ҶАҲОНБИНӢ, АҲВОЛИ РӮҲӢ ВА ЭЪТИҚОДИ КАМОЛИ ХУҶАНДӢ

Мегӯянд, ки Камоли Хуҷандӣ аз айёми тадрис дар мадраса аз парҳезу покӣ илҳом мегирифт ва аз худ ҳолатҳои аҷибе нишон медод.

Мегӯянд, ки Камоли Хуҷандӣ аз айёми тадрис дар мадраса аз парҳезу покӣ илҳом мегирифт ва аз худ ҳолатҳои аҷибе нишон медод. Агар чунин намебуду дар сар ҳавои муҳаббати Худованд намепарварид, сарфароз намешуд:
Ман дар замона пояи қадре надоштам,
Савдои қомати Ту маро сарфароз кард...
Чун сарфарозу арҷманд гардид, ба сифати як мусалмоне, ки қудрату тавоноӣ дошт, дар миёнаҳои умр барои адои яке аз аркони Ислом аз тариқи Самарқанд ба зиёрати Хонаи Худованд азму ҷазм намуд:
Рафт овоза, ки имсол ба ҳаҷ рафт Камол,
Бас муборак сафаре, чун ту ба ӯ ҳамсафарӣ...
Дар бозгашти сафари Маккаи мукаррама обу ҳавои Табрезро писандид ва иқомат ихтиёр намуд. Навиштаанд, ки: “Подшоҳи Табрез Султон Увайси Ҷалоирӣ Камолро хеле хуш пазируфт ва дар нимфарсахии берун аз шаҳр дар Валиёнкӯҳ ном мавзеъ барояш манзили муносибе биёрост, ки дорои боғи зебо ва хонақоҳу савмаае буд”.
Аз ин гуфтаҳо маълум мешавад, ки Камол ба сифати пире, муршиде, ё орифи ҳақшиноси машҳуре ва ё солики роҳу тариқати Ҳақ, ки тавассути “сайрун илаллоҳ”, ки ниҳоят дорад ва ё “сайрун фӣ Аллоҳ”, ки ниҳоят надорад, қадам ба Табрез ниҳодааст, ки шоистаи эҳтироми Султон Увайс гардидааст.
Худи Камол низ дар як қитъаи худ аз ин маънӣ хабар додааст:
Мо ба тадриҷ дар мақоми сулук
Хайма дар паҳлуи малак задаем...
Аз ҷониби дигар агар Камол унвони “Хоҷа”-ро аз падараш, ки аз хоҷагони бонуфуз ва олимони бофазли дин будааст, ба мерос гирифта бошад, пас ба мақоми орифу шайх расидани ӯ ҳанӯз аз забони ҳамзамононаш тасдиқ ёфтааст. Ин маъниро аз нигоштаҳои тазкиранависон ва низ аз қитъаи Хоҷа Абдураҳим Хилватӣ, ки нисбати вафоти Хоҷа Камол гуфтааст, метавон дарёфт:
Орифи ҳақшинос – Шайх Камол,
Ки ҷаҳонро ба шеъри тар бигрифт... 
Дигар аз ҳамасрони шоир дар қитъае ишора кардааст:
Шайхи муршид Камоли миллату дин,
Дӯш мегуфт рамзе аз сари ҳол...
Мумкин аст Камол ба Табрез илова бар орифу шоири намоён будан ҳамчун Шайх Саъдӣ ё Мавлои Рум бо дастовезе аз расоили насрӣ низ ворид шуда бошад. Вагарна дар қитъаи дигари худ намегуфт:
Ба назму наср гирифтам, ки Саъдии вақтам,
На ман зи хоки Хуҷандам, ту аз Самарқандӣ...
Вале ба ибораи Алиасғари Шеърдӯст “... Ва аммо Камол илова бар шеър дар наср ҳам соҳибзавқ буда, ...аммо асаре аз онҳо ба шефтагони имрӯз нарасидааст”.
Аз мутолиаи қитъа ва ғазалиёти Камол бармеояд, ки Камол домангири пири тариқат низ будааст. Вале дар ягон ҷо “аз он пир ном набурдааст”. Аз ин рӯ, аксари муҳаққиқони осори Камол, хоса шодравон Холиқ Мирзозода, Шарифҷон Ҳусейнзода, Аълохон Афсаҳзод ва чанд тан аз муҳаққиқини эронӣ, дар тадқиқоташон ӯро аз тариқат дур андохтаанд. Барои тардиди хулосаҳои онон кофист, ки матлаъи як-ду ғазали Шайх Камолро ёдоварӣ кунем:
Моро ба ишқ мекунад иршод пири мо,
Донад, ки зоҳидӣ набувад дилпазири мо...
Ё худ:
Аз ошиқӣ ҳамеша ҷавон аст пири мо,
Холӣ мабод ишқи бутон аз замири мо... 
Дар асре, ки Камол ба сифати як солик, ё ориф ва ё ба иборати худаш “дурдикаши хоҳони сабӯ” рӯ ба шеъру шоирӣ ниҳод, шеъру адаб ба авҷи аълои худ расида буд. Акнун Камолро лозим меомад, ки дар сурудани ғазал бо шоироне чун Хоҷа Ҳофизу Салмони Соваҷӣ, Ҳоҷуи Кирмониву Ҷалоли Табиб ва амсоли онҳо ҳампоӣ кунад. Чунки дар ин давра суннатҳои таълимотии тасаввуф ба ҳадди камол расида дар шеър нуфуз карда буд. Дар ғазалиёти Камол ҷаҳонбини, вай нисбат ба таълимоти тасаввуф зуҳур ёфта, ин дид ва аҳволи рӯҳии сӯфиёна батадриҷ ташаккул ёфта, роҳи зуҳду тақво паймудааст. 
Агар дар ибтидо Камол худро аз дурдкашони андар талаб нишон дода:
Бо мани дурдкаш сабӯ бидиҳед,
Мунтаҳо бар сарам аз ӯ биниҳед...
***
Бо ёди лабат соқӣ чун май ба қадаҳ резад,
Сад кушта ба як соат аз хок барангезад...
Ва батадриҷ худро сӯфии некэътиқод мепиндорад:
Сӯфияму мӯътақиди некувон,
Кист чу ман сӯфии некэътиқод?
Баъзе аз муҳаққиқони ашъори Камол ӯро маломативу  ринд хондаанд. Ва аммо гурӯҳи дигари таҳқиқгарон дар ин бора ифрот кардаанд. Яъне Камолро дар ақида аз ҳадди ринди маломатӣ то ба индунёиву даҳрӣ ва мункири дину оини расмии Ислом бурдаанд. Барои намуна нигоштаеро «Аз таърихи адабиёти тоҷик», қисми 2, саҳ. 268 меоварем:
1. “Камол дар ҷаҳонбинӣ бехудо нест. Агар чунин аст, афзалияти ҷаҳонбинии ӯ нисбат ба ҳамасрон дар чист? Дар он аст, ки Худоро эътироф карда, аз мавқеи озодфикрон дини расмии ислом, шариати он ва ходимони дину давлати феодалиро рад менамояд. Чунин инкор дар ду соҳа рӯй додааст: Яке бобати ақида, дигаре, дар муносибат ба муассиса ва ходимони дин. Масалан, аз рӯйи эътиқоди динӣ ҳар як мусулмон агар бандаи нек бошад, дидори Худоро рӯзи қиёмат — рӯзи растахез хоҳад дид. Аз рӯйи ақидаи риндон ва Камол чунин ақида ғалат, нодуруст ва хом аст, зеро дубора зинда шудан, ки дин таълим медиҳад, нест”. 
2. “Камол ҳамчун шоири эътирозкори зидди нуқсонҳои феодалӣ барои ба ин ақида муқобил баромадан рӯзи қиёматро инкор мекунад ва дар ҳамин ҷаҳон имконпазир будани дидори Худоро талқин мекунад. Дар бораи диндории софдилона дар «он дунё» ба муъминон умри дубораи ҷаннат, ҳуру ғилмон, ҷӯйи ширу май ва боғҳои зебо ваъда медиҳад, ки ҳама нася аст. Аз назари Камоли ринд модоме ки рӯзи қиёмат нест, пас, ваъдаи биҳишт ва азоби дузах ҳам дурӯғ аст. Дар ақидаи Камол рӯзи ҳисоботи кирдори банда ҳамон рӯзест, ки маъшуқа ё ки Худо амалиёти афъоли ошиқи худро бо нозу итоб ба ҳисоб мегирад: 
Рӯзе, ки ба ман нозу итобат ба ҳисоб аст, 
Он рӯз маро рӯзи ҳисоб асту азоб аст.
Аз ин ҷост, ки биҳишту нозу неъмати онро дар ин дунё бояд талабид, ба «он дунё» бовар кардан хаёл ва савдои хом аст:
Зоҳид шудаст дар тамаи бодаи биҳишт, 
Танҳо на хидматаш, ки тамаъ низ хом шуд.
