ҶИЛОИ РАНГҲО ДАР ДЕВОРИ МАДРАСАИ УЛУҒБЕК

Имрӯз вазифаи барпо намудани асосҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва илмию таълимии Эҳёи сеюм, ки бо ташаббуси Президент Шавкат Мирзиёев амалӣ мешавад, дар назди тамоми олимону мутахассисон вазифа мегузорад, ки таҷрибаи Эҳёи дуюм омӯхта, мероси илмии ниёгонамон амиқан тадқиқ ва таблиғ карда шавад.

Олим ва арбоби бузурги давлатӣ Мирзо Улуғбек аз шахсиятҳои барҷастаи даврае мебошад, ки дар таърихи Осиёи Марказӣ ва тамаддуни исломӣ мақоми бузург дошт. Мо имрӯз онро давраи Эҳёи дуюм меномем.
Ӯ на танҳо дар бораи донишҳои марбут ба кайҳон, балки инчунин оид ба сохтори Замин ва минтақаҳои байни ҳафт иқлими он, кӯҳҳо, биёбонҳо, обанборҳо ва роҳҳои тиҷоратӣ тадқиқот бурда, таърихи онҳоро навишт. Дар китоби «Таърихи арбаъ улус»-и олим дар бораи равандҳои сиёсию иҷтимоӣ, ки дар асрҳои XIII-XV дар водӣ ва биёбонҳои Авруосиё ба амал омадаанд ва фанни географияи мусулмонӣ таҳти унвони «Ҳафт иқлим» машҳур мебошад.
Маълум аст, ки бинобар ба рушди илм таваҷҷуҳи хоса зоҳир намудани Амир Темур ва темуриён дар асрҳои XIV-XV дар Осиёи Миёна давраи Эҳёи дуюм ба вуҷуд омад. Дар ин давра донишмандоне чун Мирзо Улуғбек, Мансури Кошӣ, Мирам Чалабӣ, Абдуалии Бирҷандӣ, Алии Қушчӣ, Ғиёсиддини Ҷамшед, шоирон аз қабили Абдураҳмони Ҷомӣ,  Алишери Навоӣ, Лутфӣ, Қосими Анвор, Заҳириддин Муҳаммад Бобур ва мусаввирон мисли Камолиддин Беҳзод ба камол расиданд. Номи мубораки Улуғбек дар садри ин рӯйхат қарор дорад.
Сафири Испания Луис Гонсалес Клавихо нақл кардааст, ки дар соли 1404 вақте Амир Темур ӯ ва ҳамроҳонашро ба ҳузур пазируфт, дид, ки писари тақрибан даҳсолае дар ҳузури подшоҳ ба корҳое мисли хондани нома ва тарҷумонӣ машғул аст. Ӯ Мирзо Улуғбек буд, ки аз хурдӣ дар назди бобои бузургвораш қарор дошт ва аз устодони хос таълиму тарбия мегирифт. Ин аст, ки ҳамчун шахси ҷаҳонбиниаш фарох, бомаърифат ва закӣ ташаккул ёфт. Вай доир ба илмҳои ҷамъиятшиносӣ, ба мисли таърих, фалсафа, мантиқ, илоҳиёт, адабиёт ва илмҳои табиатшиносӣ, аз қабили риёзӣ, геометрия, астрономия, ҷуғрофия низ дониши амиқ дошт.
Бояд гуфт, ки яке аз устодони Улуғбек мунаҷҷим Мавлоно Аҳмад буда, аз бузургтарин олимони дарбори Темур ба шумор мерафт ва тавонистааст ҷадвали тақвими дусадсолаи ояндаи сайёраҳоро тартиб диҳад. Худи Улуғбек баъдтар дар асари асосии худ «Зиҷи Кӯрагонӣ» фақат Қозизодаи Румиро чун «устод» ном бурдааст. Улуғбек аз давраи аввали ҳаёти илмию сиёсии худ дар зери таъсири ситорашиносон ва риёзидонҳое чун Мавлоно Аҳмад ва Қозизодаи Румӣ ба воя расид, дар бистсолагиаш аз олимони бузурги замони худ шуд. Дар ихтиёри ӯ имконияте, ки на ҳамеша ба донишмандон дода мешавад, яъне қудрат, ҳукмронии давлати тавонотарину мутамаддини ҷаҳони ислом дар асрҳои миёна бархурдор буд. Олим барои рушди илм аз ин манобеъ ба таври комил истифода кард.
Замони ҳукмронии ӯ оғози давраи тиллоии Эҳёи дувум дар аҳди темуриён ва тамаддуни исломӣ буд. Дастовардҳои бузурги илмии замони Мирзо Улуғбек дар таърихи фарҳанги исломии асрҳои миёна аҳамияти калон пайдо карданд. Шогирдон ва китобҳои ӯ то ба Истанбул, маркази нави ҷаҳони исломӣ расиданд ва дар он ҷо, аз ҷумла, дар асоси низоми таълими мадрасаи Улуғбек мадрасаи София таъсис ёфт, ки тӯли чандин аср барои рушди маориф ва илми салтанати Усмонӣ хидмат кардааст.
Улуғбек солҳои 1424-1428 дар шимоли Самарқанд, дар Кӯҳаки соҳили рӯди Оби Раҳмат расадхонае бунёд намуд, ки ӯро дар ҷаҳон машҳур сохт. 
Ҷадвали ситораҳои «Зиҷи ҷадиди Кӯрагонӣ», ки натиҷаи таҳқиқоти назариявӣ ва пажӯҳишҳои илмии дар расадхона амаликардаи олим ба вуҷуд омадааст, тӯли 250-300 сол ҳамчун сарчашмаи беҳамтои илмӣ боқӣ монда, барои киштиҳое, ки дар Шарқ ва Ғарб ба роҳ баромадаанд, инчунин, барои корвонҳое, ки шабу рӯз дар биёбонҳои беканори Осиё сафар мекарданд,  дастуруламали ягона ба шумор рафтааст.
Дар девори мадрасаи Мирзо Улуғбеки Самарқанд ҳаккокӣ шудани «Харитаи ҳафт иқлим», ки ба кам одамон маълум мебошад, аҳамияти хоса дорад.
Дар рӯзномаи «Овози Самарқанд» аз 18-уми апрели соли 1992 мақолаи «Сурати ҳафт иқлим дар мадрасаи Мирзо Улуғбек»-и устод, академик Ботурхон Валихоҷаев ба табъ расида буд. Аммо дар он айёми ноором мутахассисон ба ин мақолаи дорои аҳамияти бузурги илмӣ эътибори зарурӣ надоданд, муҳокимаву пешниҳодҳои илмӣ ташкил нашуданд ва дар натиҷа он аз назари умум дур монд.
Мутаассифона, тӯли 30 соле, ки аз таълифи ин мақола гузашт, ба ҷуз он тадқиқоте бурда нашудааст. Умри устод барои тавсеаи ин мақола ва ба рисола ё лоиҳаи илмӣ табдил додани он вафо накард.
«Харитаи ҳафт иқлим», ки дар девори мадрасаи Улуғбек тасвир ёфтааст, аз ҷумлаи мероси мубораки мо ба шумор меравад. Зарур аст, ки он дар шакли мувофиқ барқарор карда шавад.

Ҷӯлибой ЭЛТАЗАРОВ,
проректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва мероси фарҳангии «Роҳи абрешим», профессор.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: