ҶОИЗАИ АВВАЛИНИ «БАРОИ ХИДМАТҲО ДАР НАЗДИ АВРООСИЁ» БА ПРЕЗИДЕНТИ ӮЗБЕКИСТОН ДОДА ШУД

Дар пойтахти Туркия маросими мукофотонидани барандагони аввалини ҷоизаи «Барои хидматҳо дар назди Авроосиё», ки иттиҳодияи ҷамъиятии корчаллонҳои EcoAvrasya-и Туркия таъсис додааст, баргузор гардид.

Дар маросиме, ки дар вазъи мутантан созмон дода шуд, мушовири Президент Р. Эрдӯғон оид ба идеология Ялчин Топчи, вазири илм, саноат ва технологияҳо Фарух Озлу, аъзои парлумон, намояндагони кишварҳои хориҷӣ, ҳамчунин ҳайатҳои дипломатӣ ва созмонҳои байналхалқие, ки дар Анқара номнавис шудаанд, иштирок карданд. Созмондиҳандаи он раиси Иттиҳодияи EcoAvrasya Ҳикмет Эрен буд.
Тавре ки Ҳ. Эрен дар суханронии худ зикр сохт, иттиҳодия аз соли 2012-ум боз ба ҷоизаи «Барои хидматҳо дар назди Авроосиё», ки сиёсатмадорон ва арбобони машҳури иқтисодиро, ки дар рушд ва таҳкими муносибатҳои тарафайни мамлакатҳо саҳми арзанда гузоштаанд, рағбатнок менамояд, озмун баргузор мекунад. 
Озмун барои ҷоизаи «Барои хидматҳо дар назди Авроосиё» бори аввал эълон гардид. Иттиҳодия ба шахсон ва идораҳое, ки дар рушди муносибатҳои муфиди тарафайни кишварҳои қитъаи Аврупою Осиё саҳми муносиб мегузоранд, ҳурмату эҳтиром зоҳир мекунад.
Шӯрои раёсат номзадҳои гуногунро ба номгӯйи асосии «Барои хидматҳо дар назди Авроосиё» омӯхта, қарор дод, ки ҷоиза ба Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев барои ислоҳоти амиқу муттасиле, ки дар мамлакат татбиқ мешаванд ва нафақат ҷумҳурӣ, балки минтақаи паҳноварро бо суръати баланд дигаргун карда, омили асосии фаъол гардидани муносибатҳои иқтисодии қитъа мегарданд, супурда шавад. Ҳ. Эрен афзоиши бемисли муносибатҳои тарафайни Ӯзбекистонро ба мамлакатҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон, Русия, Чин, Куриёи Ҷанубӣ, Туркия махсус зикр кард. Бинобар суханони ӯ аъзои комиссия бо рӯҳбаландии азим иқдомҳои таърихии Ӯзбекистонро дар ин самт мушоҳида намуданд ва қарор доданд, ки мукофоти аввалин ба сарвари Ӯзбекистон супурда шавад.
Сарвари иттиҳодия таъкид намуд, ки ин қарор якдилона қабул шудааст.
Аз номи Шӯрои раёсат ва тамоми аъзои иттиҳодияи ҷамъиятии EcoAvrasya Ҳ. Эрен Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ӯзбекистон дар Туркияро ба саҳна даъват кард ва мукофотро дар вазъи тантанавӣ супурда, хоҳиш намуд, ки онро ба сарвари давлат ба сифати эътирофи хидматҳои бемислу таърихиаш дар назди ҷомеаи тамоми Авроосиё пешкаш кунад. 

ОИ «Ҷаҳон».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: