ҶОИЗАИ XIV МИЛЛИИ “ОЛТИН ҚАЛАМ” ДАР СОҲАИ ЖУРНАЛИСТИКА

Озмуни байналхалқӣ барои ҷоизаи XIV миллии «Олтин қалам» («Қалами тиллоӣ») аз ҷониби Иттиҳоди эҷодии журналистони Ӯзбекистон якҷоя бо Маркази бозомӯзии журналистони Ӯзбекистон ба мақсади васеъ оммавӣ гардондани беҳтарин муваффақиятҳои журналистикаи миллӣ ва байналхалқӣ, фаъолсозии мавқеи шаҳрвандии кормандони ВАО, ташаккул додани афкори танқидӣ, инчунин муносибатҳои нав дар фаъолияти эҷодии журналистон гузаронда мешавад.

Озмун ба Рӯзи умумиҷаҳонии озодии матбуот, ки 3 май ҷашн гирифта мешавад, бахшида шудааст. Матолиби озмуние, ки дар рӯзномаю маҷаллаҳо чоп шудаанд, дар  телевизион ва радио, ҳамчунин интернет-нашрҳо  эълон гардидаанд, дар давоми сол (аз 31 марти соли 2018 то 31 марти соли 2019) то 15 апрели соли 2019 қабул карда мешаванд.
Барои ғолибон ҷоизаҳои зерин таъсис ёфтаанд:
Ҷоизаи асосии миллӣ дар соҳаи журналистика
Ғолиб бо дипломи махсус, нишони сарисинагии «Олтин қалам», ҳайкалча ва мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 200 баробари музди камтарини меҳнат мукофотонида мешавад.
Ҷоизаҳои асосӣ:
Ҷоизаи миллӣ барои беҳтарин материали журналистӣ (телевизион ҷойҳои 1, 2, 3-юм);
Ҷоизаи миллӣ барои беҳтарин материали журналистӣ (радио ҷойҳои 1, 2, 3-юм);
Ҷоизаи миллӣ барои беҳтарин материали журналистӣ (матбуоти даврӣ ҷойҳои 1, 2, 3-юм);
Ҷоизаи миллӣ барои беҳтарин материали журналистӣ (интернет-журналистика ҷойҳои 1, 2, 3-юм).
Ғолибони ҷои якум бо диплом, нишони сарисинагии «Олтин қалам», ҳайкалча ва мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 160 баробари музди камтарини меҳнат мукофотонида мешаванд.
Ғолибони ҷои дуюм бо диплом, нишони сарисинагии «Олтин қалам», ҳайкалча ва мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 140 баробари музди камтарини меҳнат мукофотонида мешаванд. 
Ғолибони ҷои сеюм бо диплом, нишони сарисинагии «Олтин қалам», ҳайкалча ва мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 120 баробари музди камтарини меҳнат мукофотонида мешаванд.
Номинатсияҳо дар доираи ҷоизаҳои рағбатноксозӣ:
– барои беҳтарин материал оид ба ҳуқуқи инсон;
– барои беҳтарин материали журналистони хориҷӣ дар бораи Ӯзбекистон;
– беҳтарин фоторепортаж;
– беҳтарин хидмати матбуот.
Ғолибони номинатсияи рағбатноксозӣ бо диплом,  ҳайкалча ва мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 50 баробари музди камтарини меҳнат мукофотонида мешаванд.
Хароҷоти ба гузарондани озмуни «Олтин қалам» ва мукофотонидани ғолибони  он алоқаманд, аз ҳисоби маблағи Бунёди ҷамъиятии ҷонибдории арбобони эҷодии Ӯзбекистон  «Илҳом» пардохта мешавад. 
Инчунин шарикони миллӣ, намояндагиҳои як қатор созмонҳои байналхалқӣ дар Ӯзбекистон, мисли Созмони Милали Муттаҳид, ЮНЕСКО, сафоратхонаҳо низ мукофотҳои рағбатноксозии худро таъсис додаанд (илова мегардад).
Шартҳои озмун
Ба озмун материалҳои телевизион, радио ва матбуот, нашрияҳои интернет (на кам аз 5 асар) пешниҳод мегарданд.
Барои сужетҳои телевизион (матолиби видеои CD, DVD):  матолиби видеоии сабтшуда бояд аз 3 то 30 дақиқа давом кунад, тақдим карда мешавад.
Барои сужетҳои радио (матолиби овозии CD, DVD):  матолиб бояд аз 5 то 30 дақиқа давом кунад.
Барои маводҳои чопӣ ва интернет:  нусхаи аслӣ ( ё ки нусха) нашри даврӣ, ки дар он мавод чоп шудааст.
Ба тамоми асарҳо маълумот дар бораи муаллиф бино бар шакли зерин илова карда шавад:
– маълумот дар бораи муаллиф (объективка);
– манзил, рақами телефони мобилӣ ва корӣ;
– нусхаи шиноснома.
Маросими мукофотонӣ дар вазъияти тантанавӣ 3 майи соли 2019 дар  Рӯзи умумиҷаҳонии озодии матбуот гузаронда мешавад.
Ҷоиза ба як муаллиф такроран дода намешавад. 
Материалҳо бо навиштаи «Ба озмуни «Олтин қалам» ба нишонии зерин фиристода мешавад: 
100011, шаҳри Тошканд, кӯчаи Навоӣ, 30, Иттиҳоди эҷодии журналистони Ӯзбекистон, ошёнаи 3-юм. 
Телефонҳо: (71) 244-64-61, 244-37-87.
www.journalist.uz
***
ИЛОВАИ
НОМИНАТСИЯҲОИ ШАРИКОНИ МИЛЛӢ
Кенгаши Федератсияи иттифоқҳои касабаи Ӯзбекистон:
«Барои беҳтарин мавод дар мавзӯи муносибатҳои меҳнатӣ».
«Барои маводи беҳтарин бино бар равшан кардани масъалаҳои шарикии иҷтимоӣ».
Бунёди ҷамъиятии дастгирӣ ва рушди ВАО мустақили чопӣ ва агентиҳои ахбори Ӯзбекистон:
«Журналисте, ки дар нашрҳои чопӣ ва интернет навгониҳои минтақаҳои мамлакатамонро бо усули ба худ хос равшан намудааст»;
«Журналисте, ки дар шабакаи интернет мақолаҳои ба баланд бардоштани имиҷи мусбати мамлакат нигарондашударо тайёр намудааст»;
«Журналисте, ки ислоҳоти аз ҷониби ҳукумат бино бар муқовимат бар зидии коррупсия татбиқ шудаистодаро аз нуқтаи назари таҳлилӣ равшан намудааст».
«Мақолаҳои таҳлилӣ дар бораи лоиҳаҳое, ки ҳукумат барои оилаҳои камтаъмин татбиқ менамояд».
Номинатсияҳои шарикони байналхалқӣ
1. Намояндагии ЮНЕСКО дар Ӯзбекистон:
1. «Имкониятҳои журналистон барои дастрас намудани ахбор».
2. «Барои ҳифзи фаъолияти касбии журналистон».
2. Ҳайати Иттиҳоди Аврупо дар Ӯзбекистон:
1. «Барои маводи беҳтарин дар бораи рушди сиёсати савдои хориҷии Ӯзбекистон».
2. «Барои беҳтарин фотоҳисобот ва суҳбати видеоӣ (блог, видеофилм ё ки дигар маҳсулоти визуалӣ)», ки дар он ҳамкории байни Иттиҳоди Аврупо ва Ӯзбекистон равшан карда мешавад.
3. Идораи координатори лоиҳаҳои Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар Ӯзбекистон:
«Нақши ВАО дар мубориза бар зидди терроризм»
4. Сафоратхонаи ИМА дар Ӯзбекистон:
«Барои маводи беҳтарин дар бораи муносибатҳои Амрико ва Ӯзбекистон дар рушди иқтисодиёт».
5. Сафоратхонаи Русия дар Ӯзбекистон:
«Барои маводи беҳтарин дар бораи рушди равобити байни Русия ва Ӯзбекистон».
6. Сафоратхонаи Ҷумҳурии Туркия дар Ӯзбекистон:
1. «Барои маводи беҳтарине, ки ба масъалаҳои рушди лоиҳаҳои сармоягузории байни Ӯзбекистон ва Туркия бахшида шудааст»;
2. «Барои маводи беҳтарин бахшида ба масъалаҳои рушди сайёҳии байни Ӯзбекистон ва Туркия»;
3. «Барои маводи беҳтарин дар бораи Туркия ва маданияти Туркия»;
4. «Барои маводи беҳтарин дар бораи сиёсати хориҷии Туркия».
7. Сафоратхонаи ҶМЧ дар Ӯзбекистон:
1. «Барои маводи беҳтарин дар бораи рушди муносибатҳои дуҷонибаи байни Ӯзбекистон ва Чин»;
2. «Барои маводи беҳтарин таҳти мавзӯи «Ҳамкорӣ дар доираи лоиҳаи «Як макон – як роҳ»;
3. «Барои маводи беҳтарин дар бораи Чин».
8.Project HOPE (ИМА):
1. «Барои маводи беҳтарин дар бораи мубориза бар зидди сил» (ВАО-и чопӣ, интернет);
2. «Барои маводи беҳтарини телевизион, радио бино бар равшан намудани масъалаҳои профилактика ва табобати сил»;
3. «Барои маводи беҳтарин таҳти мавзӯи муносибати кушодадилӣ бо бемороне, ки ба сил мубтало шудаанд».
9. СҒҒ «Мулоқоти минтақавӣ» (Словения):
«Барои маводи беҳтарин бахшида ба мубориза бар зидди коррупсия».
10. DVV International (Олмон):
«Барои маводи беҳтарин дар бораи нақши ҷамъияти шаҳрвандӣ ва ВАО дар дастгирии  иҷтимоӣ ва психологии аҳолии аз ҷиҳати иҷтимоӣ ночор».
11. Агентии оид ба рушди энергетикии атомии назди Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва корпоратсияи давлатии «Росатом»:
«Барои маводи беҳтарин бахшида ба энергетикаи атоми Ӯзбекистон». 
(ӮзА).
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: