ҶАҲОНГИР – ПИСАРИ ҶӮРАБЕК МУРОДОВ

Дар арафаи 29-солагии истиқлолияти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз рӯзномаи вилоятӣ огоҳ гардидам, ки имсол ду нафар намояндаи вилоятамон сазовори мукофоти давлатии «Мард ӯғлон» гаштаанд.

Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост  илм, 
Қуфлкушои ҳама дарҳост  илм.
 Мавлоно ҶОМӢ.
Дар арафаи 29-солагии истиқлолияти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз рӯзномаи вилоятӣ огоҳ гардидам, ки имсол ду нафар намояндаи вилоятамон сазовори мукофоти давлатии «Мард ӯғлон» гаштаанд. Яке аз онҳо талабаи синфи ХI мактаби миёнаи рақами 18-уми ноҳияи Пешкӯ Ҷаҳонгир Норбоев буд. Аҳд кардам, ки бо ӯ аз наздик шинос шавам. Бо ин мақсад ба роҳ баромадам. Бояд таъкид намуд, ки ноҳияи Пешкӯ бо ноҳияи Шофиркон аз тарафи ҷануби ғарбӣ ҳамҳудуд аст. Хуб медонистам, ки деҳаҳои тоҷикнишин ва мактабҳои собиқ тоҷикии ноҳияи Пешкӯ асосан дар самти ғарбии ноҳия воқеъ гардидаанду шубҳае надоштам, ки мактаби рақами 18 низ дар ҳамин минтақа – дар атрофи деҳаи Занданеи бостонӣ мавқеъ дорад. Баъди мулоқоти телефонӣ бо дӯстони пешкӯӣ ба ин боварӣ ҳосил кардам ва сӯи маҳаллаи «Бобо Ҳоҷӣ» раҳсипор гардидам. Маълум шуд, ки идораи маҳалла бо мактаби рақами 18-ум ҳамшафат будааст. Ба туфайли таътил талабагон дар мактаб набошанд ҳам, роҳбарону омӯзгорон машғули кор буданд. Суҳбати мо бо директори мактаб Умар Ботиров дар кабинети кории вай қӯр гирифт. Ӯ аз мақсади мо огоҳ гардида гуфт, ки Ҷаҳонгир ҳамин сол мактаби онҳоро хатм кардааст ва ҳоло донишҷӯи Донишгоҳи миллии Ӯзбекистон мебошад. Омӯзгори аввалини вай падараш – муаллими математикаи мактаб Ҷӯрабек Муродов будааст. 
– Ҷаҳонгир ҳоло дар Тошканд? – пурсидам аз директори мактаб.
– Не, вай дар ҳавлиашон дар деҳаи Шоваре. Бо усули онлайн таҳсил мегирад, – ҷавоб дод ӯ ва ба котиба супориш дод, ки падари Ҷаҳонгирро ин ҷо даъват кунад. Мо аз фурсат истифода бурда ҳангоми суҳбат бо Умар Ботиров ва ҷонишини вай оиди корҳои маънавият ва маърифат Комил Чориев ба баъзе маълумот соҳиб шудем. Дар мактаби миёнаи собиқ тоҷикии ба номи Сергей Лазо, ки ҳоло рақами 18 аст, имрӯз ба 731 нафар талаба 64 нафар омӯзгорон дарс медиҳанд. Дар ин ҷо фарзандони аҳолии деҳаҳои Шоваре, Боқимиришкор, Танируд, Бобо Ҳоҷӣ, ки ҳамаашон тоҷиконанд, ба забони ӯзбекӣ таълиму тарбия мегиранд.
Дар кушода шуду падари Ҷаҳонгир Ҷӯрабек Муродов наздамон омад. Ӯ ва фарзандашро бо комёбӣ муборакбод гуфтем. Аён гардид, ки Ҷ.Муродов дар ҳамин мактаб таҳсил гирифта соли 2004 факултети математикаи ДДБ-ро хатм кардааст ва 16 сол боз дар ҳамин мактаби азизаш фаъолияти омӯзгорӣ дорад. Шогирдони вай ба натиҷаҳои назаррас соҳиб шудаанд.
Ҷаҳонгир 12 майи соли 2003 ба дунё омада, соли 2009 ба мактаб рафтааст. Омӯзгори аввалини вай дар синфҳои ибтидоӣ Шаҳодат Некова, ки ҳоло нафақахӯр аст, буд. Падару модаркалони зиёияш барои дарстайёркунии ӯ имкониятҳои қулай фароҳам оварданд. Дар натиҷа Ҷаҳонгир ҳам дар одоб, ҳам дар таҳсил ба дигарон намуна шуд. Ӯ дар саволу ҷавоб, мусобиқаю озмунҳо, хусусан аз фанни математика пуриқтидор буданашро дар амал исбот кард. Соли 2016 дар марҳалаи вилоятии баҳсҳои илмӣ соҳиби 100 хол гардида ҷои аввалро ба даст даровард. Дар марҳалаи ҷумҳуриявӣ бошад, сазовори ҷои дуюм шуда бо медал ва диплом тақдир ёфт. Моҳи августи ҳамон сол Ҷаҳонгир дар қувваозмоиҳои вилоятию ҷумҳуриявӣ барои соҳибшавӣ ба роҳхати озмуни байналхалқии математика соҳиби ҷои якум гардид. Баъд дар шаҳри Чангмейи шоҳигарии Тайланд ҳамчун сардори командаи Ӯзбекистон бо ҷамоа иштирок намуда, якҷоя бо онҳо сазовори ҷои дуюм, диплом ва ҷом гардид. 20-30 январи соли 2017 мувофиқи Барномаи илмӣ-тадқиқотии «Сакура» дар Ҷопон таълим гирифта бо сертификат баргашт. Ба Ҷаҳонгир лозим омад, ки дар давоми ду сол дар озмуни вилоятӣ ғолиб баромада, соҳиби стипендияи ҳокими вилоят гардад.
Математики ҷавон соли 2019-ро низ фаромӯш нахоҳад кард. Ӯ дар марҳалаҳои вилоятию ҷумҳуриявии озмуни байналхалқӣ ғолиб баромада, дар шаҳри Дурбани Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ дар озмуни байналхалқии математика иштирок карда, сазовори ҷои дуюм ва соҳиби медали нуқра гардид. Соли хатми мактаби миёна низ барои Ҷаҳонгир барорнок омад. Ӯ дар озмуни киберматематика бо усули онлайн иштирок намуда, соҳиби медали биринҷӣ гардид. Ниҳоят, мо вақти бозгашт аз Ҷаҳонгир пурсидем:
– Чӣ орзу дорӣ?
– Ҳамчун падар омӯзгор шудан мехоҳам, – ҷавоб дод ӯ. 
Солҳои охир дар мамлакати мо ҷараёнҳои таҷдидёбӣ вусъат меёбад. Аз ҷумла, масъалаи таълиму тарбияи наврасон, маҷмӯи корҳо бо ҷавонон, ҳавасмандгардонию фароҳам овардани шароити қулай баҳри рушдёбии соҳибистеъдодон ба сатҳи мислаш диданашуда боло баромад. Бо Мукофоти давлатии «Мард ӯғлон» сарфароз гардонда шудани талабаи собиқи мактаб Ҷаҳонгир Норбоев ба ин мисоли равшан аст.

 Амрулло АВЕЗОВ, 
хабарнигори «Овози тоҷик» 
дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: