ҶАЗОИ РАФТОРИ НОМАТЛУБ

Доир ба ҳалолӣ бисёр гап мезанем, онро гиромӣ медорем.

Дар ҷое, ки ҳалолӣ нест, хайру барака  намешавад. Шахсоне, ки аз он рӯй мегардонанд, дар ботлоқи разолат дармемонанд. Ин ҳақиқатест, ки аз санҷиши асрҳо гузаштааст.
Аммо дар амал бисёр шудани шумораи касоне, ки кӯчаи ҳалолиро давр зада мегузаранд, тааҷҷубовар аст. Оқибати чунин рафтор бояд ҳамаи моро ба ташвиш орад. Дар акси ҳол мо ворисони он аҷдоде, ки аз ҳақи кас ҳазар мекарданду аз бурдаи нони дасташон ба дигарон низ медоданд ва бо арақи ҷабин иморатҳои муаззам бунёд менамуданд, шуда наметавонем.
Дар ҳамин ҷо ҳикоя  оиди мӯйсафеде, ки аз себи ба замин афтодаи дарахти ҳамсоя бепурсиш мегазаду баъд аз кардааш пушаймон мешавад, ба хотирам омад. Ҳикояи хеле ибратбахш.
Лекин дар байнамон будани шахсоне, ки ба ошхона даромада, аз таомҳои дилхостаашон шикам сер мекунанду вақти пардохт роҳи ҳаннотиро пеш мегиранд, хеле таассуфовар аст. Агар чунин амал аз тарафи мардон содир гардад, кас аз тааҷҷуб ангушти ҳайрат мегазад.
Мутаассифона, ин ҳолат афсона не, балки ҳодисаест, ки ба наздикӣ дар Бухорои куҳан рӯй додааст. Бегоҳирӯзӣ ду рафиқ ба яке аз ошхонаҳои шаҳр омада, аз таому нӯшокии спиртдори дилхостаашон баҳраманд мешаванд. Маишати онҳо то нисфи шаб давом мекунад. Ва ниҳоят вақти ҳисобу китоб ва тарк кардани ошхона фаро мерасад, аммо Шокир ва Дилшоди майзада гӯё пардохти пули таомҳои истеъмолкардаашонро «фаромӯш мекунанд». Онҳо ба роҳи фиреб гузашта, хостанд ҷанҷол сар кунанд.
Ходимони ошхона маҷбур шуданд ба идораи корҳои дохилӣ муроҷиат кунанд. Вакилони мақомот ба ҷойи воқеа расида, гувоҳи доду фарёди ду майзада шуданд.
Ба мақсади муайян кардани ҳолати мазкур ходимони ошхона ва ҳар ду шахсро ба нуқтаи такягоҳии ҳамон мавзеъ меоранд.
Аммо Шокир аз шарҳи воқеа саркашӣ мекунад ва ба ҳаққи онҳо суханҳои таҳқиромез мегӯяд. Талаби қонунии ходими мақомоти давлатро рад карда, аз хона баромада меравад. Шарики ӯ Дилшод бошад, сӯйи автомобилаш мешитобад. Вақте ки ходими корҳои дохилӣ пеши роҳи ӯро мегирад,  Шокир ба кӯмак омада, аз пайи кандани погони хидматии ӯ мешавад. 
Намояндаи корҳои дохилӣ барои пешгирии рафтори ноқонунӣ ба дасти ӯ ишкел меандозад, аммо ин ҳаракати ӯ ба охир нарасида, қонуншикан ба мошин савор мешавад. Ходим низ барои аз даст надодани ҷинояткорон аз нишастгоҳи қафои мошин ҷой мегирад.
Ронанда ба талаби қатъии ходими корҳои дохилӣ эътибор надода, суръати мошинро баланд мекунад.
Ҷинояткорон то аз шаҳр баромадан ходимро таҳқир мекунанд, баъд ҷайби либосҳои ӯро кофта, калиди хонаву мошин, гувоҳномаи хидматиашро мегиранд. Вақте ки намояндаи корҳои дохилӣ дар ин хусус ба қисми навбатдории корҳои дохилӣ хабар доданӣ мешавад, телефони дастии ӯро низ мегиранд. Ӯ аз дасти қонуншиканҳо бо машаққати зиёд халос хӯрда, ба ҷойи кор бармегардад.
– Дар ҷараёни суд ба воқеаҳои содиргардида баҳои қонунӣ дода шуд,– мегӯяд судяи суди шаҳри Бухоро доир ба корҳои ҷиноӣ Акбар Ҷабборов. – Шокир 3 сол, шарики ӯ Дилшод 1,5 сол аз озодӣ маҳрум карда шуданд. Чунки онҳо баробари қонуншиканӣ — напардохтани ҳақи хидмат, таҳқири кормандони қаҳвахона, ба кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, ки вазифаи хидматиашонро иҷро менамуданд, итоат накарда, ба ҷиноят даст заданд.
Инак, рафтори ношоистаи ҷавонони ҳузарбе, ки барои пули ночиз аз ҳалолӣ рӯй тофтанд, суфи ҳаёташонро доғдор кард, оқибат ба паси панҷара бурд.

Норгул АБДУРАИМОВА,
мухбири ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: