Дар ёд дорам, ҳангоми таҳсил дар донишгоҳ устоди адабиёти мо Файзалӣ Наҷмонов (ёдашон гиромӣ бод!) пайваста моро барои мутолиаи китобҳои бадеӣ талқин ва бозгӯйии асарҳои хондаамонро дархост менамуданд.
Худи эшон дар илми шеъру таҳлили осори бадеӣ устоди вориде буданд ва муҳтавиёти ҳар як асарро мӯшикофона баррасӣ мекарданд. Ин як пора суханашонро ҳеч гоҳ фаромӯш намекунам: «Асари бадеӣ бояд ҷозиба дошта бошад, сужаи он тавонад хонандаро ба худ ҷазб намояд, –мегуфтанд устодамон. – Агар нақлҳои нависанда пайи ҳам, ба монанди ҳалқаҳои занҷир дар пайвастагӣ ба ҳам сурат гиранд, китобхон роҳат мебарад. Ӯ ба воқеаҳои муртабит чунон дода мешавад, ки дигар аз сари китоб хестанро фаромӯш мекунад. Албатта, дар ин ҷозиба тарзи баён ва забони муассири асар нақши муҳим дорад».
Ниҳоятан, дар соли ҷорӣ чунин як китоб дастраси мо гардид. Романи «Сабзу сурх», ки ба қалами узви Иттифоқҳои нависандагони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон Юнуси Имомназар мансуб мебошад, аз ҳар ҷиҳат хонданибоб аст. Гарчи то ин дам осори зиёде аз адибони мо (аксаран дар жанрҳои ҳикоя, қисса, новелла) бар рӯҳияи мо таъсир гузоштаанд ва завқу алоқаи моро ба дунёи бадеият бедор нигаҳ доштаанд, китоби ёдшуда ин алоқаю ихлосро ба маротиб афзун сохт.
Пеш аз ҳама, бояд зикр намуд, ки мавзӯи романи «Сабзу сурх» хеле ҷолиб ва мубрам аст. Нависанда моро ба замони навад сол пеш мебарад ва густариши воқеаҳоро дар ҷомаи бадеӣ чунон баён медорад, ки кас ҳис мекунад гӯё ӯ низ дар канори қаҳрамонҳои асар қадам мениҳад, ҳамроҳи онҳо барои сохтани зиндагӣ талош мекунад, ба хотири раҳоӣ ёфтан аз бунбастҳои рӯзгор ҷон меканад. Давраи гузариш аз сохти заминдорӣ ва мулкдориҳои хусусӣ ба сохти сусиёлистӣ як маҳдудаи замонии ҳассосест, ки донистани он бо ҳама нишебу фарозҳояш ҷолиби диққат аст. Воқеаҳои баёншуда дар роман низ ба ҳамин давра, ки ҳудудан даҳ солро фаро мегирад, ихтисос дорад.
Дар ин замина он чиз бениҳоят ҷолиб аст, ки нависанда мисли адибони пештари мо ба ҳақиқати ҳаёт якҷониба нигоҳ намекунад. Чунончи, мисли ҳамеша арбоб, мулло, қозӣ, тоҷирони замони «куҳна» инсонҳои бад, тиҳимағз, ҷафокор, мутаасиб ё ифротӣ нестанд, балки маҳз онҳо дӯстдору пуштибони халқ, ёвар ва носеҳони одамон дар зиндагиянд.
Муаллиф намояндагони шӯравиро низ комилан пирӯзманд, оқил ва ҳамакора тасвир намекунад. Чунин бархӯрд дар офаридани сужаи асари бадеӣ тозагии сифр аст. Бар замми ин, дар қолаби бадеӣ офарида тавонистани дӯстӣ ва ҳамфикрии намояндагони ду олами иҷтимоӣ аз маҳорати вижаи нависандагии муаллиф гувоҳӣ медиҳад. Масалан, кӣ шунида буд, ки муллое бо як нафар раҳбари шӯравӣ дӯсту бародар хонда шавад? Мо ин ҳақиқатро дар миёни Мулло Фарҳод, ки қаҳрамони аслии асар аст ва раҳбари коммуна (баъдан кулхуз) Аркадий дида метавонем.
Мавзуи романи «Сабзу сурх» аз он ҷиҳат низ дорои аҳамият аст, ки он то ҷое бозгӯйкунандаи воқеаҳои таърихӣ мебошад. Бар замми ин, ки перомуни қадимат ва осори пурарзиши таърихии деҳоти кӯҳистони Нур, Авлиё, шаҳри Нур, Кармина, Бухоро нақлҳо оварда шудааст, дар он ба муҳимтарин ҳодисаю рӯйдодҳо, ки аз сари мардум гузаштаанд, ишораҳо шудаанд. Дар асар тасвири истодагариҳо ва зулмҳои ҳокимони аморат, ба харобазор табдил ёфтани Бухоро аз дасти низомиёни сурх, зӯровариҳои кормандони идораи махсуси шӯравиён (ОГПУ), табъиди афроди пешқадами замон, дасту гиребоншавиҳои аскарони сурх ва гумоштаҳои амирӣ, таътили кори мактабу масоҷиди пешин, сохтусози нахустин муассисаҳои шӯравӣ аз ҷумлаи далелҳои қотеъ барои исботи фикри болост.
Забони асар қобили фаҳм ва ширину дилнишин аст. Муаллиф нақлҳои худро то ҳадде бо шеваи баёни «қисса андар қисса» иброз доштааст, ки дар таҷрибаи нависандагӣ аз усули роиҷ ба шумор меравад. Ин равиши ҳикоят аллакай аз шурӯи роман ҳувайдост. Вақте ки Фарҳоду Фаршед ба сафари Нур мебароянд, диду боздидҳои онҳо, мулоқоту нишастҳояшон – ҳама дар кул ҷолиб аст ва китобхон мунтазам мехоҳад бидонад, ки дар оянда чӣ рух медиҳад, қаҳрамонҳои асар ба чӣ бархӯрдҳое дучор меоянд, Фарҳод боз чӣ гуна донише ё қиссае барои бародари худ мегӯяд.
Ҳангоми мутолиаи китоб шояд калимоте аз назари хонанда мушкилфаҳм намоянд, аммо онҳо ҳамчун вожаҳои умумифорсӣ дар дохили матн ба осонӣ фаҳмида мешаванд. Бо хондани асар мо ба чунин хулоса омадем, ки дар асл, манзури нависанда ҳам ин аст, ки забони асараш барои тамоми форсизабонҳо қобили дарк бошад. Ғайр аз ин, ӯ барои ҷаззобтар шудани нақлҳои бадеиаш аз ибораҳои рехта, мақолу зарбулмасалҳо ва абёти баргузидаи бузургон истифода мебарад. Ҳамчунин, дар бисёр ҷо вобаста ба ҳолу вазъияти мавҷуд ва рӯҳияи қаҳрамонҳо вожаҳои гӯйишӣ низ ба кор рафтаанд. Дар ин маврид, нависанда ҳатто иддао карданист, ки баъзе аз вожаҳои гӯйишӣ ҳаққи гирифтани мақом ва корбурд дар забони адабиро доранд.
Боз як хусусияти ҷолибии «Сабзу сурх» дар он аст, ки хонанда аз тариқи донистании қаҳрамонҳои аслии асар – Фарҳод, Фаршед ва бузургони дигар, мисли Шокирусто, Мулло Дурандеш, Баҳроми Баззоз, Қозибобо, Бибисоро, Эшони Судур, Аркадий Сергеевич, Суҳроб ва ҳамчунин аз забони худ доир ба ёдгориҳои таърихӣ, расму оин ва бозиҳои миллӣ нақлу қиссаҳои марғуб мекунад. Чунончи, хонанда аз муҳтавои бадеии асар ба таърихи баъзе гузару дараҳои Бору, кони намак, биёбони Қизилқум, тулуи қавси қузаҳ, корбурди корезҳо, гармобаи Нур, маҷмӯаи чашмаи Нур, бузургии Абуисҳоқи Нурӣ, зиёратгоҳи Бибӣ Рӯшноӣ, ёдгориҳои Бухоро, Сардоба, маросими арӯсӣ ва ташйиъи ҷаноза, равиши коркарди дӯконҳои порчабофӣ, осиёб, намадпазӣ, қаннодӣ, даббоғӣ, рахтшӯйӣ, ҳашарҳои дастаҷамъӣ, доягӣ, бозии сангакбозӣ, мушоира, кашидадӯзӣ, овозхониҳои мардумӣ ошноӣ пайдо мекунад ва доираи донишу маърифати худро тавсиа мебахшад.
Пӯшида нест, ки ҳар як китобхон вобаста ба дараҷаи фаҳмиш ва дарки худ ба китоби хондааш баҳо медиҳад. Ва табиист, ки перомуни асар саволҳо ё баёни фикрҳои хосса пеш меоянд. Банда низ романи «Сабзу сурх»-ро ду бор фаровардам ва мушоҳида кардам, ки бо вуҷуди он ҳама муҳтавои рангину ҷаззоб асар нотамом ба назар мерасад ва дар чанд ҷо хатоҳои имлоӣ, ҳатто иштибоҳоте дар номҳои қаҳрамонҳои асар ба чашм мехӯранд. Пас аз мутмаин шудан, бо нависанда Юнуси Имомназар як суҳбати муфассали телефонӣ анҷом додам.
Вақте ба ӯ суол кардам: «Барои чӣ мавзуъ ва мундариҷаи асар нотамом мондааст? Бе-шак, ҳар як хонанда мехоҳад бидонад, ки сарнавишти қаҳрамонҳои асосии асар бо чӣ фарҷом меёбад. Масалан, тақдири Мулло Фарҳод дар замони ҳукумати Шӯроҳо чӣ гуна сурат мегирад?»
Гуфт: «Ман амдан ин корро кардаам. Бо эътимоди ботинӣ ба алоқамандони каломи бадеъ, хостаам, ки мунтазири қиссаҳои баъдиам бошанд. Мехоҳам романи сегонаи «Сабзу сурх»-ро рӯйи кор оварам. Бо ин ният, сирри хурдеро ошкор намуда, ёдоварӣ мекунам, ки персонажҳои асосии асарам – Мулло Фарҳод ва Фаршеди омӯзгор умри тӯлонӣ мебинанд. Дар атрофи ҳаёти минбаъдаи он ду нафар идомаи асар ду давраи баъдӣ – яке солҳои сиюм ва замони ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ва дигар, солҳои баъдиҷангиро то замони даргузашташон фаро хоҳад гирифт».
Пурсиши дувум: «Сабаб дар чӣ аст, ки дар чанд ҷо калимаҳо иштибоҳӣ ба кор рафтаанд ва як персонаж бо ду ном омадааст? Чунончи, дар чанд ҷо мебинем, ки вожаҳои намешунавам, зумуррадгун, ҳарос ё номҳои Шоҳин, Соро, Нурбӣ, Гулбӣ хато чоп шудаанд».
Посух: «Дуруст дарёфтаед. Бояд гӯям, ки мо ин гуна мушкилиро ҳамеша дар ҳини чопи китобҳо дорем. Азбаски дар нашриётҳо аксари кормандон ғайритоҷик ҳастанд, ба онҳо фаҳмонидани ҳама нозукиҳо хеле сахт аст...
Камина наздики сӣ сол аст, ки дар Донишгоҳи Қаршӣ ба донишҷӯён дарс медиҳам. Яке аз бахшҳои асосии фаъолияти устодиам гирдиҳам овардани осори боарзиши адабӣ ва омӯзиш додани онҳо ба шогирдонам аст. Дар ин замина аксаран ба асарҳои хонданибоби адибони кишварамон таваҷҷуҳ зоҳир менамоям. Имсол барои ман ва шогирдонам беҳтарин армуғони адабӣ романи «Сабз ва сурх»-и Юнуси Имомназар буд, ки бе муболиға, ин китобро метавон ҳамчун дастоварди шоистаи адабиёт ва шуҳратгустари ҳавзаи адабии тоҷикони Ӯзбекистон арзёбӣ кард. Аз ин рӯ, ба шуъбаи тоҷикии Вазорати таълими ҷумҳурӣ ва факултаҳои тоҷикии донишгоҳҳои кишварамон пешниҳод менамоям, ки китоби мазкурро ба барномаи таълими мактабҳои тоҷикӣ ва факултаю шуъбаҳои тоҷикии донишгоҳҳо дохил кунанд.
Фарҳод ҚИЁМОВ,
устоди Донишгоҳи давлатии Қаршӣ.