Пас, биҳишт даргоҳ ва кӯйи ёр аст:
Кӯйи ту хоҳад ин дили овора бе биҳишт, 
Мурғи ғарибро зи гулистон ватан беҳ аст”.  (Саҳ. 289)
Бигузор Камол маломатӣ бошад, ринди хароботӣ бошад, вале ҳеч гоҳ мункири Худову Расул ва шариати Ислом набудааст. Вай баъсу растохез, биҳишту дӯзах, намозу рӯза, хирқаву саҷҷода, тасбеҳу зуннорро ҳамчун орифи шоир ба сифати воситаҳои тасвир истифода намудааст.
Биёед, як-ду байт аз девони Камолро, ки даҳриён сатҳи шарҳ додаанд, бо истифода аз фарҳангу луғатҳо маънӣ мекушоем:
Ҳалол бод майи хулду ҳур зоҳидро,
Ки вогузошт ба риндон шаробу шоҳидро.
Ин ҷо агар маънии “шароб” ва “шоҳид” ошкор шавад, аз байт маънӣ гирифта метавонем. Шароб дар истилоҳ ғалабаи ишқ аст. Шароб ҳаммонанди май аст, вале майест, ки ба камолот расидааст. Вай махсуси комилон аст, ки дар ниҳояти сулук истодаанд. Шаробро Камолу ҳамрадифонаш киноя аз сукри муҳаббат ва ҷазбаи Ҳақ низ истифода кардаанд. Яъне ишқу завқу сукрро ба шароб ташбеҳ додаанд.  Ҳофиз мегӯяд:
Шаробу шамъу шоҳид айни маънист,
Ки дар ҳар сурате ӯро таҷаллист.
Камол барои он ки назмаш ба шеър табдил ёбад, дар муқобалаи ашёи ҷисмонӣ чизҳои рӯҳонӣ: шаробу шоҳидро гузоштааст. 
Дар ҷойи дигари китоби мазкур омадааст:
3. “Шоири ринд Камол сӯхтани предметҳои динӣ – саҷҷодаву хирқа ва ё чизҳои хоси риндон иваз кардани онро тавсия намудааст, ки он нафрат ба дини расмист:
Мо бисоти некномӣ боз тай хоҳем кард,
Хирқаву саҷҷода раҳни нуқлу май хоҳем кард”. (саҳ.270).
Ин ҷо калимаҳои шарҳталаб чортоанд: хирқа, саҷҷода, нуқл, май. Хирқа ҷомаест аз порчаҳо, ки астари он аз пӯст аст ва одатан шайх (пир) ба нуфузи нури басират ва ҳусни фаросат дар ботини аҳволи мурид нигарад ва дар ӯ осори ҳусни ошноиву пешқадамӣ ва сидқи иродати ӯ дар талаби Ҳақ мушоҳида намояд, вайро хирқа пӯшонад, то мубашшири ӯ гардад ба ҳусни инояти Илоҳӣ дар ҳаққи ӯ, ки онро хирқаи иродат гӯянд. Дар ин байт муроди Камол аз овардани калимаи хирқа зоҳири вуҷуд, яъне тан буда ишора ба чизи бебақост. Дар ин байт саҷҷода ба маънии ҷойнамоз наомадааст. Дар истилоҳи сӯфия садди ботини соликро, яъне ҳарчи рӯйи дил бар он бошад, саҷҷода гӯянд. Таҳонавӣ гӯяд: Касе, ки бар шариату тариқат ва ҳақиқат устувор бошад, саҷҷода гӯянд. Ва муарраби се ҷода афтодааст: мурод аз се ҷода шариат, тариқат, ҳақиқат бошад. Ин ҷо истилоҳи саҷҷода ҳам ҳамонанди ҳукми хирқа аст, яъне мақоми таваҷҷӯҳи нафсу дил аст. Ҳофиз, ки “Ба май саҷҷода рангин кун,..” мегӯяд, ин ишора ба иртикоби гуноҳ ва рамзи пайдарпай омадани файзи Илоҳӣ аст. Ин ҷо саҷҷода мақом ва ҷой аст (нафси нотиқа, дил – маҳалли ҳосил шудани маъниҳо ва хазинаи сирру асрори Илоҳӣ). Май ғалаёни ишқ аст ва завқест, ки аз дили солик баромада, ӯро хушнуд гардонад. Нуқл (газак, ҳалқосо) аз асбоби май аст. 
Дар ин байт низ Камол аз санъати тазод истифода намуда, ашёи моддиро (хирқаву саҷҷода) ба чизҳои маънӣ (нуқлу май) зид гузошта, олами ҷисмониро раҳну фидои олами рӯҳонӣ намудааст. 
Чуноне ки дидем, дар ин ду байт ҳеч гуна “инкори биҳишт” ва “нафрат ба дини расмӣ” дида намешавад. 
Маҳорат ва ҳунари волои Камол дар шеъру шоирӣ ҳамчун Ҳофиз дар духӯра будани тамоми ашъораш аст. Яъне дар ашъори Камол, хоса ғазалиёташ қариб тамоми вожаву истилоҳот аз маънии аслиаш мунсариф мешавад. Мутаассифона мо ҳангоми мутолиа аз зоҳири ашъор ҳукм мебарорем ва ба ботини онҳо эътиное намесозем. 
Адабиётшиноси дигаре фармудааст: “Камол ҳам аз танқид кардани он нуқсонҳо дар канор намондааст, вале вай мисли дигар шоирони гузашта на сабабҳои он нуқсонҳои ҷамъиятиро, балки ҳосили онро, ки аз рӯҳониёни мутаассиб, зоҳидони мардумфиреб, қозӣ ва фақеҳҳои мунофиқ иборат буданд, сахт танқид кардааст ... (ин ҷо шаш байти пароканда оварда шудааст. – Р.Қ.) 
Камол шахси диндор бошад ҳам, худро ба қайди расмияти дин набаста, дар танқиди амалиётҳои он (мисли рӯза, намоз ва ғайра) суханҳои тамасхуромезро дареғ надоштааст:
Соқиё, бода деҳу нуқл, ки шуд навбати он, 
Ки дигар рӯза хӯрему ғами рӯзӣ нахӯрем. 
Паст шуд ғулғули тасбеҳу таровеҳ ҳанӯз, 
Ба ҳақи рӯза, к-аз он валвала бо дарди сарем. 
Рӯза хӯрдему қасам ҳам ба намози ту, Камол, 
Ки дигар дарди сари хеш ба масҷид набарем.
Ҳамаи ин гуна танқидҳо ва хӯрдагириҳо бар асоси риёкорӣ — фиребу дурӯягии гурӯҳи муфтхӯрони ҷамъияти асримиёнагӣ қарор ёфтаанд. Нафрат намудан ба ин гуна гурӯҳҳо на танҳо ба Камол, балки ба дигар шоирон ва нависандагони пешқадами он замон, чун: Ҳофиз, Носири Бухороӣ, Убайди Зоконӣ ва дигарон низ хос аст”. 
Дар намунаи боло се байти охири як ғазали Камол оварда шудааст. Ва агар адабиётшинос чаҳор байти аввали ғазалро низ шарҳ медод, хулосагириаш ранги дигар мегирифт. Биёед, сари матлаи ғазал андеша ронем:
Иди май омаду вақт аст, ки дар маҳ нигарем,
Парда баргир, ки аз маҳ ба ту муштоқтарем. 
Дар ин байт калимаҳои асосӣ “ид”, “май”, “маҳ” ва “парда” мебошанд. Ид фанои солик, бардошта шудани парда байни солик ва Ҳақ, ҳамчунин таҷаллии ҷамоливу ҷалолии Ҳақ бар қалби солик аст. Барои орифон дидори Худованд ва ҳама гуна таҷаллиёти он ид аст. Орифе гуфтааст:
Чу орифрову ошиқро ба ҳар соат бувад иде,
Набошад мунтазир соле, ки то айёми ид ояд.
Яъне орифону ошиқон як соли дароз мунтазири идайн намешаванд, чунки ҳар ону ҳар рӯз барои онҳо ид аст. Майро дар боло шарҳ додем. Маҳи мисраи аввал дидори Худованд ва маҳи мисраи дувум маҳи осмон аст. Парда ҳиҷобест миёни банда ва Ҳақ, яъне монеаест байни ошиқ ва маъшуқ. Камол дар ин байт ба зоти Худованд муроҷиат намуда гуфтанист, ки таҷаллиёти ҷамолат ошкор шуду (иди май) вақти нишон додани ҷамолат (маҳ) омад ва акнун ҳиҷобу монеаҳоро бартараф намо, ки ба идайни ту (маҳ) не, ба Худат муштоқем... Камол назари худро (байти аввалро) дар байтҳои минбаъда тақвият медиҳад:
Аз ҷамоли ту, ки ид асту ба маҳ монад рост,
Гар гуморем назар бар маҳи нав каҷназарем...
Ва меоям ба абёти боло, ки адабиётшинос шарҳ додааст. Яъне: Соқиё, бода деҳу нуқл, ки шуд навбати он... 
Ин ҷо лозим меояд ба вожаи “соқӣ” равшанӣ андозем. Дар ашъори сӯфиёну ангоштаҳои орифон соқӣ киноя аз файздиҳандаи мутлақ, яъне зоти Худованд буда, баъзан ба маънии соқии Кавсар –        паёмбари Ислом низ омадааст. Ҳамчунин ба истиора аз калимаи соқӣ муршиди комил низ дар назар дошта шудааст. Бода низ яке аз навъҳои шароб ё май аст. Баъзан бодаро ба маънии ишқи заиф низ корбаст мекунанд, ки хоси авом ва ё солики ба тозагӣ тариқат ихтиёркарда аст. Чаро Камол ин ҷо май ё шароб деҳ нагуфтаасту бода деҳ гуфтааст? Дар боло таъкид намудем, ки май ҷисмонӣ ва рӯҳонӣ мешавад. Дар бораи майи ҷисмонӣ ва рафти омода шудани он осори зиёде, аз қабили қасидаи “Модари май”-и Устод Рӯдакӣ (94 байт), “Қасидаи хамрия”-и Башшори Марғазӣ (31 байт), ашъори хамрияи Манучеҳрӣ ва чанде дигар ба мерос мондааст. 
Мурод аз ёдовар шудани майи ҷисмонӣ ва мутааллиқоти он ин аст, ки майи рӯҳонӣ низ зинаҳои худро дорад. Дар адабиёти суфия ин зинаҳоро ба анвоъи май ташбеҳ кардаанд: Дурдӣ (дурд, дурда, таҳнишини шароб) – таҷаллии осории Илоҳӣ, ки дар сурати эҳсосот рӯй медиҳад. Аз ин ҷо вожаҳои дурд(и)каш ба маънии касе, ки дурдиҳои (таҳи зарфҳои шароб) майро менӯшад (сӯфиёни якранг): Дурдӣ, бода, май, шароб... 
   Тасвири май ва асбоби он дар асрҳои ба баъди Камол низ фаровон роҳ ёфтааст. Навоӣ (Фонӣ) дар бисёр маврид ҳангоми кор фармудани истилоҳоти боло ба ҳини омода кардани майи ҷисмонӣ низ ишораҳо дорад. Чунончи, даҳҳо маврид вай хуми майро ба тасвир гирифтааст:
Фитод андар дили дурдикашон ҷӯш,
Чу дурди бода дар хум гашт ҷӯшон.
Ё худ:
Ба ман паймона деҳ, соқӣ, чу бо риндон диҳӣ соғар,
Хуми майро вале баҳри дили ман соз паймона.
Мурод аз муқобилгузориҳои боло ин аст, ки мо ҳангоми мутолиа аз ботини ашъори Камол ва пешиниёну пасояндагонаш баҳравар шавем. Яъне бидонем, ки соликони тариқат барои роҳ ёфтан ба “майхона” нахуст хидмати бошандагони онро (дурдикашӣ) мекунанд. Сипас паймона дар даст майи маънавиро ҷӯё мешаванд ва то пур шудани ҷоми шароб аз майкада берун намераванд.
Бармегардем бар сари матлаб: Дар боло гуфтем, ки Камол  аҳли тариқат буд. Аз таърихи Ислом ва тасаввуф маълум аст, ки ҳар шайхи тариқат бевосита ҳамчун шайхи шариат эътироф мешавад. Вале ҳеч гоҳ як нафар шайхи шариат бе заҳамоту меҳнат ва пайравиву хидмати пир наметавонад ба мақоми пири тариқат бирасад. Чунки тариқат (амал) баъд аз шариат (илм) аст. 
Нахли маданӣ самар баровард,
Паҳлуи рутаб шакар баровард.
Омад Ҳасани дигар ба Басра,
Нахлаш рутаби дигар баровард.
Дар Даҷла бирафт пири Бағдод,
Дарё ивазаш гуҳар баровард.
Соқӣ бишикаст ҷому Ҷомӣ
З-он ҷом латифтар баровард.
Аз равзана офтоби Табрез,
Дар хона бирафт дар баровард.
Румӣ ба замини Рум зад нақб,
Аз хоки Хуҷанд сар баровард.
З-он хок Камол доман афшонд,
Гард аз малаку башар баровард.
Ин ғазал ва боз чанде дигар абёти ҷудогона “нишонаи иродати шадиди Камол ба машоихи сӯфия ва майли шахсиву аҳволи сӯфиёна аст”. Агар чунин намебуд, Амир Темур ва ворисонаш, хоса Мироншоҳ, ба ӯ иродат намекарданд. Чун Камол дубора ба Табрез баргашт, мавриди истиқболи самимонаи аҳли Табрез ва эътибори Мироншоҳ қарор гирифт. Ин ҷо се нақл аз “Равзот-ул-ҷаннот”-и Муҳаммад Боқир бинни Зайнулъобиддини Мусавӣ (аз арабӣ тарҷумаи Азизи Давлатободӣ), “Ҳабиб-ус-сияр”-и Хондамеҳр (Хондамир) ва “Тароиқ-ул-ҳақоиқ”-и Ҳоҷӣ Мирзо Маъсуми Шерозӣ (ба форсӣ) меоварем, ки худ нишондиҳандаи мақому манзалати Камол аст:
1. “Хоҷа Шайх Муҳаммади Сонӣ – Куҷаҷӣ ҷиҳати шайх Камол хонақоҳе ва мадрасае дар ҳаволии иморати Хоҷа Алишоҳ сохтаанд, чунонки гунбад ва баъзе иморот ҳанӯз боқист ва таклифи бисёр намудаанд ба истиқрори эшон дар он ҷо. Қабул нанамудаанд ва фармудаанд: “Камол сар ба гунбади фалак фурӯ намеоварад, мехоҳед, ки фиреб хӯрда ва ба ин гунбад сар фуруд орад?”
2. “Рӯзе Мирзо Мироншоҳ – писари Амир Темур, ки аз ҷониби падар иёлати Озарбойҷон дошт, ба дидани шайх (Камоли Хуҷандӣ. – Р.Қ.) омад. Чуҳрагони (надимон, мулозимон) подшоҳ бар боғчаи шайх давиданд ва ба ғорати дарахти олуча ва зардолу машғул шуданд. Шайх табассуме кард ва чуҳрагонро гуфт: «Муғулон, ғоратгариро дар боғи дигар кунед, ки Камоли бечора қарздор шуда ва баҳои ин боғча ваҷҳи қарзхоҳон кардааст!» Султон гуфт: «Магар шайхро қарз аст?» Шайх фармуд: «Даҳ ҳазор динор». Подшоҳ ҳукм дод, даҳ ҳазор динор биёварданд ва дар ҳамон маҷлис таслими шайх намуданд ва ба вомхоҳ дод”.
3. “Мирзо Мироншоҳ нисбат ба шайх Камол иродате тамом ва ақидате локалом дошт ва рӯзе ба мулозимати он ҷаноб рафта камари мурассаъ ба расми назр ба назди шайх ниҳод ва ба хилофи маъҳуд (аҳду паймон) шайх он камарро бардошта ба хона бурд. Ва баъд аз лаҳзае, ки ба суҳбати асҳоб муовадат кард, ҳамаро мақбуз ёфт. Пурсид, ки: «Ёрон чаро беҳузуранд?» Яке аз ҳозирон гуфт, ки: «Дарди камар доранд». Шайх табассум карда гуфт: «Камарро биёваранд ва қисмат кунанд”. 
Ҳамин тариқ тазкираҳо ва манобеъи таърихӣ нақлу ривоёти зиёдеро овардаанд, ки далели азамати мақому шуҳрат ва ҷалолу камоли шайх Камол аст ва бо овардани яке аз онҳо иктифо мекунем:
Мавлоно Ҷомӣ дар “Нафаҳот-ул-унс” мефармояд: “Гӯянд: Дар он вақт, ки дар Сарой мебудааст, мавзеъе будааст, ки дар он вақт, ки об туғён мекарда, дар он мавзеъ харобӣ бисёр мекарда. Чун вақти туғёни он наздик расид, қиссаро бо вай гуфтаанд. Фармудааст, ки: Хаймаи маро дар он мавзеъ бизанед! Хаймаи вайро он ҷо заданд. Дар он ҷо мебудааст, чунонки вақти туғёни об гузаштааст ва дар он мавзеъ ҳеч харобӣ воқеъ нашуда”.
     
Р. ҚУРБОНИЁН.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: