Вақтҳои охир саросари мамлакати моро мавҷи ислоҳот фаро гирифтааст.
Доир ба ислоҳоти соҳаи таълим низ фикру ақидаҳои мухталиф ва баҳсу мунозираҳо идома доранд. Хушбахтона, Президент барои кормандони муассисаҳои таълим беш аз пеш шароити хуб фароҳам меоварад.
Пӯшида нест, ки солҳои охир дар дили омӯзгорони зиёд нисбат ба ин касбу кор шӯълаи умед фурӯзон гардид.
Аммо ман мехостам дар бораи он мулоҳиза ронам, ки дар хориҷа таълиму тарбия чӣ тавр ба роҳ монда шудааст, аз ин хотир ба кишвари Финландия таваҷҷӯҳ кардам. Агар мо низ дар мавриди истифодаи баъзе ҷиҳатҳои оид ба таълим аз таҷрибаи ин кишвар истифода намоем, ба манфиати кор аст.
Марказҳои бонуфузи тадқиқотии ҷаҳонӣ низоми таълими Финландияро дар ҷаҳон беҳтарин меҳисобанд. Агар аз наздик шинос шавем, дарҳақиқат, барои худ ҷиҳатҳои аҷиби онро кашф хоҳем кард. Масалан, мактабҳо ба тоифаҳо ҷудо карда нашудаанд баръакс ҳамаи онҳоро давлат таъмин мекунад.
Дар ҷараёни таълими мардуми фин дар синфҳои ибтидоӣ системаи баҳогузорӣ мавҷуд набуда, хонандагон имтиҳон низ намесупоранд, ҳатто ба онҳо вазифа ҳам дода намешавад. Хонандагон бисёр иншо менависанд ва тавассути он ба фикри шахсии худ соҳиб мегарданд.
Дар онҳо ба ҳамаи фанҳо муносибати якхела ба назар мерасад, яъне яке аз фанҳо ё гурӯҳи фанҳоро чуқур омӯхтан шарт нест. Як хонандаро ба хонандаи дигар муқоиса кардан манъ аст. Дар як синф ҳам хонандагони солим, ҳам хонандагони маъюб ва ҳам аълохон таҳсил мегиранд.
Санаҳо, қарорҳо, истилоҳҳои гуногунро аз ёд карданашон шарт нест. Яъне хонандагон аз манбаъҳои гуногун, ба монанди ахборномаҳо, луғатҳо, ҳисобкунак, интернет ва монанди инҳо васеъ истифода мебаранд.
Пардохти таълим, хӯрок, саёҳат ва роҳкиро аз ҳисоби давлат аст. Дар ин асно пулғункунӣ аз волидайн қатъиян манъ карда шудааст.
Муаллим дар як рӯз ҳамагӣ 4 соат дарс мегузарад ва 2 соат дар болои худ кор мекунаду малакаашро меафзояд. Ба ҳар як муаллим ассистент вобаста карда шудааст.
Баъзан муаллимро ҳамроҳи хонандагон дар тамошои филмҳо, хӯроки наҳор ё нисфирӯзӣ дидан мумкин аст.
Ҳоло ба Финландия номҳои «Мамлакати беҳтарини дунё», «Қулайтарин мамлакат» ва ё «Мамлакати аз ҳама бехавф» ва монанди инҳоро нисбат медиҳанд.
Шиори онҳо дар таълим чунин аст: «Мо бачагонро ба ҳаёт тайёр мекунем, ё ба имтиҳон. Ва мо, албатта, роҳи якумро интихоб мекунем.»
Комилҷон САЛОМОВ,
омӯзгори мактаби таълими
ҳамагонии рақами 2-юми ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона.