ҶИНОЯТ БЕҶАЗО НАМЕМОНАД

Қонуншикан Шодмон Шералиев (ному насабаш иваз шудааст) бо «Дамас»-и шахсӣ кирокашӣ мекард.

Қонуншикан Шодмон Шералиев (ному насабаш иваз шудааст) бо «Дамас»-и шахсӣ кирокашӣ мекард. Рӯзе кадоме аз мусофирон, шояд аз парешонхотирӣ бошад, дар мошини ӯ 800 дона маркаи аксизро партофта рафтааст. Ронандаи ҳайратзада ба Мансур ном шаҳрванд, аз табори ҷӯгиён ин бозёфтро доданӣ шуд, вале ӯ ба вай чунин маслиҳат дод: 
– Агар шумо шиша ва спирт ёфта арақ созед, даромади хуб мегиред. Ман тарзи тайёр кардани машруботро медонам. 
Шодмон Шералиев, ки пас аз ба шавҳар додани духтар ва бемор шудани ҳамсараш ба пул ниёз дошт, ба ин таклиф розӣ шуд. Дере нагузашта Мансур шишаҳои арақ ва маводи заруриро ёфта омад. Дар таҳхонаи Шодмон корхонаи хуфиёна ба кор шурӯъ кард, ки арақи дастсохт мебаровард. 
Ин маҳсулоти дастисохт дар дӯкону ошхонаҳои шахсӣ бо нархи шартномавӣ зуд ба фурӯш рафт. 
Лекин, тавре ки дуруст фармудаанд: «Як бор ҷастӣ, малахак, ду бор ҷастӣ, малахак, охир ба дастӣ, малахак!» – сир фош шуд. 
12-уми декабри соли 2019 ходимони департаменти мубориза бар зидди ҷиноятҳои иқтисодӣ ва идораи корҳои дохилии ноҳияи Самарқанд нобаҳангом ба хонадони Шодмон Шералиев омада, қонуншиканро дар сари ҷиноят дастгир карданд. Аз таҳхонаи ӯ 65 дона арақи «Мароқанд»-и 0,5 литра, 25 дона «ROYAL», 13 дона «Кислород», 25 дона сарпӯши пластмассагии шишаи арақ бо  иштироки шоҳидон чун далели ашёвӣ мусодира гардид, ки арзиши умумии онҳо 2 миллиону 302 ҳазору 400 сӯм буд. 
5-уми марти соли равон дар суди кушоди маъмурии ноҳияи Самарқанд Шодмон Шералиев ба гуноҳаш иқрор шуда, ба ҳайати суд пушаймонии худро изҳор кард. Суд муқаддам суд нашудани Шералиев ва падари се фарзанд буданашро ба инобат гирифта, ба ӯ дар андозаи 50 баробари миқдори камтарини музди меҳнат ҷарима таъин кард, ки он 11 миллиону 115 ҳазор сӯмро ташкил медиҳад.

Зафар КАРИМОВ, 
раиси суди маъмурии ноҳияи Самарқанд. 

Зоҳир ҲАСАНЗОДА, 
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: