ҶАҲОНГАРДИИ ЗИЁРАТӢ СУРЪАТ ПАЙДО МЕКУНАД

Ҳафтаи гузашта ширкатҳои сайёҳии Нидерланду Олмон, ба мақсади омӯхтани имкониятҳои ҷумҳурӣ дар соҳаи ҷаҳонгардии зиёратӣ, аз Ӯзбекистон дидан карданд.

Сафар аз ҷониби сафири кишвари мо дар давлатҳои Бенилюкс, Кумитаи давлатии сайёҳӣ ва бунёди дӯстии ӯзбекистонию нидерландӣ — UzNed созмон дода шудааст.
Пайдост, ки имрӯз бар асари  кӯчиш зиёдшавии  аҳолии мусалмон дар Аврупо ба мушоҳида мерасад. Аз ин рӯ, дар кишварҳои Аврупо ҳусни таваҷҷӯҳ ба муқаддасоти исломии Ӯзбекистон афзун мегардад.
Намояндагони ширкатҳои сайёҳии Аврупо дар доираи сафар аз зиёратгоҳ ва ҷойҳои ҷолиби диққати шаҳрҳои дар сартосари ҷаҳон машҳури Тошканд, Самарқанд, Бухоро ва Хева дидан карданд. Меҳмонон қайд намуданд: Ӯзбекистон аз кишварҳои нодирест, ки ёдгориҳои таърихиашро ҳифз карда тавонистааст.
Намояндагони тиҷорати сайёҳии ҳулландию олмонӣ аз сатҳи баланди хидмат дар соҳаи сайёҳӣ сухан ба миён оварданд, рушди индустрияи сайёҳиро баланд арзёбӣ карданд, аз мероси ғании таърихию фарҳангӣ ва маънавии Ӯзбекистон ва иқтидори ҷумҳурӣ дар ин росто ба ваҷд омаданд.
Дар доираи сафар аз ҷониби ширкати сайёҳии ватании Asia Tour доир ба ташкили қабули сайёҳон аз кишварҳои Аврупо, аз ҷумла Нидерланду Олмон, муоҳида ба имзо расонда шуд. Соли равон  аз ин давлатҳо ба кишвари мо омадани қариб 2 ҳазор нафар сайёҳ  дар назар аст.

ОИ «Дунё»,
БРЮССЕЛ.     

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: