ҶАЗОИ ҚОНУНШИКАН

Саридораи ҳифзи табиат ва муҳити зисти вилояти Қашқадарё ба қарибӣ коргоҳи хусусии “Индорама Агро”-и қаламравро ба миқдори 2824494 сӯм ҷарима кард.

Саридораи ҳифзи табиат ва муҳити зисти вилояти Қашқадарё ба қарибӣ коргоҳи хусусии “Индорама Агро”-и қаламравро ба миқдори 2824494 сӯм ҷарима кард.
Ин корхона 560 бех  дарахтони гуногунро бидуни огоҳии пешакии муассисаҳои дахлдор ғайриқонунӣ аз ҷое ба ҷойи дигар кӯчондааст ва дар натиҷа ба табиат ва муҳити зисти маҳал зарари зиёд расондааст. Ин дар ҳолест, ки ҳукумати ҷумҳурӣ дар охири соли гузашта моҳонаи “чил рӯзи зарбдори кабудизоркунӣ” эълон кард ва тибқи он дар саросари мамлакат ҳазорҳо адад ниҳоли дарахтони мевадору манзаравӣ шинонда шуданд. 
Назар ба иттилооти котиби матбуоти Саридораи ҳифзи табиат ва муҳити зисти вилояти Қашқадарё ин рейди санҷишотӣ пас аз муроҷиати шаҳрванд Музаффар Абдураҳмонов сурат гирифтааст. Корхонаи “Индорама Агро” дар гузари Наврӯзи ҷамоаи шаҳрвандони маҳаллаи “Назартеппа”-и ноҳияи Касбӣ ба 560 бех дарахтони гуногун зарар расонид. Таъкид шуд, ки ин корхона ба қоидаҳои аз як ҷо ба ҷойи дигар кӯчондани дарахтон риоя накарда, барилова ин корро худсарона, бе иҷозати ташкилоти дахлдор ба сомон расонидааст. “Индорама Агро” барои ин қонуншиканӣ тибқи иловаи чоруми Қарори 464-уми Девони Вазирон аз 22. 08. 2022 муҷозот ва ба маблағи зикршуда ҷарима карда шуд. Дар робита ба ин қонуншиканӣ санади махсус барои чорабинӣ ба идораҳои ҳифзи ҳуқуқ ирсол гардид.

Шариф ХАЛИЛ,
хабарнигори “Овози тоҷик” дар вилояти Қашқадарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: