Ҷо Байден эълон кард, ки аз сабқати президентӣ даст мекашад

  • Ҷо Байден эълон кард, ки аз сабқати президентӣ даст мекашад
  • Ҷо Байден эълон кард, ки аз сабқати президентӣ даст мекашад

Ҷо Байден, раҳбари кунунии Амрико эълом кард, ки номзадии худро аз интихоботи қарибулвуқӯъи президентии Амрико бозпас мегирад.

Байден гуфт, ки даст кашидани ӯ аз сабқат "ба манфиати ҳизб ва кишвараш аст". Бо вуҷуди ин қарор, сиёсатмадор ният дорад, то поёни муҳлати ваколаташ дар курсии худ бимонад.

Ҷо Байден: “Барои шумо ҳамчун президент хидмат кардан шарафи бузургтарини ман буд. Ва дар ҳоле, ки ман нияти дубора интихоб шуданро доштам, итминон дорам, ки агар ман аз он хориҷ шавам ва таваҷҷуҳамро то охири мӯҳлати боқимондаи худ барои иҷрои вазифаи Президент нигаронам, барои ҳизб ва кишвар беҳтар хоҳад буд”.

Байден ният дорад, ки ин ҳафта ба миллат муроҷиати расмӣ кунад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: