ҶИҲАТҲОИ БА ХУД ХОСИ КОДЕКСИ ИНТИХОБОТӢ ДАР ЧИСТ?

Маълум аст, ки интихобот ин натиҷаи рушди бисёрасринаи таърихии ҷамъияти инсонист, ки ба ташаккул додани такомули усулҳои давлат ва ҷамъият хидмат мекунад.

Имрӯз қариб дар ҳамаи мамлакатҳои ҷаҳон (ба ғайр аз давлатҳои дорои монархияи мутлақ) интихоботи демократии ба ташаккул додани мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва худидораи шаҳрвандон марбут аллакай ба қисми ҷудонопазири низоми сиёсӣ табдил ёфтааст.
Дар ҷаҳони замонавӣ интихобот торафт хусусияти оммавӣ пайдо мекунад. Факти танҳо дар соли 2018 дар беш аз 40 мамлакат баргузор гардидани қариб 60 маъракаи интихоботӣ аз ин далолат медиҳад.
Дар айни ҳол дар бораи интихобот ба ғайр аз меъёрҳое, ки дар Конститутсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон мустаҳкам шудаанд, боз қариб 10 ҳуҷҷати қонунгузорӣ қабул шуданд. Он чиз ҷолиби аҳамияти ҷудогона аст, ки қонунгузории интихоботӣ бо назардошти таҷрибаи интихоботӣ  такмил дода шуд ва, дар навбати худ, қонунгузории интихоботӣ низ барои рушди амалиёти интихоботӣ такони муҳим гардид.
Ташаббуси коркард ва қабули Кодекси интихоботии Ҷумҳурии Ӯзбекистонро сарвари давлатамон дар Муроҷиатномаи худ ба Олий Маҷлис 22 декабри соли 2017 пешниҳод намуд. Бо назардошти ин беш аз даҳҳо ҳуҷҷатҳои байналхалқии ба раванди интихоботӣ марбут мавриди таҳлил қарор дода шуда, ғояву андозаҳои асосии онҳо дар Кодекси нави интихоботии мамлакатамон инъикос ёфтаанд.
Инак, меъёрҳои ҳуқуқӣ ва навгониҳои ба Кодекси интихоботии аз ҷониби Президент имзошуда воридгардида чӣ гунаанд?
Якум, дар ҳуҷҷати мазкур панҷ қонуни то айни ҳол амалкунандаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, яъне  «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон», «Дар бораи интихобот ба Шӯроҳои намояндагони халқи вилоятӣ, ноҳиявӣ ва шаҳрӣ», «Дар бораи Комиссияи марказии  интихоботии Ҷумҳурии Ӯзбекистон»,  «Дар бораи кафолатҳои ҳуқуқи интихоботии шаҳрвандон», инчунин як қатор ҳуҷҷатҳои зерқонунӣ байни худ унификатсия карда шуда, дар намуди яклухт баён гардиданд. Ин, дар навбати худ аз он дарак медиҳад, ки аз лаҳзаи эътибор пайдо кардани Кодекси интихоботӣ ҳуҷҷатҳои қонунгузории дар боло зикргардида эътиборашонро гум мекунанд.
Дувум, Кодекси интихоботӣ бо меъёрҳои нав ғанӣ гардиданд, ки дар ҷараёни интихоботӣ истифода бурдани як қатор механизму технологияҳоро фароҳам меорад. Аз ҷумла, институти ҷудо намудани ҷойҳои депутатӣ барои намояндагони Ҳаракати экологии Ӯзбекистон дар Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис барҳам дода шуд. Иштироки тамоми 150 нафар депутатҳои Палатаи қонунгузорӣ дар интихоботи умумихалқӣ мустаҳкам карда шуд.
Ба ғайр ин, тартиби аз ҷониби мақомоти худидораи шаҳрвандон пешниҳод намудани номзадҳо ба Шӯроҳои намояндагони халқӣ ноҳиявӣ (шаҳрӣ) бекор карда шуд.
Инчунин, масъалаи ташаккул додани рӯихати ягонаи электронии интихобкунандагони Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Кодекс инъикос ёфт. Аз ҳисоби ҷорӣ кардани варақаи ягонаи интихоботӣ барои овоздиҳии пеш аз муҳлат ва овоздиҳӣ дар рӯзи интихобот аз қонунгузорӣ мафҳумҳои «варақаи интихоботӣ» хориҷ гардид. Муайян карда шуд, ки дар ҷараёни овоздиҳӣ ба интихобкунанда бар муқобили фамилияи номзад, ки барояш овоз медиҳад, гузоштани яке аз се нишонҳо «+», «v», «х» рухсат дода шуд.
Инчунин меъёр дар бораи баробарҳуқуқии мақоми узви Комиссияи марказии интихоботӣ, депутатҳои Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис ва узви Сенат ворид карда шуд.
Ба ғайр аз ин, дар Кодекс ба аъзои комиссияи интихоботии дараҷаи пасттарин талаботи нав муқаррар гардид. Мувофиқи он хешу ақрабои наздик ва вакилони боэътимоди номзадҳо, инчунин шахсоне, ки бевосита ба номзадҳо тобеъ мебошанд, наметавонанд узви комиссияи интихоботӣ шаванд.
Дар ҳуҷҷат инчунин таклиф ва тавсияҳое, ки аз ҷониби як қатор созмонҳои байналхалқӣ, аз он ҷумла Бюрои САҲА оид ба институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсон ва комиссияи Венетсия пешниҳод шуданд, низ инъикос ёфтаанд. Аз ҷумла, меъёрҳое, ки  иштироки шахсони ҷинояти сабук ё ки хавфи иҷтимоиаш кам содирнамударо дар интихобот маҳдуд менамояд, хориҷ карда шуданд. Инчунин муқаррар карда шуд, ки миқдори имконпазири интихобкунандагон ҳангоми ташаккул додани ҳавзаҳои интихоботӣ набояд аз 10 фоиз гузарад. Муайян карда шуд, ки ҳангоми ташаккул додани ҳавзаҳои интихоботӣ барои интихобот ба Палатаи қонунгузорӣ Комиссияи марказии интихоботӣ ба тавсияномаҳои на ҳокимиятҳои вилоятҳо ва шаҳри Тошканд, балки шӯроҳои намояндагони халқи вилоятӣ ва шаҳри Тошкандро асос мегиранд, ворид намудани тағйирот ба рӯихати интихобот, инчунин овоздиҳии пеш аз муҳлат то се рӯзи оғози интихобот қатъ меёбад.
Таъкид кардан ҷоиз аст, ки узви фраксияи Ҳизби сотсиал-демократии Ӯзбекистон «Адолат» дар ҷараёни коркард ва қабули лоиҳаи Кодекси мазкур дар Палатаи қонунгузорӣ фаъол иштирок намуданд. Намояндагони ҳизби мо ба лоиҳаи мазкур беш аз 20 пешниҳод ворид намуданд. Ҷолиби диққат аст, ки аз ин пешниҳодҳо муҳимтаринашон дар ин ҳуҷҷат инъикос ёфтааст. Масалан, пӯшондани хароҷоти сафари вакилони боэътимоди номзадҳо аз ҳисоби маблағи барои интихобот ҷудошуда, ҳаллу фасл намудани масъалаи интихоби узви Сенат на дар асоси ҳуҷҷатҳои зерқонунӣ, балки дар доираи Кодекс аз ҷумлаи онҳост.
Кодекси интихоботӣ, ки бо ташаббуси сарвари давлатамон таҳия мегардад, дар худ тамоилҳои демократии – рӯшодӣ, шаффофӣ, адолатнокӣ, холисиро ифода намуда,  аҳамияти муҳими ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ дорад. Қабули Кодекси мазкур имконияти пеш аз ҳама ба тартиб даровардани механизмҳои иловагии амалии ҳифзи ҳуқуқи интихоботии шаҳрвандон, пурзӯр гардондани кафолати рӯшодии ҷараёни интихоботиро фароҳам меорад.
Аз ҳама муҳимаш, қабули Кодекси интихоботӣ аз ҷиҳати ҳуқуқӣ ҷорӣ намудани таҷрибаи нави пешқадамро кафолат медиҳад, ки дар мамлакатамон дар тарзи демократӣ ва рӯҳи ошкоро гузаштани интихоботро таъмин мекунад, ки омили асосии ҷараёни демократиконии минбаъдаи низоми сиёсӣ ва амиқсозии навсозии сиёсии мамлакатамон ба ҳисоб меравад.

Қодир ҶӮРАЕВ,
узви фраксияи Ҳизби сотсиал-демократии Ӯзбекистон «Адолат» дар Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон.
(ӮзА).

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: