“ҶИЗЗАХ” ЧӢ МАЪНО ДОРАД?

Ҷиззах номи шаҳр ва маркази маъмурии вилояти Ҷиззахи Ӯзбекистон буда, дар шафати дарёи Сангзор воқеъ гаштааст.

Он аз ҷумлаи шаҳрҳои куҳани Осиёи Марказӣ ба шумор меравад. Дар ин бора сайёҳ ва ҷуғрофи араб Ёқути Ҳамавӣ дар «Муъҷам - ул -булдон» ном асараш чунин навиштааст: «Дизак аз шаҳрҳои Ушрусана (Истаравшан) буда, Абдуазиз ибни Муҳаммад ал-Дизакӣ дар шаҳри мазкур зиндагӣ кардааст».

Бино ба маълумоти сарчашмаҳои боварибахш, номи қадимаи он дар асл Дизак буда, сонитар ба Ҷиззах табдил шудааст. «Дизак» калимаи суғдист ва аз ҷузъҳои «диз» ва «ак» шакл гирифтааст. «Диз» дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ» (Маскав, соли 1969, ҷилди 1, саҳифаи 369) ба маънои «қалъа, ҳисор, қӯрғон» маънидод шудааст.

Ин нукта дар китоби «Жиззах вилояти топонимлари» («Топонимҳои вилояти Ҷиззах»)-и доктори улуми ҷуғрофия, профессори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Ҷиззах Қучқор Ҳакимов низ таъкид мегардад.

Калимаи «диз» дар забони саромадони адабиёти форсу тоҷик бисёр ба чашм мерасад. Масалан, Фахрии Гургонӣ фармудааст:

Кашон аз диз ба лашкаргоҳ бурдаш,

Ба наздикону ҷондорон супурдаш.

Ё худ:

Дизи Ашкафт бар кӯҳи калон буд,

На кӯҳе буд, бурҷе з-осмон буд.

Ҳамчунин муаллифи  «Ҷо-меъ-ут-таворих» Рашидиддини Фазлуллоҳ менависад:

«Ӯ бозгашт ва ба ҳар дизе лашкаре фиристод, мутеъ шуданд ва дизҳо ба вай таслим карданд».

Калимаи «диз» дар «Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсӣ бештар дар шакли «диж» вомехӯрад, чунончӣ:

Зи дарвозаи диж яке тан бурун,

Наёмад, ҳамедун нарафт андарун.

Ҳамчунин диз ва диж дар калимаҳои «дизбон», «дижбон», (нигаҳбони қалъа ), «диздор», «диждор» (сардори қалъа) ва номи шаҳри Қундуз (Куҳандиз, қалъаи кӯҳна)-и Афғонистон мақом дорад.

Собир Эргашев,

омӯзгори собиқадор аз ноҳияи Фориши вилояти Ҷиззах.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: