Олимпиадаи 45-уми ҷаҳонӣ, ки дар пойтахти Венгрия – шаҳри Будапешт баргузор гардид, дар баробари баҳо додан ба салоҳияти зеҳнии ҷавонони ҷаҳон бори дигар нишон дод, ки «насли тиллоӣ»-и Ӯзбекистон ҳамон дар шоҳмоти ҷаҳон дар сафи пеш қарор дорад.
Дар олимпиадаи шоҳмот мунтахаби мардонаи Ӯзбекистон дар 11 давр 9-тоашро бо ғалаба анҷом дода, дар як давра якранг бозиданд ва дар як давраи дигар имкониятро аз даст дода, бори аввал дар таърихи худ медали биринҷиро ба даст оварда ва ҳам дар байни қариб 170 мамлакат аз сафи 12 ҷамоаи беҳтарин ҷой гирифтани шоҳмотбоздухтаронамон Афрӯза Ҳамдамова, Нилуфар Ёқуббоева, Умеда Амонова, Марҷона Маликова, Нодира Нодирҷонова воқеан нируи рӯҳонии ҷавонони Ӯзбекистонро намоиш доданд.
Дар аэропорти байналхалқии Тошканд ба номи Ислом Каримов маросими пазироии тантанавии шоҳмотбозонамон, ки дар олимпиадаи 45-уми ҷаҳонии шоҳмот ба натиҷаҳои муносиб муваффақ гаштанд, баргузор гардид.
Дар ин чорабинӣ, ки вазири варзиши Ҷумҳурии Ӯзбекистон Адҳам Икромов, раиси Иттиҳоди маҳаллаҳои Ӯзбекистон Қаҳрамон Қуронбоев, саркотиби Кумитаи миллии олимпӣ Ойбек Қосимов, муовини ҳокими шаҳри Тошканд Дилдора Раҳимова, роҳбарони федератсияҳои варзиш, мураббиён ва мутахассисон, наздикони шоҳмотбозон, варзишгарони ҷавон ва намояндагони ҷамоат ҳозир буданд, роҳбари департаменти рушди иҷтимоии Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Одил Абдураҳмонов ба ҳозирон табрики роҳбари давлат Шавкат Мирзиёевро ба унвони аъзои ҷамоаи мунтахаби шоҳмоти Ӯзбекистон қироат кард.
Нотиқон – сардиректори Агентии кор бо ҷавонони Ӯзбекистон, раиси Федератсияи шоҳмоти мамлакат Алишер Саъдуллоев, соҳиби медали биринҷии олимпиадаи 45-уми ҷаҳонии шоҳмот Нодирбек Абдусатторов, падари шоҳмотбози бомаҳорат Шамсиддин Воҳидов – Пулод Товашов ва дигарон таъкид намуданд, ки шароите, ки барои ҷавонон дар мамлакатамон муҳайё гаштааст ва имкониятҳои васеъ натиҷаҳои худро медиҳанд.
Гуфта шуд, ки эътибор ва рағбате, ки зоҳир мегардад, пас аз ду сол дар олимпиадаи 46-уми ҷаҳонии шоҳмот, ки дар мамлакатамон баргузор мегардад, барои ба ғалабаҳои бузург сазовор гардидан неруи маънавӣ мебахшад.
Бояд гуфт, ки пас аз давраи 11-уми талошҳои бошиддат дар Будапешт ҷамоаи мунтахаби мардони Ӯзбекистон намояндагони мунтахаби Фаронсаро мағлуб намуда, бо 17 хол соҳиби медали биринҷӣ гардид. Дар ин росто онҳо ғолибони чемпионатҳои ҷаҳон ва ҷоизадорони он, даъвогарони тоҷи чемпионӣ аз Чин, Сербия, Олмон, Словакия, Арманистон, Озарбойҷон, Туркия, Испания, Эрон, Норвегия барин ҷамоаҳои мунтахаби мамлакатҳоро ақиб гузоштанд.
Дар талошҳои бемуросои олимпиада, ки дар фосилаи бештар аз 4-5 соат баргузор гардиданд, Нодирбек Абдусатторов, Шамсиддин Воҳидов, Ҷавоҳир Синдоровҳо аз вазъиятҳои имконнопазир роҳ ёфта, ба натиҷаи мусовӣ ноил гардиданд, ки он ба ғалаба баробар буд ва ин вазъиятҳоро шореҳон, экспертҳои байналхалқӣ эътироф намуданд.
Табиист, ки дар бораи олимпиадаи 45-уми ҷаҳонии шоҳмот дар Венгрия, дар бораи ҳар як талош, партияҳои он бисёр фикру мушоҳидаҳо изҳор хоҳанд гардид.
Дар ин бора мутахассисон, мухлисони шоҳмот, ки дар маросими пазироӣ ҳозир буданд, ҳарф заданд. Таъкид шуд, ки хусусан партияҳое, ки шоҳмотбозонамон бозӣ карданд, дар клубҳои шоҳмот, мактабҳо, гурӯҳҳои алоҳидаи диёрамон барои муҳокима арзанда аст.
Маросим ба суруду тарона, орзуҳои нек пайваст, ки дар он ба соҳибони медали биринҷии олимпиадаи 45-уми ҷаҳонии шоҳмот туҳфа гардидани автомобилҳои «BYD Chazor» ба сифати «Ҳадяи Президент» эълон гардид.
Сурури ғалаба, шодии ҳадяҳои туҳфагардида акнун дар хонаву маҳалла ва хонадонҳои шоҳмотбозонамон идома хоҳад ёфт.
Тулқин РӮЗИЕВ,
хабарнигори ӮзА.
Суратгир: М. АМИН (ӮзА).