Дар Маркази матбуоти миллӣ бо иштироки роҳбарияти Вазорати варзиш ва Федератсияи Jiu-Jitsu таҳти мавзӯи «Фаъолият ва нақшаҳои федератсия дар соли 2024» нишасти матбуоти баргузор гардид.
Ба туфайли майл доштан ба намудҳои гуногуни варзиш ҷавонон ба худ ва муваффақ гардидани худ дар ҳаёт боварӣ ҳосил менамоянд ва дар ин замина ба неру ва имконияти худ такя карданро меомӯзанд. Варзиш ва дастовардҳои варзишӣ ба обрӯю эътибори байналмилалии кишварҳо, маъруфияти онҳо бе таъсир набуда, миллату кишварро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ мекунад.
Дар Маркази матбуоти миллӣ бо иштироки роҳбарияти Вазорати варзиш ва Федератсияи Jiu-Jitsu таҳти мавзӯи «Фаъолият ва нақшаҳои федератсия дар соли 2024» нишасти матбуоти баргузор гардид.
Дар бораи корҳои дар соли ҷорӣ анҷомёфта , натиҷаҳои мусобиқаҳо ва байналмилалӣ ва дурнамои рушди ҷиу-ҷитсу дар кишварамон маълумот дода шуд.
Дар Ӯзбекистон ҷиу-ҷистсу яке аз маъмултарин ва ҷавонтарин намуди варзиш маҳсуб мешавад ва маъруфияти он дар байни кӯдакон бештар ба таблиғ ва чорабиниҳои муосир вобастагӣ дорад. Ин намуди варзиш як мактаби тарбиявӣ барои насли наврас аст, ки ба онҳо неруи рӯҳӣ, сабру тоқат ва худдорӣ дар ҳама гуна вазъиятҳоро меомӯзад.
Соли ҷорӣ дар кишварамон 5 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ва байналхалқӣ гузаронида шуд. Дар байни онҳо чемпионати Ӯзбекистон, Tashkent open ва мусобиқаҳои байни ҷавонон аҳамияти махсус доштанд. Дар онҳо зиёда аз 4000 нафар ширкат варзиданд.
Варзишгарони кишварамон дар мусобиқаҳо беш аз 30 медал ба даст оварданд. Барои оммавӣ гардонидани ҷиу-ҷитсу дар байни ҷавонон дар вилоятҳо таълими махсус ташкил ва зиёда аз 1000 варзишгарони ҷавон ҷалб карда шуданд.
– Ҷиу-ҷитсу ҳарчанд дар кишвари мо яке аз навъҳои ҷавони варзиш ба шумор меравад, пешравиҳои назаррас дорем, - мегӯяд саркотиби федератсия Ғайрат Набиев. - Ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои Осиё, чемпионатҳои Осиё ва ҷаҳон дорем. Моҳи декабр дар қасри варзиши «Универсал»-и Тошканд Ҷоми Ӯзбекистон дар сатҳи баланд гузашт. Чорабинии мазкур дар рушди ин намуди варзиш, нишон додани истеъдоди ҷавоно наҳамияти калон дорад. Чунин мусобиқаҳо барои дар кӯдакӣ ташаккул додани шавқу рағбат ба варзиш, рушди қобилият ва омода намудани онҳо хеле муҳим аст.
Маҳз дар ҳамин синну сол дар онҳо маҳорати интизомнокӣ, кор кардан бо ҷамоа ва гузоштани мақсад ташаккул меёбад.
Дар бораи барномаҳои ҳамкорӣ бо кишварҳои чун АМА, Таиланд ва Фаронса таъкидшуд. Варзишгарони кишварамон нақша доранд, ки соли 2025 дар Grand Paris open, чемпионати Осиё ва дигар мусобиқаҳои бонуфуз ширкат варзанд.
Барои рушди минбаъдаи ҷиу-ҷитсу дар чанд минтақаи кишвар кушодани толорҳои варзишӣ дар назар аст. Инчунин, барои дастаи яккачини кишвар ҷамъомадҳои таълимии байналхалқӣ ташкил карда мешавад.
Гузаронидани мусобиқаҳо,Ҷоми Ӯзбекистон натанҳо барои омода кардани варзишгарони рақобатпазир дар арсаи дохилӣ, инчунин барои баланд бардоштани парчами Ӯзбекистон дар арсаи байналхалқӣ имкониятҳо фароҳам меорад.
Ҷиу-ҷитсу қадами муҳимест, ки барои афзоиши таваҷҷуҳи насли наврас ба варзиш, роҳнамоии онҳо ба тарзи ҳаёти солим ва таъмини ояндаи варзиши миллӣ нигаронида шудааст. Шубҳае нест, ки варзишгарони боистеъдоди имрӯз чемпионҳои фардо мегарданд.
М. МАМАҶОНОВА,
хабарнигори «Овози тоҷик».