(Порча аз роман)
Ҷавоне худро ихтиёран ба милитсия супурд, ки баногаҳ бо нафаре сахт ба зиддият рафта, болои ғазаб ӯро корд задааст. Маҷрӯҳро зуд беморхона бурданд. Дами корд аз қабати қабурғаи сандуқи сина гузашта, хеле фурӯ рафтааст. Ҷароҳат вазнин.
Ҷавони кордзада дар вазъи ногувор манаҳашро ба мушташ такя дода, дар ҳабсхонаи идораи корҳои дохилӣ нишастааст. Аз шиддати изтироби шадид аъзои баданаш меларзад. «Кӣ бошад ана он номард, наҳс, мараз, ки бо модарам... Наход, ки модарам... Эй худо!!!»
Кабинети сардори шуъбаи корҳои дохилӣ. Майор аз ҷӯраи деринааш – сардухтури иттиҳодияи тиббӣ, ки ба қабулаш омадааст:
– Кӣ мешавад? – пурсид.
Банди афкори талху ғамангез:
– Писарам, – ба замин нигариста, ҷавоб дод сардухтур.
– Писарам? – абрӯвонашро боло бардошт сардор.
– Ҳа. Номаш Сардор.
Майор ба ҳуҷҷате, ки рӯи миз мехобид, назаре афканда: – Сардор Муҳиддинов... чӣ тавр ба ту писар? – бо ҳайрат ва нобоварӣ даҳон кушод. – Чиҳо мегӯӣ, Ҷасур?
Сардухтур бо чашмони нимпӯш лаҳзае ба сукут рафт ва маҳзун лабханд кард:
– Аниқтараш, вай писари Аниса.
– Аниса? Ин ҳамон...
– Ҳа, ҳамсинфат. Ҳамсари аввалаи ман.
Аниса пеши назари майор падидор гашт. Онҳо ҳашт сол ҳамроҳ хондаанд. Шӯх ва шаддодтарин духтари синф буд Аниса.
– Баъде институтро хатм карда, ба Ҷӯинав баргаштам, Анисаи соҳибҷамол ҳанӯз ба шавҳар набаромада, ва... як дӯсти наздикам, бо вуҷуди оиладор будан, ӯро дӯст медошт.
– Ӯро гуфта, дӯсти хом ва беандешаат аз баҳри оила баромад. Анисаро аз они худ кард. Баъд чӣ шуд?..
– Хайр, хафа нашав, – гуфт майор.
– Пешонӣ. Шукр кун, оилаи аввалаат туро бахшид. Аниса туро тарк карда ва бо хушдораш оила барпо карда бошад, ту бо ҳамсари чашм кушода дидаат оштӣ шудӣ. Духтарчаат Дилфузаро аз зиндаятимӣ раҳо сохтӣ. Ҳамааш хуб шуда рафт.
– Вале Аниса пешпо хӯрд. Хушдоре, ки шавҳар гашт, ба ӯ бисёр ҷабр намуд. Фарзанддор шуданд. Вале таваллуди тифл ба оила шодию осоиштагӣ барнагардонд. Нокаси Анисаро аз роҳ зада вақте аз хона баромада рафт, Сардор ҳанӯз кӯдак буд. Вай падарашро намешиносад. Аз ин ҳам аҷибаш, вай... падари ҳақиқии худро намедонад. Шавҳари аввалаи модараш, яъне маро... падарам гӯён фикр мекунад.
– Фикр мекунад, ту – падари худаш? – дили майор дар кафи ҳаяҷон тапид.
Сардухтур сар набардошта гуфт:
– Чанд бор хостам ӯро аз ҳақиқати ҳол воқиф созам, вале ҷуръатам нарасид.
– Ба вай кӣ гуфтааст, ки падарат Ҷасур-шифокор? Аниса?
– Аниса нагуфтааст. Ҳақиқатро чӣ хел гӯям, чӣ тавр фаҳмонам, гӯён сари вай ҳам гаранг.
– Росташро гуфтан ҳамин қадар душвор? Хайр, набошад, кӣ гуфтааст, ки додои ту Ҷасур? Кӣ бача бечораро...
– Ҳеҷ кас, – гӯён сухани майорро бурид сардухтур. – Чӣ хел фаҳмонам... Таърихи чӣ тавр «писарам» шуда мондани Сардор дурудароз.
Ин гуфт ва ба хаёл фурӯ рафт сардухтур.
Майор гуфт:
– Хайр, майлаш. – Лекин... чӣ «корнамоӣ» кардааст писарат. Тарбияи туро гирифтааст? Ҳамин дараҷа бадҷаҳл аст?
Сардухтур ноҳинҷор шарҳ дод:
– Кам вомехӯрдем. Сардор бо модараш калон шуд.
– Ҳм, тарбияи модар, – афсӯсомез сар ҷунбонд майор.
– Сардор тарбиядида аст. Бачаи хуб аст.
– Бачаи хуб... – майор кинояомез лабханд намуд. – Лекин чӣ кор кард? Таҷовуз ба ҳаёти шахс. Хӯш, сабабаш чӣ бошад?
Ҷасур ба сардор наздиктар нишаст ва пичиррос зад:
– Ба ту нагӯям намешавад. Лекин ин сир, ҷӯраҷон, байнамон монад. Хуб?
– Гап зан, канӣ...
– Аниса сабабгор ба ҳамааш.
– Аниса? Чӣ тавр?
– Ҳа, модари беномус, – аламнок садо баровард Ҷасур. Ва илова намуд: – Бача онҳоро... ҳамроҳ дидааст.
– Бо...
– Ҳа!
– Ҳамту... ҳамроҳ надидааст. Ба даст афтондааст?
– Лекин бача модарашро ба байн дароварданӣ не. Гӯё дар ҷои воқеа вай набудааст ва хабардор нест.
Майор хаёломез лаб кушод:
– Ба хотири шаъни оила?
– Гӯё мошини ана вай наҳсро, ки дар канори роҳ меистод, ногоҳ бо мошинаш зада фиристоду ҷанҷол хест. Аз суханони ноҷӯяи соҳиби мошин худро гум кард ва бо корд ҳуҷум намуд. Акнун ба ҳамааш иқрор. Ҳарчанд гуфтам ба гарданаш айби вазнин мегузоранд, он тарафаш чӣ мешавад, ба ҳар гуна ҷазо ман тайёр, гӯён зуъмӣ дорад бачаи якрав.
Майор табассум намуд:
– Бачаи якрави ту!
Баъд мулоҳизаомез тугмачаи паҳлӯи мизро пахш карду:
– Хайр, аз худаш ҳам шунавам, – гуфт.
Ба сержант, ки дарро кушод, амр намуд:
– Сардорро гирифта оваред.
Сардухтур пурсид:
– Ман чӣ кор кунам?
– Саросемаӣ?
– Наравам намешавад.
– Ба касалхона?
– Не, аввал ба назди Аниса. Дарвоқеъ, бача маро падари худаш фикр мекунад, гуфтанам дар хотират бошад. Илтимос!
Иҷозат пурсида, сержант Сардорро ба кабинет даровард.
Майор, рӯ ба сардухтур, ки ҳавои рафтан мекард, лабхандзанон гуфт, ки:
– Нигар-а, сад сол боз ҷӯраему аз ҳамин хел писар доштанат ман бехабар.
Сонӣ ба Сардор рӯй овард:
– Бо модарат то синфи ҳашт ҳамроҳ хондаем.
– Шунидӣ, бачам? – гуфт Ҷасур худро осуда вонамуд сохта. Онҳо ҳамсинф.
Муҳаммад ШОДӢ