Мактаби рақами 39-уми ноҳияи Самарқанд аз дабиристонҳои қадимтарини ноҳия ба шумор меравад.
Соли 1982 бинои мактаб аз саргаҳи деҳаи Андиҷонӣ ба маркази деҳа кӯчида буд. Аниқтараш, чил сол пеш бо часпу талоши Даврон Иброҳимов, сонитар Паттӣ Холова барин сарварони таълимгоҳ мактаб соҳиби бинои калони замонавӣ гардид. Дар муддати ин солҳо агарчӣ мактабро ҳар сол таъмири ҷорӣ менамуданд, танҳо соли 2017 ҳангоми директории Адаш Ҷалолов ду бино таъмири асосиро дид. Директори нави мактаб Дилдора Ҳабибова фаъолиятро аз ободонӣ сар кард. Ҳайдар Ӯроқов, Абдуҷаббор Умаров, Фурқатҷон Узоқов, ки дар солҳои гуногун ҳамин мактабро хатм кардаанд, ба таъмири мактаб камари ҳиммат бастанд. Ба онҳо Санҷар Каримов, Облобердӣ ва Шӯҳратҷон барин устову тадбиркорони босахо ҳамроҳ шуданд.
Ҳоло мактаби таърихан куҳанбунёд ҷилои навро соҳиб мегардад. Дар мактаб ташкил шудани синфҳои махсуси забономӯзӣ, интерфаъол, китобхона ва дигар таҷҳизоти компутерии замонавӣ сифати таълимро даҳчанд мебардорад. Гулгашту хиёбонҳо низ таъмир меёбанд. Ҳоло ободонӣ дар мактаб давом дорад.
Мансурҷон НОРОВ,
Озод ҲАМИДЗОДА.
Вилояти САМАРҚАНД.