил ёфта, ба рушди минбаъдаи устувор ва шукуфоии ду кишвар хидмат мекунанд. 
Умуман, рӯҳияи афсонавии Самарқанд, таърихи ғанӣ ва роҳи мутамаддини Ӯзбекистону  Эрон, инчунин узвияти ду давлат дар Созмони ҳамкории Шанхай барои таҳкими минбаъдаи муносибатҳо ва эътимоди мутақобила заминаи муносиб фароҳам овард.
АИ «Дунё». 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: