Офтоб аллакай як қади найза боло шуда буд.
Нурҳои он ҳарорати бе он ҳам гарми тобистонро беш аз пеш шадидтар мекард. Дар ҳоле ки аксари одамон аз ҳарорати баланди ҳаво паноҳ бурданӣ шуда, худро ба ҷойҳои салқину соя мезаданд, коргарони хоҷагиҳои фермерӣ дар саҳро машғули корҳои гуногун — аз алафҳои бегона тоза кардани майдонҳои пахтаву ғалла, киштзорони васеъ, даравидани алафу захира намудани хӯроки чорво ва амсоли он банд мешаванд.
Дар чунин рӯзҳои гармо се комбайн дар майдони бистгектараи поёни қабристони деҳаи Тоҷикқишлоқи ноҳияи Қува, ки тобеи хоҷагии фермерии «Қаҳҳор Амин Қодиров» буд, ҷавлон зада гандум медаравид. Аз хӯшаҳои пурбору пурбаракат ҳар ним соат бордони комбайнҳо аз гандум пур мешуд. Комбайнронҳо миёни ғаллазорон агрегати худро барои чанд лаҳза таваққуф кунонида, гандумро аз бордонҳо ба мошинҳо мерехтанд ва дубора ба дарави гандум машғул мешуданд.
Роҳбари хоҷагии фермерӣ Дилёр Зоиров бо бародаронаш Қобилҷону Қодирҷон дар сари замин, зери сояи беди калони шохҳояш ба чаҳор сӯ парешон нишаста, ин манзараи дилфиребро бо шавқ тамошо мекарданд ва завқ мебурданд.
– Ҳосили ғаллаи имсолаамон хеле хуб бор овард. Бовар дорам, ки нақшаҳои шартномавиамон барзиёд иҷро мегардад, – гуфт шавқашро пинҳон дошта натавониста Дилёр Зоиров.
– Худаш шабу рӯз хобу истироҳатро фаромӯш кардаем, то ки ҳосили гаронбаҳои ғаллаву пунба ба даст орем ва дар миёни хоҷагиҳои фермерӣ сарамон баланд бошад, – изҳор кард Қобилҷон Зоиров, ки дар хоҷагии фермерӣ вазифаи механизаториро бар ӯҳда дорад. – Акнун мебинем, ки меҳнатамон бесамар нарафтааст. Ҳувайдост, ки ҳосили ғалаамон аз порсола дида бештар аст. Коргарони хоҷагиамон имсол низ аз натиҷаи ҳосили барзиёди ғалла хеле баҳраманд мешаванд, – афзуд ӯ.
Ин ҳарфҳои Қобилҷонро бародарон тасдиқ намуданд. Баъд чашми ҳама дубора ба тарафи қатори комбайнҳо дӯхта шуд, ки дар майдони фарохи ғаллазор ҷавлонзанон гандум медаравид. Ҳама хушҳол буданд, ки бе боришоту намигарӣ ҳосили гандуми имсолаашон ғунучин мешавад.
– Монда набошед! – гуфтани марде ин лаҳза се бародарро маҷбур кард, ки аз ин манзараи гуворо чашм кананд ва ба тарафи овоз нигаранд.
– Э, ака, биёед, саломат бошед, – гуфту аввал Дилёр Зоиров ҷаста аз ҷой хест ва ба истиқболи раиси Саройи мошину трактор Абдуқодир Ваҳҳобов шитофт. Дигарон низ аз паси вай бо раиси СМТ вохӯрӣ карданд.
– То шоми имрӯз дарави ғалларо анҷом хоҳем дод. Комбайнҳо хуб кор мекунанд. Хӯроки гарму маводи дигари лозимиашонро дар вақташ муҳайё карда истодаем. Фурсат наздик расидааст, ки ғалбер аз об бардошта шавад, — гуфт Дилёр Зоиров бо хушҳолӣ ба Абдуқодир Ваҳҳобов.
Баъд роҳбари хоҷагии фермерӣ раиси СМТ-ро бовар кунанд, ки дарави ғалла бо суръат пеш меравад ва дар ин ҷодаи кор ҳеч чиз боиси нигаронӣ нест.
– Дар хоҷагии фермерии Кибор Ҳусейнов будам. Он ҷо низ дарави ғалла бо суръат идома дорад. Шояд хоҷагии фермерии вай то нимаи рӯзи дигар дарави ғалларо ба охир мерасонад. Ҳосили майдонҳои кишти ғаллаи вай ҳам хуб нашъунамо дошт. Шубҳае нест, ки супоришоти шартномавиро аз будаш зиёд иҷро мекунад, – гуфт Абдуқодир Ваҳҳобов.
Раиси СМТ боз афзуд, ки шом дар ҳокимияти ноҳия масъалаи зудтар анҷом додани дарави ғалла муҳокима мешавад ва шояд баъзе роҳбарони хоҷагиҳои фермерӣ сахтакак танбеҳ шунаванд. Вай ба Дилёр Зоиров таъкид кард, ки дар ин ҷамъомад хоҷагии фермерии ӯро дар сафи хоҷагиҳои фермерии пешқадами СМТ-ашон муаррифӣ хоҳад кард.
– Фақат шумо суръатро суст накунед. Натиҷаи коратон шуморо дар ноҳия сарбаланд хоҳад кард, – гуфт Абдуқодир Ваҳҳобов ва рафта паси чанбари мошин нишаст. Мошини вай як такон хӯрду ба роҳи калони мумфарш баромад ва баъди лаҳзае аз назар нопадид гашт.
Суҳбати мо бо Дилёр Зоиров дар сояи ҳамон таги бед ба вуқӯъ пайваст.
– Дар ихтиёри хоҷагии фермерии мо 100 гектар замин мавҷуд аст. Аз ин ҳисоб соли гузашта дар 40 гектари он пахта ва дар 43 гектар тухми ғалла коштем. Натиҷаҳои корамон хурсандибахш. Аз ҳар гектари пахтазор беш аз 30 сентнерӣ ҳосил ба даст овардем. Супоришоти шартномавии пахтасупориро сарбаландона иҷро кардем. Ҳосили 43 гектар киштзори ғаллаамон низ фаровон буд, – мегӯяд бо қаноатмандӣ Дилёр Зоиров.
Ба гуфтаи ӯ аз ҳисоби ҳосили ғаллаи зиёдатии соли гузашта ба ҳар як коргари хоҷагии фермерӣ аз дусад килограммӣ то якуним тоннагӣ гандум тақсим карда дод. Вай гуфт, ки ин тақсимот ғайр аз маоши онҳост, ки барои меҳнаташон иловагӣ пардохта мешавад.
Коргарони хоҷагии фермерии «Қаҳҳор Амин Қодиров» дар ним гектар майдон парвариши зироатҳои гуногунро низ ба роҳ мондаанд.
– Инҳо зироатҳоеанд, ки эҳтиёҷи худашонро рафъ месозад. Мо аз бозор танҳо гӯшт мехарем. Дар айни ҳол 16 гектар замини умумии моро роҳҳо, ҷӯйҳо ва заҳбурҳо ишғол кардаанд, дар акси ҳол метавонист даромади коргарони мо боз ҳам бештар шавад, – тазаккур дод Дилёр Зоиров.
Тавре ки ҳамсуҳбати мо ишора намуд, дар айни ҳол 60 нафар коргар дар хоҷагии фермерии ӯ ба таври доимӣ ба кор фаро хонда шудаанд. Дар вақтҳои зарурӣ ҳудуди бист нафар коргарони мавсимӣ низ ба кор ҷалб карда мешаванд. Ба гуфтаи Дилёр Зоиров имсол коргарони хоҷагии фермерӣ заҳмати зиёд кашиданд ва дар натиҷа аз ғалла ҳосили табъи дил рӯёнданд.
– Мо имсол низ сарбаландона марраро фатҳ намудем ва аз ҳар гектар майдони ғалла 60 сентнерӣ ҳосил ба даст овардем. Коргаронамон хурсанданд. Ба оилаҳои камбизоати деҳаи Тоҷикқишлоқ 50-100 килогӣ гандум ҳадя кардем. Акнун тамоми қувваи кориро ба он сафарбар намудаем, ки аз 40 гектар майдон 35 сентнерӣ ҳосили хушсифати пахта ба даст оварем, – мегӯяд роҳбари хоҷагии фермерии «Қаҳҳор Амин Қодиров».
Сарвар Акбаралиев, Шавкатҷон Одинабоев, Қодирҷон Зоиров, Абдухалил Абдулҳамидов, Шӯҳрат Маматов, Қобилҷон Зоиров аз механизаторон ва коргарони пешқадами хоҷагии фермерии мазкур муаррифӣ шуданд.
Маълум шуд, ки ин хоҷагии фермерӣ соли 2005 ташкил шудааст. Аввал сарварии онро собиқ агрономи хоҷагӣ Худойбердӣ Зоиров бар дӯш дошт. Баъди ба нафақа баромадан ин вазифаи масъулиятнокро ба дӯши фарзанди калонӣ — Дилёр гузошт.
Дилёр Зоиров як марди сиву панҷсола аст. Хеле камгапу фурӯтан менамояд. Ба саволҳо низ кӯтоҳ ҷавоб доданро писанд мекард.
– Ман соҳиби маълумоти миёнаи умумӣ ҳастам. Аммо дар оилаи деҳқон зодаву парварда шудаам. Илми деҳқониро аз падарам хеле хуб азхуд намудаам. Боз дар баъзе масъалаҳо аз он кас маслиҳат мегирам. Ҳамсарам Шаҳноза низ коргари хоҷагии фермериамон аст. Ду фарзандро боҳам тарбия мекунем, – мегӯяд Дилёр Зоиров.
Дар айни ҳол хоҷагии фермерии «Қаҳҳор Амин Қодиров»-и деҳаи Тоҷикқишлоқи ноҳияи Қува соҳиби панҷ адад техника мебошад. Маълум шуд, ки Дилёр Зоиров аз ин техника дар мавсими кор истифода мекунад, аммо фасли зимистон ҳар кадоми онро нағзакак тармим карда, барои соли оянда қатор чида мемонад.
Вақти бозгаштам фаро расид ва дидам, ки коргарон қатор зада, аз майдони пахта ба таги ҳамон беди шонаҳояш ба чаҳор тараф паҳну парешони лаби ҷӯй мешитобанд. Дар он ҷо онҳоро хӯроки лазиз мунтазир буд. Баъди кори пурмаҳсул хӯрдани хӯроки бомаза чӣ лаззате дорад! Кори пурмаҳсули коргарони саҳроро дида, ин байти Носири Хусрав ба ёдам расид, ки гуфтааст:
Ҷаҳонро хуррамӣ аз деҳқон аст,
Аз ӯ гаҳ заръ, гоҳе бӯстон аст.
Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори
«Овози тоҷик».
Вилояти ФАРҒОНА.