ҶИСМ СОЛИМУ РӮҲ МУҚТАДИР БОШАД

Аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ хабари мудҳише паҳн шуд, ки асоси воқеӣ дошт.

Талабадухтаре, ки дар замираш васвасаи шайтон боло гирифта буд, қасди ҷон карда, худро ба наҳри пуроб мепартояд. Толибилми дигаре, ки донишҷӯи соли аввали донишгоҳ буд, баҳри халос кардани духтари ношинос бо амвоҷи наҳр чанде талош кард ва оқибат духтарро наҷот доду худ ғарқ шуд... 
Вақте ки ин хабарро хондам, хеле мутаассир гаштам, зеро банда омӯзгорам ва бе муболиға ҳар як иллати ҷамъият дили мо – омӯзгоронро ба дард меорад. Бале, мо барои шогирдони худ пас аз хатми мактаб ҳам вақте ки ба ҳаёти мустақил қадам мемонанд,  масъулем. Кӯдаки ҳафтсола вақте ки ба остонаи мактаб қадам мегузорад, ӯ ҳоло маъсум аст. Маҳз дар мактаб характери ӯ зина ба зина ташаккул меёбад. Омӯзгоронро беҳуда муҳандисони рӯҳи одам нагуфтаанд. Дар шаклёбии рӯҳияи шогирдон саҳми муаллимон беандоза аст.   
Охир ҳамаи онҳое, ки ба кӯчаи ҷиноят даромадаанд,  як замон шогирди мактаб будаанд. Агар ҳангоми мурофиаи судшаванда муаллими ӯ низ дар толори суд ҳозир бошад,  эҳтимол ба фоидаи кор аст. Шояд дар он лаҳза мо – омӯзгорон кам набудани масъулияти тарбияро аз зарурати таълим боз як бор дарк намоем. 
Ояндаи бузурги ҷомеаро бешубҳа шогирдони имрӯзаи мактаб таъмин мекунанд. Ба хотири ислоҳ намудани мактабу маориф қонунҳо мебарояд,  фармонҳо ба имзо мерасанд. Ин кӯшишҳои ҳукумати ҷумҳурӣ ба хотири баланд бардоштани сифати таълиму тарбия аст. Албатта, барои ҷомаи амал пӯшидани қонуну фармонҳо як қатор идораҳо масъуланд,  аммо масъулияти асосӣ ба дӯши муаллим хоҳад монд. Пас вақти он расидааст,  ки имрӯз муаллим нисбат ба дирӯз садчандон масъулиятшинос бояд бошад. 
Имрӯз дар мактабҳо ба омӯхтани руҳияи хонандагон, феълу атвори онҳо аҳамияти хосса дода мешавад. Ҷамоаи педагогии мактаби мо низ кӯшиш доранд,  ки аз ин ҷараён ақиб намонанд. Мо аз синфҳои поён сар карда,  зина ба зина ба кадом касбу кор таваҷҷӯҳ доштани хонандагонро меомӯзем. Бо падару модарон суҳбат ороста, оиди машғулиятҳои беруназмактабии онҳо тавсияҳо пешниҳод мекунем. Ба мактаб мо инспектори профилактика,  собиқадорони меҳнат, соҳибони касбу кори гуногунро даъват карда, суҳбатҳо мегузаронем. 
Аҳамияти калон доштани тарбияи ватандӯстӣ ва ҳаётдӯстӣ дар ҷараёни таълиму тарбия гапи нав нест. Аммо маҳз бо кадом хислатҳо зоҳир гаштани ҳисси ватандӯстиро моҳирона талқин карда тавонистан як омили муҳими пешгирии ба кӯчаи ҷиноят даромадани наврасон аст. Масалан, дар вақти таҳлили хислатҳои дуздӣ,  дурӯғгӯӣ,  худбинӣ оқибатро аз ҷузъ ба кулл барем, хонанда ба осонӣ дарк мекунад,  ки одами дорои чунин хислатҳо ватандӯст шуда наметавонад. 
Боиси таассуф аст, ки аҳён-аҳён воқеаи нохуши ба ҷони худ қасд кардани наврасонро мешунавем. Худкушӣ пеш аз ҳама оҷизии рӯҳӣ аст. Пас мо – омӯзгоронро лозим меояд,  ки аз болои худ боз бештар кор кунем,  то ин ки шогирдонамон назди душвориҳои ночизи зиндагӣ оҷиз намонанд ва ҷиҳати  ҷисмониву рӯҳӣ солиму муқтадир бошанд. 

Иброҳим ДЕҲҚОНОВ,  
руҳшиноси  мактаби рақами 9-уми   
ноҳияи Сайҳунободи вилояти Сирдарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: