ҶИСМИ ШОИР ФАНО ГАРДИД, АММО...

Адабиёти муосири тоҷик талафоти гарон дод.

Адабиёти муосири тоҷик талафоти гарон дод. 13 августи соли равон Шоири мардумии Тоҷикистон, барандаи мукофоти давлатии ба номи Рӯдакӣ, муаллифи суруди миллии Тоҷикистон — Гулназар Келдӣ дар  75-солагӣ бар асари беморӣ аз дунё даргузашт.
Гулназар Келдӣ 20 сентябри соли 1945 дар деҳаи Дардари ноҳияи Айнии вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон дида ба дунё кушодааст. Баъди хатми Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, фаъолияти кориашро соли 1966 дар рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон», ба сифати хабарнигор, шурӯъ кардааст. Солҳои 1973 — 1990 аввал ҷонишини мудири шуъба, сипас мудири шуъбаи назми маҷаллаи «Садои Шарқ» буд. Аз соли 1991 то охири умр ба ҳайси сармуҳаррири ҳафтавори «Адабиёт ва санъат» ифои вазифа кард.
Шоири саршинос барои имрӯзиён ва фардоиён дафтарҳои шеърии зиёде, ба мисли «Расми сарбозӣ» (1969), «Дастархон»(1978), «Нардбон» (1975), «Ағба» (1978), «Паҳно» (1981), «Лангар» (1985), «Пайи дарё» (1985), «Чашми нигин» (1992) ба мерос гузошт.
Китоби шеърҳои шоир — «Звезда Улуғбека» («Ситораи Улуғбек», 1981), «Безимянный родник» («Чашмаи беном», 1989), «Тень тутовника» («Сояи дарахти тут», 1985) дар тарҷумаи шоирону тарҷумонҳои боистеъдоди рус рӯйи чопро дидаанд. Маҷмӯаи «Тахти Рустам»-и суханвар соли 1988 бо ҳуруфи арабиасоси форсӣ ба дасти нашр расид.
Шоири соҳибсабк шеърҳои шоирони рус Марина Светаева, Римма Казакова, Михаил Светлов, Роберт Рождественский, Николай Гумилёв ва Юрий Лермонтовро бо маҳорати баланд ба мулки маънавии халқи тоҷик табдил додааст. 
Алоқамандони каломи бадеъ бо маҳсули солҳои охири шоир — песаҳои «Мансури Ҳаллоҷ» ва «Имом Ғаззолӣ» ошноянд. Шеърҳои салису равони шоир ба мактабиён ва донишҷӯёни гурӯҳҳои тоҷикии муассисаҳои таълими олии Ӯзбекистон низ ғизои маънавӣ бахшидаанд. Солҳои 70-уми қарни сипаригардида маҷмӯаҳои шеърии ӯ — «Расми сарбозӣ» ва «Дастархон» аз китобҳои рӯйимизии донишҷӯёни факултаҳои филологияи тоҷики донишгоҳу донишкадаҳои Самарқанд низ  буданд. Шоири дарёдил айни замон ба бисёре аз шоирони тоҷики ҳавзаи Ӯзбекистон ҳаққи устодӣ дорад.
Гулназар Келдӣ, мисли шоиру нависандагони бузурги тоҷик устодон Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода, Сотим Улуғзода, Ҷалол Икромӣ... ҳар боре, ки ба пойтахти Ӯзбекистон меомад, албатта, ба идораи рӯзномаи «Овози тоҷик» ташриф меовард, дар атрофи ӯ аҳли эҷоди рӯзнома ҷамъ меомаданд, як маҳфили кӯчаки адабӣ баргузор мешуд, маслиҳатҳояшро бобати пешрафти адабиёти ҳавза дареғ намедошт... Ин кори ӯ аз садоқаташ ба адабиёт ва фарҳанги миллӣ дарак медод. Устод бо бисёр адибони ӯзбек дӯстӣ дошт.
Шоири шаҳир имсол ба ҷашни 75-умин солгарди умраш, ки бояд 20 сентябри соли равон бургузор мешуд, омодагӣ мегирифт. Дареғ...
Ба муносибати фавти нобаҳангоми шоири номвар ба аъзои оила, қарибон ва аҳли адаби Тоҷикистон ҳамдардӣ изҳор менамоем. Ҷисми шоир фано гардид, аммо умри рӯҳонии ӯ дар сатрҳои мондагораш идома дорад. Ҳар касе, ки китоби шеърашро кушояд, нафаси гармашро эҳсос мекунад. Суруди миллии ӯ ҳар субҳ аҳолии Тоҷикистонро аз хоб бедор менамояд. 

Бахши адабиёт ва ҳунари «Овози тоҷик».


ПАЙҒОМИ ПАСИ АҒБА
Ба устод Гулназар

Намегӯям, аё устоди мушфиқ,
Ба ман омӯз асрори суханро.
Агар дар дил набошад сӯзу дарде,
Наметонам кашам бори суханро.

Ба ман омӯз покӣ, устуворӣ,
Ба баҳри синаҳо «Лангар» ниҳодан.
Ба роҳи сӯхтанҳо, сӯхтанҳо,
Чу оташ мушти хокистар ниҳодан.

Ба ман омӯз дарси сарбаландӣ,
Чу ҳар кӯҳи баланди Тоҷикистон.
Биёмӯзам давидан дар раҳи умр,
Чу Варзоби шитобону шитобон.

Давидам бас ба паҳноҳои кӯҳам,
Ба «Паҳно»-и сухан аммо чӣ
 душвор.
Ба дидан гарчи ҳамвор асту осон, 
Вале шебу фарози он чӣ бисёр.

Биёмӯзам тариқи кӯҳгардӣ,
Мани даштӣ чӣ донам ағбааш 
чист.
Замини мо фақат водию саҳрост,
Дар ин ҷо тоҷикон ҳастанду
 кӯҳ нест.

Биёмӯзам, аё марди фидоӣ,
Нанолидан ба зери бори тақдир.
Бихоҳам аз камони миллати хеш,
Парам суйи ҳадаф чун бехато тир.

Абдулло СУБҲОН.  
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: