ҶИНОЯТИ ДУЗДИИ МАБЛАҒҲО ДАР НИЗОМИ ОНЛАЙН ЧАРО МЕАФЗОЯД?

Ҳодисаҳои бо роҳи қаллобӣ аз кортҳои пластикӣ ва суратҳисобҳои бонкӣ рабудани маблағи шаҳрвандон бо истифода аз сохторҳои иттилоотӣ, аз ҷумла технологияҳои иттилоот, бе иҷозат ворид шудан ба сохтор зиёд шуда истодааст.

Намудҳои ин ҷиноятҳо зиёд буда, аз тарафи шаҳрвандон ба мақомотҳои дахлдор ва депутатҳо бисёр муроҷиатҳо мерасанд. Масалан, тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ рекламаи ягон ашё, ҳаволаи маҳсулот эълон карда шуда, пас аз гузаронидани пул интақоли он ваъда шуда бошад ҳам, расонда дода нашудани маҳсулот, ҷамъ овардани пул бо гузоштани корти пластикӣ барои кумаки молиявӣ ба касе  афзоиш ёфтааст.
Инчунин, ба боварии шаҳрвандон даромада, бо дархости смс-код, рамзи тасдиқӣ аз рақамҳои телефон ҳолатҳои рабудани пул аз кортҳои пластикии онҳо низ мушоҳида мешавад. 
Аз ҷумла, бо баробари ваъдаи гузаронидани маблағ барои ба гурӯҳи телеграм илова кардани шахс, ҷинояти дуздии маблағ дар низоми онлайн бо дархости рақами телефон ва коди смс низ вуҷуд дорад. Ин гуна ҷиноятҳоро аз кишвари дигар истода, ба воситаи коди смс содир кардан мумкин аст.
Баъзан қаллобон тавассути нақшаи хабарҳои қалбакӣ, аз қабили «Занги оператор», «Занги мессенжер», «Паёми оператори мобилӣ дар бораи бастани корт аз бонк» амалиёти қаллобӣ анҷом медиҳанд. Имрӯз чунин қаллобӣ ва дуздӣ оммавӣ гардида, хатари иҷтимоӣ ҳам меафзояд. 
Бинобар ин худи ҳаёт имрӯз талаб мекунад, ки дар қонунгузории мо чунин шаклҳои фиребгарӣ ба назар гирифта шаванд. Ҳамин тариқ, вақти он расидааст, ки ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Ӯзбекистон тағйирот ворид карда, барои чунин ҷиноятҳо ҷавобгарӣ муқаррар карда шавад
Тибқи лоиҳаи қонун «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Ӯзбекистон», ки дар ҷаласаи Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис баррасӣ шуда буд, чораҳои ҷазодиҳӣ барои дуздӣ ва ғорати молу мулки дигарон, ки тавассути сохтори иттилоотию коммуникатсионӣ содир карда шудааст, пурзӯр карда шуд.
Дар ин ҳуҷҷат пешбинӣ шудааст, ки ҷавобгарӣ барои дуздии дар натиҷаи дастрасии беиҷозат ба сохтори иттилоотӣ бо истифода аз воситаи пардохти электронӣ ё сохтори хидматрасонии фосилавӣ содиршуда, дар қисми сеюми моддаи 169-уми Кодекси ҷиноӣ ҳамчун ҳолати вазнинкунанда ворид карда мешавад.
Дар ин замина, қабули лоиҳаи қонун дар баробари пешгирии навъҳои нави қаллобӣ ва ҷиноятҳои вазнин, ки хавфи иҷтимоиро зиёд мекунанд, ҳуқуқҳои шаҳрвандонро муҳофизат менамояд.

Гулбаҳор
 САИДҒАНИЕВА, 
депутати Палатаи қонунгузории
Олий Маҷлис.  

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: