ҶОЙГОҲИ ЗАНОН ДАР ЗАМОНИ СОМОНИЁН

Зан дар Бухоро бобати эҳтиром ва ҳуқуқ дар мақоми воло қарор дошт.

Занони Бухоро дар ҷабҳаҳои гуногуни ҳаёт тавонистаанд, ки баробари  мардон ширкат ҷӯянд. Дар ин гуфта муболиғае нест. Дар рафти омӯхтани манбаъҳо  гувоҳи он гардидем, ки занон дар ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ саҳми назаррас доштаанд.
То тасаллути ислом Бухороро як оилаи маҳаллӣ идора кардааст. Муаррихон ба ӯ номи Бухорхудотро додаанд, овардааст Абӯрайҳони Берунӣ дар «Осор-ул-боқия». Тавре ки Муҳаммад Наршахӣ дар «Таърихи Бухоро» овардааст, вақте арабҳо вориди Бухоро мешаванд, мебинанд, ки ба ҷойи фарзанди ҷавонаш – Тағшода зане дар тахт нишастааст. Ӯ ба ҷойи падараш – Бедуни Бухорхудот нишаста буд. Ин занро ном  Қабҷ Хотун буд. Хотун дар Бухоро понздаҳ сол ҳукумат кардааст. Вай шеваи идоракунии худро дошт. Дар ин хусус Наршахӣ навиштааст. Овозаи шуҳрати ӯ то  Басра расида, дар саховатпешагӣ ба масал табдил ёфта буд.
Боз дар ҷойи дигари «Таърихи Бухоро» Наршахӣ овардааст, ки «Деҳаи Наршах аз ҷониби зане бо номи Сайидаи Наршах идора карда шудааст. Ин ҳодиса тақрибан дар соли 159-уми ҳиҷрӣ (776 милодӣ) ба вуқӯъ пайвастааст». Бинобар нақли Ибни ал-Асир, ҳамчунин, модари амир Нӯҳ ибни Мансур то ба балоғат расиданаш васии ӯ будааст.
Дар Бухоро то тасаллути ислом ва дар ҷараёни фатҳ мавқеи занон то ҷое эҳсосшаванда будааст, ки дар лашкаркашиҳо алайҳи душманон ширкат ҷустаанд. «Таърихи Табарӣ» гувоҳӣ медиҳад, ки занон ба шавҳарони фотеҳи худ кумак мерасонданд, дар набардҳо хӯрокашонро мепухтанд, ба туфайли занон деги шавҳарони ҷанговар «ҳамеша дар ҷӯш» буд.
Ҳарчанд арабҳо то даври тасаллути ислом низ  дар Бухоро буданд, мавқеи онҳо баъди фатҳ таҳким ёфт. Аксарияти сарбозони араб дар шаҳру деҳот монда, бо мардуми маҳаллӣ омезиш ёфтаанд. Вақте сухан аз  таҷовузи арабҳо ба Бухоро меравад, аз назар гузарондани таркиби иҷтимоии лашкар айни муддаост. Дар соли 45 ҳиҷрӣ (665 милодӣ) яке аз ёварони Холид ибни Абдуллоҳ ал-Ҳанафӣ – Рабеъ ибни Зиёд Ҳорисӣ волии Хуросон таъин гардида, панҷоҳ ҳазор оилаи арабро ба Хуросон кӯчондааст. Боз «Таърихи Табарӣ» гувоҳӣ медиҳад, ки бисту панҷ ҳазори онҳо аз Басра ва ба ин миқдор аз Куфа омада буданд. Қисмате аз ин арабҳо барои зиндагӣ  шимол – Бухороро ихтиёр намудаанд. Сипас арабҳо Ҷайҳунро убур карда, дар Бухоро шурӯъ ба ғазот кардаанд. Роҳбари лашкар дар ин маврид амир Салим ибни Зиёд будааст.
Яке аз занони бухороӣ қаҳрамонии бемисл нишон медиҳад. Дар соли 390 ҳиҷрӣ (соли 999 милодӣ) вақте давлати амир Исмоили Сомонӣ аз ҷониби Иликхон  шикаст дода мешавад, дар рӯзҳои  тороҷ ин зан амирро, то ором гардидани вазъият, дар хонаи худ пинҳон мекунад.
Занони бухорӣ, дар баробари ҷанговар будан, серҳаракат низ будаанд.
Аз ҷумла, занони амирони Сомонӣ, ки забон, адабиёт ва фарҳанги форсӣ-тоҷикӣ дар аҳди онҳо рушд кардааст, ҳамеша дар паҳлӯи шавҳарони худ будаанд. Занон бобати сулҳ бастан дар байни хусуматдорон нақши муҳим доштаанд. Никоҳ душманиро бартараф намуда, ба қаробатҷӯйии тарафҳо мусоидат менамуд. Ин навъи хонадоршавӣ  «аз-зивоҷ ас-сиёсӣ» (никоҳи сиёсӣ) баъди ҷанг ба сулҳу оштӣ замина фароҳам меовард. Айнан чунин ҳодиса дар никоҳи амир Зайд ибни Муҳаммад ибни Зайд ва духтари саркардаи Сомонӣ Ҳамуя ибни Алӣ рӯй дода буд. Ҳамчунин, ин гуна ҳолат дар соли 361 ҳиҷрӣ (соли 972 милодӣ) вақти хонадор шудани амир Мансур ибни Нуҳ ибни Наср ба духтари Издуддавла ал-Бувайҳӣ ба мушоҳида расидааст, ки дар ин бора Маскавайҳ дар «Таҷоруб-ул-умам» овардааст. Яке аз намунаҳои дигари «никоҳи сиёсӣ» ба духтари императори Хитой хонадоршавии амир Нуҳ ибни Наср мебошад.
Дар Бухоро як одати васеъпаҳншудае буд. Амир барои ба даст даровардани боварии саркардагонаш, бо онҳо риштаи хешу таборӣ мепайваст. Аз ҷумла, амир Абдумалик ибни Нуҳ бо духтари саркардаи худ – Аҳмад ибни Муҳаммад ибни Ироқ издивоҷ кардааст. Амир Нуҳ ибни Мансур духтари саркардаи худ – Муҳаммад ибни Иброҳимро ба занӣ гирифта буд.
Занони бухорӣ аз он ки бо худу дин ва фарҳанги худ ифтихор доштанд, бо нафарони номуносиб издивоҷ намекарданд. Дар соли 102 ҳиҷрӣ (720 милодӣ) вақте як заминдори калон бо зане издивоҷ кардан мехоҳад, зан, бино бар он, ки заминдор аз дигар қавм аст, пешниҳоди ӯро рад менамояд. Ҳамчунин, духтари Наср ибни Аҳмад, бино бар он, ки мусалмон аст, аз даромадан ба никоҳи шоҳи Хитой саркашӣ мекунад. Никоҳ бо роҳи муайяни исломӣ тавассути фақеҳу қозиён ба вуқӯъ мепайваст. 
Бинобар далолати Рисолат ибни Фазлон, бухориён чун нишони эҳтиром ба зан, тасмим гирифтаанд, ки маҳрро бо дирҳам пардозанд. Зеро дирҳам арзиши баланд дошт.
Амирон ба ҳарамҳои худ беэътибор набуданд, онро дар ҳавлиҳои махсус месохтанд ва ба ҳарамҳо танҳо шахсони ба амир наздик (хосон) даромада метавонистанд.
Бухориён, мисли мусалмонони дигар, шаъну шарафи худро ҳифз менамуданд, ба он бефарқ набуданд. Ҳатто яке аз бухориён дар шаҳр барои таҳқир ҷавонеро мекушад. Дар байни бухориён занони оқилу бурдбор кам набуданд. Онҳо хатои шавҳарони худро бо панду насиҳат ва зарофатгӯиҳо ислоҳ намудаанд.
Занони Бухоро дар бахши фарҳанг низ фаъол будаанд. Сайида бинти қозӣ Абузарр ал-Бухорӣ  аз бобояш Имом Муҳаммад ибни Исмоил ал-Бухорӣ ҳадис ривоят мекард. Аз ӯ бухориёни зиёде ҳадис ривоят кардаанд, ки дар ин бора Ибни Мавло нақл кардааст. Зани фақеҳи бузург – Абуҳафс ал-Кабир ал-Бухорӣ ӯро насиҳат мекард ва фикрашро ислоҳ менамуд. Рӯзе фақеҳи бузурги ҳайратзада ба занаш гуфтаст: «Эй зан, тире андохтӣ, ки сӯрох кард».
Дар байни шоирҳои дарбори Сомониён будани шоира Робиа бинти Каъб ал-Қаздория далели он аст, ки занони бухорӣ дар  шеъри форсӣ-тоҷикӣ низ тавону салиқа доранд.
Занони Бухоро ба мақоми олӣ низ ноил гардидаанд. Бино ба гуфтаи Ибни Ҳавқал ва Ал-Истахрӣ зане бо номи Ҳамдуна дарёи Навкандро ба самти хонааш гардонда будааст. Ӯ яке аз занони сарватманд буда, мулкашро ба некӯкорӣ сарф мекард. Аз ҷумла, яке аз кӯпрукҳои Бухоро ба шарафи ӯ «Пули Ҳамдуна» номида мешуд.
Амирони Сомонӣ ҷория ва ҳарамро зиёд кардаанд. Ҳатто яке аз амирон ҳазорҳо ҷорияю ҳарам доштааст, омадааст дар «Осор-ул-аввал»-и Ал-Ҳасан ибни Абдуллоҳ.
Вазир Абуабдуллоҳ ал-Ҷайҳонӣ ҳамеша гуфтӣ, ки зан бояд оқила бошад ва ин суханонро сари чанд вақт такрор мекард: «Ҷамол-ул-маръати фи ақлиҳа» (ҳусну ҷамоли зан дар ақли ӯст).
Баъзеашон шефтаи ҷорияҳои худ гардида, бо онҳо издивоҷ мекарданд ва баръакс, ба хидматгори тобеони худ табдил меёфтанд. Нуқтаи назари марди Шарқ ба зан мисли пештара боқӣ мондааст. Маънии байти шоиреро ин ҷо метавон овард, ки фармудааст: «Аҳли идора дар назди ду чиз: идораи раъйи занон ва ҷавонон оҷизанд. Агар майлу ҳавои занон нафс бошад,  ҷавононро наметавон ҷилавгирӣ кард».

Комилҷон РАҲИМОВ,
ходими калони илмии Пажӯҳишгоҳи 
шарқшиносии
ба номи Абурайҳон Берунӣ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: