ҶИНОЯТКОР ҶАЗОЯШРО ГИРИФТ

Ба қарибӣ дар ҳудуди вокзали роҳи оҳани «Ҷанубӣ»-и Тошканд аз тарафи ходимони шуъбаи корҳои ҷиноии Саридораи таъмини бехатарии нақлиёти Тошканд шаҳрвандон Ч. Х. ва А. А.-ро ҳангоми хариду фурӯши ноқонунии 100 доллари амрикоӣ (1 070 000 сӯм) ба даст афтонданд.

Баъд аз тафтиш суди оид ба корҳои ҷиноии ноҳияи Яккасаройи  шаҳри Тошканд нисбати шаҳрванд Ч. Х. ба муддати 3 шабонарӯз ҷазои ҳабси маъмурӣ таъин намуд. 
Огоҳ намудани шаҳрвандон аз ҳаракатҳои ноқонунӣ на танҳо вазифаи шахсони масъул, балки ҳамаи мо бояд бошад.

Бобур МУҲАМАДҶОНОВ, 
ходими Саридораи таъмини бехатарии нақлиёти роҳи оҳани ҳудудии Тошканд.

***
Моҳи июли соли ҷорӣ ба Саридораи таъмини бехатарии нақлиёти Тошканд доир ба дуздидани ҷиҳозҳои техникии мансуб ба ҷамъияти саҳҳомии роҳи оҳани Ӯзбекистон хабар расид. Аз рӯйи ҳолати мазкур чорабиниҳои тезкор ба амал омаданд ва муайян карда шуд, ки ин ҷиноят аз тарафи шаҳрвандон Т. М. ва Г. Ш. содир карда шудааст. Албатта, ҷинояткорон ҷазояшонро гирифтанд. 
Аз ҷавононамон хоҳиш менамоем, ки ба чунин ҳолатҳо бефарқ набуда, аз имкониятҳои имрӯза, ки барои онҳо фароҳам оварда шудааст, босамар истифода баранд, баҳри рушду нумӯи кишвар ҳиссаи худро гузоранд. 

Нарҷан КУКУЗОВ, 
ходими Саридораи 
таъмини бехатарии
 нақлиёти роҳи оҳани Тошканд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: