ҶИҲАТИ ТАШКИЛИ ДУРУСТ ВА САМАРАНОКИ ФАЪОЛИЯТИ ШӮРОҲОИ МАҲАЛЛИИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ

Дар вилояти Сирдарё 6 майи соли 2021 муаррифии дастури методӣ оид ба ташкили дуруст ва самарабахши фаъолияти Шӯроҳои маҳаллии намояндагони халқ баргузор гардид.

Дар вилояти Сирдарё 6 майи соли 2021  муаррифии дастури методӣ оид ба ташкили дуруст ва самарабахши фаъолияти Шӯроҳои маҳаллии намояндагони халқ баргузор гардид. Чорабинӣ бо кӯмаки лоиҳаи муштараки Агентии хизматҳои давлатии назди Вазорати адлия ва Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид «Беҳтар намудани хизматрасонии давлатӣ ва баланд бардоштани сатҳи идоракунӣ дар деҳоти Ӯзбекистон», ки аз ҷониби Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Иттиҳоди Аврупо бо маблағ таъмин карда мешавад, гузаронда шуд.
Дар он аъзои Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон, коршиносони Барномаи рушди СММ, депутатҳои намояндагони халқи Шӯроҳои вилоятӣ, ноҳиявӣ ва шаҳрӣ, намояндагони аҳли ҷомеа ва воситаҳои ахбори оммавӣ ширкат варзиданд.
Чорабиниро узви Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ҳ.Артиқбаева ифтитоҳ намуд. Қайд карда шуд, ки солҳои охир дар кишвар оид ба куллан такмил додани фаъолияти мақомоти намояндагии ҳокимият дар маҳаллҳо корҳои зиёд ба анҷом расонида шуданд, алалхусус самаранокии фаъолияти Шӯроҳои маҳаллӣ, депутатҳо баланд мегарданд, онҳо мушкилоти аҳолиро меомӯзанд.
Дар Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи Барномаи давлатии татбиқи Стратегияи амалиёт оид ба панҷ самти устувори рушди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар солҳои 2017-2021 дар «Соли дастгирии ҷавонон ва мустаҳкамсозии саломатии аҳолӣ» вазифаи ба таври куллӣ такмил додани фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллӣ ва намояндагӣ пешбинӣ шудааст.
Сенати Олий Маҷлис ҷиҳати баланд бардоштани самаранокии фаъолияти Шӯроҳои маҳаллии вакилони халқ ва дастгирии методии онҳо як қатор тадбирҳоро амалӣ менамояд. Аз ҷумла, таҷрибаи коркарди дастурҳои методӣ таҳти унвони «Китобхонаи депутати Шӯрои маҳаллӣ» ба роҳ монда шудааст.
Инчунин оид ба ташкили дуруст ва самарабахши фаъолияти Шӯроҳои маҳаллии вакилони халқ дастури методӣ таҳия шудааст, ки аз се боб иборат буда, дорои маводи фаровони назариявӣ ва мисолҳои марбут ба ташкили фаъолияти депутат, самтҳои дархости депутатӣ, иттилооти муфассал дар бораи фаъолияти Шӯроҳои маҳаллӣ ва комиссияҳои доимии он, ваколатҳо ва ӯҳдадориҳои Шӯрои маҳаллӣ, ташкили фаъолият ва иҷлосияҳои он мебошад.
Дар суханронии худ ҳамоҳангсози барномаҳои БРСММ Ғ.Сатвалдиев андешаи худро оид ба вазифаҳои афзалиятноки Шӯроҳои маҳаллӣ ва котиботи онҳо иброз дошт ва ислоҳоти дар кишвар идомадоштаро дар ин самт қайд кард. Инчунин дар бораи таҷрибаи қонунгузории Иттиҳоди Аврупо ва дигар кишварҳои пешрафтаи хориҷӣ дар самти такмил додани фаъолияти мақомоти маҳаллии намояндагӣ маълумоти мухтасар дода шуд.
Мудири шуъбаи дастгоҳи Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба масъалаҳои мусоидат ба фаъолияти Шӯроҳои маҳаллии депутатҳои халқ Қ.Муқумов оиди  мундариҷаи дастури методӣ оид ба ташкили дуруст ва самарабахши фаъолияти Шӯроҳои маҳаллии вакилони халқ, нақши он дар татбиқи амалӣ, алалхусус дар ташкили кори депутатҳо, Шӯроҳои маҳаллӣ ва комиссияҳои доимии онҳо истода гузашт.
Муаррифӣ таваҷҷӯҳи зиёди иштирокчиёнро ҷалб намуд ва перомуни ин мавзӯъ мубодилаи афкор сурат гирифт.

Хидмати ахбори
Сенати Олий Маҷлиси
Ҷумҳурии Ӯзбекистон

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: